Тоҷикистони азизам, чашми бадхоҳонат кӯр бод

Тоҷикистон меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,

Офтоби шӯълапошат соя бар сад гулшан аст.

Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модараон

Мардуми меҳмонавозат фахри даврони ман аст.

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмеҳру дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон мавзеъ гирифтааст.

Ба рохи Ватан чон фидо мекунем,

Ватан харчй гуяд, адомекунем.

Ватан, зери ин панҷ ҳарф тамоми зиндагиву ҳаёт ва орзуву ормони ҳар фард таҷассум ёфтааст. Ватан маконест, ки сарнавишту қисмати ҳар як инсон, орзуву ормонаш дар онҷо нуҳуфтааст.Ватан сарзаминест, ки инсон ба онҷо таваллуд мешавад ва чашм ба ҳасти мекушояд.Инсон ба ҳар зарра хокуҳарқaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он лаҳзае наметавонад нафас гирад. Myxaббат ба Ватан асосан дар давраи кудаки зохир шуда, минбаьд ташакул меёбад. Вале имрӯз мо мебинем ва дарк мекунем, ки баъзе афроди нохалаф, ки хунашба ин хоки муқаддаси Ватан рехтаву он давраҳои кӯдакиаш дар домони ин марзу бум бунёду такомул ёфтааст вале ноҷавонмардониимрӯз берун аз Ватан санги маломат ба ин сарзамин ҳаво медиҳад, ки бас амали номардонаест, ки таърих ҳатто лаънаташ мекунад.Ватандори аз рӯзи чашм кушодани ҳар шахс оғоз мегардад, ки бояд ин масъулиятро бо сарбаланди ва якдиливу тавонои бар дӯш гирад. Чуноне, киҲаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандустӣ ва адолатхоҳи шҳифзи Ватаро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ, кикишварбадушмандиҳем.

Аммоимрӯз мо борҳо шоҳиди он афроди нохалафу ноҷавонмард мегардем, ки муқадасоте чун Ватан барояшон арзише надорад ва он ҳамаро нодида мегирад. Амалкарди баъзе афрод, ки ба хотири хоҷагони хориҷиашон тамоми арзишҳоро зери по задаанд хеле амали ноҷавонмардонаву разилонаест, ки ҳеҷ тасаввуроти инсони боақл наметавонад ин рафторро қабул намояд.

Дураз Ватанигар ба ӯ санг занӣ,

Ҳам хоину ҳам нокасу ҳам Аҳриманӣ,

Дар асл далели ин байт имрӯз барои мо тоҷикон равшан аст. Аз берун истода ҳаммилатони мо ғаразонаву ҷоҳилона санге ба сари ин миллат мезананд, ки нишонгари ҷоҳилону разилон аст. Ин афрод камтар аз як хоину нокасу Аҳриман нестанд ва ҳастиашон миллатфурӯшиву ватанбадбинист.

Таъкид ба ин нохалафон мекунем, ки пешрафти Тоҷикистонро дидан намехоҳанд аз ҳар куҷо ба сӯи Ватани азизи мо санг мезананд. Мо афроди шуҷову далери ин сарзамин намегузорем ки ба нияти нопокатон расида бошеду ба як зараи хоки Ватанамон чашму дасти нохалафонаи Шумо расида бошад. Ватани азизи мо лоиқи чунин хоинон нест, ки дасту пои разилонаашон ба ин марзи пок расида бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ