Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин буда, дар шакли содирнамудани кирдорҳои қасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ, ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок зуҳур меёбад.

Экстремизм низ ҷинояти махусан вазнин буда, дар содир намудани кирдорҳои бо роҳи маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва халалдорсохтани ягонагии давлат, зарар расонидан ба амнияти давлатӣ, ғасби салоҳияти ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкил кардани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин, муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст, зоҳир мегардад.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз давраҳои қадим бо усулҳои гуногун содир мешуданд. Охирҳои асри XX дар қатори дигар мушкилот терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки глобалӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои ғаразноки худ ба кирдорҳои гуногуни даҳшатнок, ба монанди бо ваҳшоният ба қатл расонидани одамони бегуноҳ даст зада ҷомеаи ҷаҳониро ба нооромӣ мувоҷҷеҳ месозанд.

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва эктремизм зуҳуроти номатлуб ва хатарафзо буда, ба ҷомеа, амният ва устувории давлат таҳдид менамояд. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳоҷат ба баёни амалҳои бераҳмонаи террористӣ дар Бали, Филиппин, Яман ва манотиқи дигар нест. Имрӯз терроризм ва экстремизм ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдид мекунад. Бинобар ин, кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии террористону ифротгароён чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузориро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатбор такмил диҳанд.

Боиси зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ шудааст. Стратегияимазкур ҳамчун санади хусусияти барномавӣ дошта, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Вазъи мураккаби байналмилалии муосир, таҳдиду хатарҳои нави терроризм ва экстремизм моро водор месозад, кибарои пешгирӣ ва решакан кардани ин хатари аср сарҷамъона бомақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мубориза барем.

Ӯлмасова М.

сармуаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ