Терроризми байналмилалӣ

Мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, алайҳи ин вабои аср дар Тоҷикистони соҳибистқлоли мо низ тадбирҳо меандешанд.

Мардуми мењанпарвар ва мењнатдўсти мо имрўзњо шукргузор аз он њастанд, ки дар замони Истиқлолият ба сулњу оромї расидаанд.

Дар тамоми кишварњои ҷањон аз ибтидои асри XXI ба хатари ҷиддӣ “Терроризми байналмилалӣ” хатар эҷод кардааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоти маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тољикистони мо низ дорад. Њарчанд ин зуњуроти номатлуб, яъне терроризм њамчун њаракати ифротгаро њисобида шуда, ба воситаи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд мањкум гашта истодааст, вале боз њам ҷалб гаштаи љавонони гумроњ ба ин равияњо ба мушоњида мерасад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борњо таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, устодон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизомодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгириву ҷонибдорї мекунем. Мањз сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олї тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад.

Садорати факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ