ТЭТ ҲНИ САҲА-ро даргоҳи умеди худ медонист, аммо дар он ба шикаст дучор шуд!

Имрӯзҳо дар Варшаванишасти САҲАбаргузор гардида истодааст, ки дар оннамояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доранд. Яко яки онҳо бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои худ оид ба маъалаҳои мухталиф баромад намуда, аз ҷониби иштирокчиёни давлатҳои дигар хуб пазируфта шуда истодаанд.

Дар ин нишаст иштироки аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки имрӯзҳо бо ном “Паймони миллӣ” фаъолият дорад ва гурӯҳи дигари бадхоҳи миллати тоҷик бо ном “Гурӯҳи 24” тааҷубовар аст. Зеро, ки ҷаҳониён аз фаъолияти ғаразноку нияти нопоки ин ташкилотҳо бохабар аст ва хуб ҳам дарк намудаанд, ки онҳо ягон фоидае барои Тоҷикистону тоҷикистониён надоранд. Пас суоле ба миён меояд, ки барои чӣ САҲА онҳоро барои иштирок дар ин нишаст иҷозат доданд?Аз ин ба кори САҲА оё баҳои мусбӣ додан мумкин аст? Албатта не!

Дар нишаст намояндагони гурӯҳҳои мухолифи Тоҷикистон оид ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳарф мезананд, ки мақсади асосии онҳо ин ҳам бошад озод намудани зиндониёни сиёсист.

Чуноне, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: “Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад” , пас ҳар он шаҳрванде, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ дорад дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои аз тарафи давлат интишоршуда побанд аст ва бояд онҳоро эътироф намояд. Ҳар он касе, киаз он берун меояд ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки ин мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои ҷаҳонист.

Аз ин рӯ САҲА бояд дарк намояд, ки ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24 гурӯҳҳои хатарноки ҷомеа мебошанд ва ҳамеша кӯшиш менамоянд бо ҳар роҳу восита шаҳрвандонро ба доми худ кашида гумроҳ созандва бо ин роҳоромӣ ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба нияти нопоки худ нахоҳанд расид, зеро халқи тоҷик дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, сиёсати хирадмандонаву одилонаи ин шахси бузургро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Намегузоранд, ки ин гуна гурӯҳҳои нохалаф оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созанд.

Изҳороти кафедраиумумидонишгоҳии сиёсатшиносии МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ