Тинҷию осоиштагӣ шиори мо

Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон пас аз 27 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, ба пешвози 30 солагии он бо ободию созандагӣ, илму фан, сохтмонҳои азими бузурги истеҳсолӣ, пешравиҳо, сохтусозҳои конструктивӣ дар асоси нақшаи дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳти роҳбарии эҷодкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сол ба сол рӯй ба тараққиёт ниҳода истодааст.

Аз ҷумладар кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонбо нишасти сарвазирони аъзои СҲШ (Созмони Ҳамкориҳои Шанхай) дар сатҳи олӣ, бо меҳру муҳаббати баланди фарҳангӣ,санаи 16 ноябри соли 2018 бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Афғонистон, Покистон, Белорус, Украина, Узбекистон, Қазоқистон Қирғизистон ва дигар давлатҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ Агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба кор дароварда шуд, ки ин ҳама муваффақиятҳою пешравиҳо барои ояндаи Тоҷикистон ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонони оянда, баҳисоб меравад.

Аз ғамхориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кишвари Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ Созмони миллали муттаҳид обрую нуфуз пайдо намуд, ки мо тоҷикон дар ҷаҳон бештар муаррифӣ шуда, иншоотҳои бузурги санати нақлиёти ва энергетикӣ муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босур бунёд ёфта ободию зебогардонии диёри азизамон дар сатҳи баланд ба пеш рафта истодаанд.

Шахсони ғаразнок дар таҳти Ҳизби наҳзати Ислом худро нишон дода, бо роҳи иғвогарию туҳмат мехоханд дунёро нотинҷ созанд.

Чихеле, ки мо аз хабарҳои ҷаҳонӣ ва оинаи нилгун дида, ба хулоса меоем, ки чунин шахсон барои манфиати худ кор бурда истодаанд. Чунин шахсон бо корҳои ношоистаи худ ҷазо гиранд.

Барои ҳар як оила тоҷик Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон сулҳу осоишта ба сар овард, аз лиҳоз Тоҷикистон «Ватан-модар»-ро ҳимоя мекунем, обод мекунем, дӯст медорем. Ватанамонро дар байни ҷаҳониён машҳур намуда, бо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон фахр мекунем.

Дар Тоҷикистони азизи офтобрӯ ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошад, оромию тинҷӣ бошад!

Профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва

ҳунарҳои халқӣ Шералиев С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ