Изҳороти Муҳаммадизода М.Б., омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби неҳзати исломӣ ҷонибдорони ин ҳизб бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Ҷонибдорони ин ҳизб тарафдори онанд, ки бо ҳар гуна роҳ бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот намоянд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамеша ҷонибдори хоҷагони хориҷии хеш буда бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилии ҷониби мухолифини кишвар ва махсусан роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион аҳолии мамлакат гуреза шуда буданд.
Мардуми тоҷик имсол ҷашни 22-солагии Ваҳдати миллиро бо тантана таҷлил намуданд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии мамлакат дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ зиндагони мекунанд. Аммо онҳое, ки дар натиҷаи хиёнат ба Ватан ва халқи худ бесарпаноҳ мондаву дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд, пешравию тараққиёти босуръати кишвари худро нодида мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд манфиатҳои сокинони худроҳифз менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи мухолифи ҳукумат ё терррористоне, ки бо айби онҳо шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданд ва ҷони худро аз даст додаанд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шаванд. Гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд аммо сарварони “Паймони миллӣ” даъво доранд, ки гуноҳи ҷонибдорони онҳо бахшида шавад.
Аз якум то сеюми июли соли ҷорӣ дар иҷлосияи 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсариябаргузор гардид. Дар рӯзи якуми ҷаласа ҷонибдорони “Паймони миллӣ”аз сабаби ноарзанда ва хоин буданашон барои иштирокашон дар ҷаласа иҷозат дода нашуд. Ин дар мавридест, ки ҷонибдорони паймон аз ҳуқуқҳои сиёсиву маънавии хеш изҳори нигаронӣ доштанд. Дар ҷаласа рӯзи дуюми июлвазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори Генералии мамлакат Юсуф Раҳмон иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа ҳайати Тоҷикистон ба тамоми саволҳои пешниҳодгардида ба таври муфассал ҷавоб доданд. Аз ҷумла Прокурори Генералии Тоҷикистон доир ба манъ гардидани фаъолияти ҲНИ чунин ҷавоб гардонид, ки бо сабаби даст доштан ба ҷинояти хусусияти террористидошта ва шарикӣ ба амали зиддидавлатии генерали хоин Абдуҳалим Назарзода фаъолияти ин ҳизби мардумфиреб қатъ карда шуд. Аммо роҳбари “Паймони миллӣ” дар ҷавоб ба саволҳои хабарнигорон қайд намудааст, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳадгардида ҷавоб дода натавонист. Ин дурӯғи маҳз аст, чунки ҳамаи ҷавобҳои пешниҳодгардида аз он дарак медод, ки Ҳукумати кишвар ба ягон амали зиддиқонунӣ даст назадааст ва дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол намегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми оинномаҳои байналмилалиро пурра риоя менамояд. Ҷонибдорони “Паймони миллӣ” аз он нигарони доранд, ки ҷавобҳои мушаххаси ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон боз як бори дигар дар ҳузури иштирокдорони ҷаласа симои манфури тарафдорони паймонро фош намуданд.