ТЭТ ҲНИ- сарчашмаи терроризми байналмилалӣ
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш изҳор доштанд, ки чараёнҳои ифротӣ имрӯз дар олам арзи вучуд доранд, на ин ки худашон, балки ҷонибдоронашон низ ба зарарҳои калон рӯ ба рӯ мешаванд. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки «Рӯйдодҳои охирини ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндарачаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд»
Қобили таваҷҷӯҳ аст, вақтҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд, зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар амалҳои зишт даст задани Ваҳҳобиёнро мо аз маълумотҳои таърихӣ огаҳӣ дорем, таълимоти ваҳҳобия аз замони ба вуҷуд омаданаш харобгару ифротгаро будааст.Таълимоти ваҳҳобият дақиқан ҳамин матлабро талаб мекунад, ба хамин хотир ҷавононе, ки дар Давлати Ироқу Шом ширкат доранд, аксарият фикри ваҳҳобгарӣ мепарваранд.
Ваҳҳобия - фирқаи динӣ ва ҳаракати иҷтимоӣ, ки дар охири асри 18 дар мамлакатҳои Араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1787). Таълимоти асосии ваҳҳобияро тарғибу ташвиқи ягонагии Оллоҳ-тавҳид ташкил медиҳад. Мувофиқи ақидаи ваҳҳобиён танҳо Худо холиқи олам буда, чизе ва касе ба ӯ баробар шуда наметавонад. Бо тоъату ибодат танҳо Худо сазовор аст.Аз ин ҷост ки Ваҳҳобия ба дигар одатҳои ислом ; авлиёпарастӣ, ҳаҷ, қурбонӣ (ғайр аз худоӣ баҳри Худо), дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо ҳамчунин бо пӯшидани либосҳои шоҳӣ, нӯшидани машрубот, кашидани нашъа, мусиқӣ, рақс ва ғайра зид баромада, онҳоро навъе аз бутпарастӣ мехисобид. Тамоми ашхоси ба ин унсурҳо пайравро кофир ва сазовори қатл медонист ва ба муқобили онҳо ҷиҳодро раво дониста, пайравони мазҳаби худро на ба номи қабила, балки ба номи ихвон (бародар) хитоб мекард. Аз байни тамоми навиштаҷоти динӣ танҳо Қуръон ва суннатро сарчашмаи асосии дини ислом меҳисобид.Ваҳҳобия баъд аз дини давлати Арабистони Саудӣ (1920) эълон шудан, ба идеологияи феодалҳои араб табдил ёфт. Ваҳҳобиён ҳоло ғайри давлатҳои Араб дар Афғонистон, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Африқо таъсир дорад.
Маврид ба зикр аст ва аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд асри 20 идеологияи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ки идеологияи давлатӣ ва расмӣ дар аморати таъсисёфтаи шоҳаншоҳии Арабистони Саудӣ мебошад, аз Мароккаш то Индонезия, Русия, Осиёи Миёна ва Кафкоз паҳн мегардад.Ақидаи Муҳаммад ибни Абулваҳҳоб, ки эътиқод ба такфир ва мушрик донистани онҳое, ки пайравии нақида нестанд, солҳои 1970-ум бо суръат ба хориҷи Арабистон паҳн мегардад.Солҳои 1970-1980-и асри 20 ҳизбу характҳои исломӣ, ки бар ҳукумати оппазитсионӣ муҳолифин буданд, эътиқоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро асоси идеологияи худ қабул мекунанд.Солҳои 1980-1990 гурӯҳи экстремистии «Толибон»дар асоси ин идеология дар Покистон, баъдан дар Афғонистон ташкил карда мешавад. Бо дастгирии Арабистони Саудӣ толибони Афғонистон бар зидди ҳукумати дар Кобул нишаста ҷиҳод эълон мекунанд.Ҳамин тариқ идеологияи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо номи ҷараёни ваҳҳобия дар ҳизбҳои экстремистӣ дохил карда мешавад.
Аз солҳои 1990 сар карда дар иттиҳоди Шуравӣ, Аврупо, Амрико, Австралия, Африко идеологияи ваҳҳобия дар байни мусалмонҳои ин кишварҳо паҳн шудан гирифта.баъд аз барҳам хӯрдани иттиҳоди Шуравӣ ҷараёни фаъолияти худро дар Тоҷикистон низ оғоз мекунад.
Олими таърихшиноси ислом Малашенко А.В. дар китоби худ “Вахабизм - Вахабисти, история и современность” гуфтааст: “Вахабизм это частное проявление салафистической традиции. Вместо с тем это одна из форм экстремистического направления в рамках салафистического ислама»Баъд аз солҳои 2000-уми асри гузашта ваҳҳобиён худро бо номи «Салафӣ» ё «Салафиён»эълон карданд.Сохтори ҷараёни «Салафия» чунин ҳастанд: Гурӯҳ, Форпост (пешво, мудир) Ҳудуд (территория, пласформ), Лагерҳо, Институт ва донишгоҳ, Марказҳои координатӣ дар давлатҳо.
Бо роҳи сохтори ҷараёни «Салафия» онҳо мехоҳанд ақида ва идеологияи худро дар тамоми дунё паҳн намоянд.Чи хеле ки аз баҳси мухтасар ба мо маълум гардид ҷараёни салафия ва ваҳҳобия ҳарду як ҳастанд.Гуфтан бамаврид аст, ки аз пешвоёни ваҳҳобия аввалин шахсе, ки ин равияро ба мардум пешниҳод ва паҳн мекунад, Муҳаммад Рашид Ризо (1865-1935) мебошад.
Аз ҷиҳати идеологӣ – фиқҳӣ ҷараёни Салафия, чамоати Ихвон-ул-муслимин (братя мусулмани), Наҳзати Ислом ва Ҳизб-ут –таҳрир ва ҳизбу характҳои зиёдеро метавон ба як дарахте монанд кард, ки як реша дорад.Онҳо дар дунё шохаҳои худро ронданд ва бо кӯмаки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мазҳаби шиъа мусолаҳат доштанд. Баъдан бо кӯмаки Арабистони Саудӣ муомилаи Ихвон-ул –муслимин бо шиъа дигар гашт. Аз ҷумла, Ҳизби Наҳзати Ислом, ки шохаи ихвониён аст, дар сиёсати Ихвониҳо ҳамеша ин тамоюли гуногунрангӣ дида мешавад.
Ин тамоюли бегонапарастӣ, бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишри солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маъмул буда, халли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки Салафияи сиёсигарӣ баъди соли 2011дар Мисри Араб зуҳур ёфт, он аз як чанд гурӯҳҳои Салафия ташкил ёфта, дар бозиҳои сиёсӣ иштирок кардааст.Ин дигаргуншавии ваҳҳобият ва салафият амиқ рафта, хатари калон дорад.Ин ҳаракат барои идоракунӣ ва дигаргун кардани низомҳо дар минтақаҳои зиёди мусалмоннишин мусоидат мекунад.
Мақсад ва мароми ҷараёни салафия ба фундаментализм даъват ва ташвиқот бурдан аст.
Бояд тазаккур дод, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ чомеъаи ҷаҳониро нигарон кардаанд.Махсусан дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо фазои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд.Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки дар назди Худованди бузург ин амалҳои зишт мутобиқ ба оятҳои муқаддаси китоби «Қуръон» гуноҳ ва нобахшиданӣ мебошад.
Қобили таваҷҷӯҳ ва аз сомонаҳои хабарӣ бармеояд дар мувофиқат ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай манъ аст.Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст.Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмонҳои террористӣ монанди «Ал-Қоида», Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ҳаракати Толибон» Салафия»»Бародарони мусалмон»ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳо душмани дини ислом маҳсуб меёбад.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви Ташкилоти экстремистӣ террористӣ (ТЭТ) Ҳизби назҳати Исломии (ҲНИ) барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб –ут – Таҳрир» «Ҷамоати таблиғ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида дар ҷустуҷӯии Интерпол эълон шуда буд.
Аз ин рӯ омадааст дар яке аз суханрониҳои Сардори давлат «Алайҳи чунин падидаҳои номатлуб мубориза бурда, танҳо дар якҷоягӣ, ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ метавонем кишварамонро боз ҳам ободу хуррам гардонида, дар арсаи ҷаҳонӣ мусбат муаррифӣ намоем».
Бояд ёдовар шуд ҷаҳони имрӯза ҷаҳонест, ки сияҳкорон ба таблиғи ҳама гуна идеологияҳои тахрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният ҳисси бадбинӣ, нафрат, миллатгароӣ ва қадр накардани арзишҳоро ба вуҷуд оварда, ҷомеаи инсониро носолим мегардонад ва ҳуқуқҳоямонро поймол мекунанд. Ва барои амалӣ кардани барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худ ҷӯёи он роҳҳо мешаванд, ки тавонанд тавассути истифода аз онҳо ба мақсадҳои ниҳоии худ расанд. Дар ин маврид дар мадди аввал ташкилотҳое, ки ҳадафашон тамоюли террористӣ ва ифротгароидошта , фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра маъмнӯъ аст, ба мисли «Ал- Қойида», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳизби исломии Туркистон, «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра, ки теъдодашон аз даҳ зиёд аст , мебошанд.
Ҳадафҳои нопок ва ғаразноки ин ҷамоатро моҳи майи соли 2012 Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои тундгарои динӣ –- экстремистӣ ва террористии «Ҳизби таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати Таблиғ» як маром ҳисобид. Имрӯз мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, зудбоварона ҳар гуна ақидаҳоро пазируфта ба идеологияи ифротгароёна нагаравем.
Бо таассуф ёдрас мешавем, ки имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри ин сарзамини бароямон муқаддас, ин обу хоки пок, ин кишвари биҳиштосо мерасанд.
Чӣ тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ ва садову симо огаҳӣ дорем бархе аз ҷавонон (аксари онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд) бо сабаби ноогоҳӣ ва паст будани донишҳои сиёсӣ ба ҷараёну равияҳои тундгаро шомил гашта, ҷавонии худро қурбони сиёсати як гурӯҳ ашхоси бадхоҳ мегардонанд.
Мафҳуми ифрот ва ифротгароӣ, ки истилоҳи байналмилалии экстремист ва ё экстремизм мебошад, ҳамчунин ифротгароӣ як навъи амалест, ки тариқи зӯроварӣ ишғол кардани Ҳокимият, ворид намудани халал ба фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ, таҳдид кардан ба амнияти ҷомеа ва ғайраро дарбар мегирад.
Мо бояд аз сабабҳои ҷанги таҳмилии бо истилоҳ бародаркуш сабақ гирифта, хулоса намуда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ба дарки амиқи ин арзишҳои маънавӣ, маънову мақсад ва аҳамияти он бештар маълумот дошта, чун шахсони сарбаланд огоҳонаву масъулиятшиносона ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоврадҳои нав ба нав зам намоем.
Оре, мо халқи шарафманди тоҷик бояд худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва арзишҳои миллиамонро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Бо назардошти ваъзи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри Сулҳу Ваҳдат оромиву субот ва осоиштагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд. Аз ин лиҳоз, мо ҳалқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ нарасад.