Тоҷикистон рушд меёбад

(Изҳороти омӯзгори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Ҳоҷибоева Р.М.)

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи сиёсии ҷаҳон чун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва рушдкунанда аз ҷониби зиёда аз 150 давлати ҷаҳон эътироф гардидааст, кидар он саҳми Пешвои миллат беназир аст. Душманони давлату миллат бо ҳар баҳона мехоҳанд, вазъи сиёсии кишварро ноором созанд, аммо ин ба онҳо даст намедиҳад, зеро ҳар як сокини кишвар имрӯз ба қадри замони тинҷи ором ва зиндагии хубу осоишта мерасад ва қадр мекунад.

Ҳар як сокини кишвар шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ карда, бояд зидди ҳама гуна гирдиҳамоӣ ва бахусус, гирдиҳамоиҳои беасосу бадхоҳона бояд ибрози назар намояд, онро маҳкум ва аз оќибатҳои манфии он мардумро огоҳ намояд.

Мо устодонҷонибдори амнияти кишвар ҳастем. Зеро сулҳу салоҳ ин нишонаи ободиву осудагии мардуми саодатманди кишвар аст. Дар навбати худ мо кулли устодони факултаи педагогӣ дар дарсҳои соати тарбиявӣ дар байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ