Терроризм ва экстремизм-хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошт, ки монеаи ташаккул ва рушди ҷомеаи ороми ҷаҳонӣ гардид. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала, ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат чораҳо андешида, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд.Воқеан, имрузҳо таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони исломӣ таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста гардидааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши асосии онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа барои муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ мерасонад. Ин падидаи манфӣ имрӯз, яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда шудааст.

Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол карда истодааст.

Имрӯзҳо аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё то рафт паҳн гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хавфу хатар ва натиҷаҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо дар зери таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарордошта ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа аст, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан бо ҳадафҳои нопоки худ ва тарғиби тундгароӣ дар ҷомеаи динию мазҳабии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта гардидааст, вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки аз он Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беканор намондааст.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ дошта, мубориза бар зидди он - ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳуротҳо сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои номатлуб лозим аст. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд,ки натиҷаҳои ногувори он амалӣ нагардад. Бо ин мақсад, аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)"ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуротҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Бобоева Н.Б. сармуаллимаи кафедраи электроника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ