Терроризм ва экстремизм муаммои зудҳалнашавандаи ҷамъияти муосир
Терроризм ва экстремизм чунон муаммои мустаҳкаме дар ҷамъияти муосир гардидааст, ки барои ҳалли он тамоми мардуми олам ба по хестаанд.
Бале, ба по хестаанд зеро ин муаммо чунон муаммоест, ки на танҳо чор ё панҷ давлатро балки тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Барои ҳалли ин муаммо давлати мо Тоҷикистон бо роҳбаладии Пешвои миллати худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешқадам буда то имконият дорад зидди ин падидаҳои барои ҷамъият бегона мубориза бурда истодааст.
Пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала дар Паёми охирини худ чунин гуфта буданд; “Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.
Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд”
Ин суханҳои Пешвои миллат суханҳои дили на танҳо миллати тоҷик балки миллатҳои тамоми дунёро ифода менамояд.
“Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст”.
Ҳамин тавр вазифаи аввалини сиёсати ба пеш гирифтаи кишвари мо роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар ва ба чорчӯба даровардани вазъи сиёсиву низомии мамлакат мебошад. Маром ва мақсади терроризм ва экстремизм афрӯхтани ҷангу низоъ, қатлу куштори одамони бегуноҳ, пойдор намудани қашшоқиву бенавоӣ, касодии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми бегуноҳ мебошад.
Мақсад ва мароми терроризм ва экстремизм бо гуфтаҳои дар боло сабт ёфта ба анҷом намерасад. Терористон ва экстремистон ҷаҳони моро ба марҳалаи ҷанги сард табдил дода пойдевори ҷанги сеюми ҷаҳонро гузоштанианд. Пуштибонҳои онҳо ки хеле зиёданд ва аз кӯчаи одамигарӣ нагузаштаанд ҳамеша аз паи таъмини терористон ва экстремистон буда ягон касбро доро нестанд ва агар дар ҷамъияти одамони муосир зиндагӣ карданӣ бошанд умуман қудрати шуурашон ба он намерасад яъне онҳо камшуури беандеша ва тайёрхӯру одамкушанд.
Дар васфи онҳо чӣ қадар суханҳои ноҷоя гӯем ҳам онҳо бетаъсиранд, яъне шуури муосирро онҳо доро набуда бешууру бераҳманд. Ин гуфтаҳоро дар ҳар дарсҳои худ мо бо омӯзандагони худ мегӯем ва мефаҳмонем. ки ба доираи чунин қабил одамони ҳайвомиҷоз афтанд на танҳо худро балки ҷамъиятро аз онҳо барои халос намудан кӯшанд.
Саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Комилова М.