“Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуротҳое мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли инсоният таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байлалмиллалиро ба миён оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти ногувор таърихи дерина дошта, дар ҳар замоне аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатталаб ҳамчун аслиҳа ва воситаи амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ истифода бурда мешавад ва дар асри нав симои нав ва масъалаҳои навро бо худ оварда истодааст.

Дар замони мо ин зуҳурот бо шеваву шакли нисбатан муосир зуҳур карда, хатари ҷиддӣ ба миён овардааст. Бо баробари рушди босуръати техника ва инкишофи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ тарғиби ғояҳои ифротгароӣ осон гардида, чунин раванд тақозои онро мекунад, ки дар муқовимат ба ифротгароӣ аз усулҳои нав кор бигирем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари мавридҳо бештар шахсони ноогоҳ тавассути ҳамин шабакаҳо ба доми мубаллиғони гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ меафтанд. Бинобар каммаърифатӣ ва ё паст будани сатҳи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ё динӣ махсусан ҷавонон фирефтаи андешаҳои ифротӣ мегарданд. Намояндагони терроризм ва экстремизм дар аксари маврид зеҳни ҷавонони камтаҷрибаро бо тарғиботи ҳимоят аз арзишҳо ва муқаддасоти динӣ фирефта, дар асл онҳоро барои анҷоми мақсадҳои номатлуби худ истифода мебаранд. Дар асл барои ҷавононе, ки барои молу сарват даст ба қатли инсону хароб кардани ҷаҳон мезананд чизи муқаддасе вуҷуд надорад.

Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ боиси харобиву куштор, ғоратгарӣ, гаравгирӣ ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Мутаасифона имрӯзҳо ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротию терористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо ба қайд гирифта шудааст.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияҳои нав босуръат рушд намуда истодааст. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи замин, аз он ҷумлақисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун роҳи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаиаз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои тундгаро аз қабили “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко- Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли онҳо аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчун ташкилотҳои терористӣ- экстромистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомадҳои ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд, барои пешгирӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Бинобар моро лозим аст, ки масъалаи терроризм ва экстремизмро кори саҳлу содда напиндорем ва барои ҳалли ин мушкилот бо тамоми қудрату тавоноӣ мубориза барем. Аҳли ҷомеъа, падару модарон кормандони соҳаи маориф ва умуман ҳамаи шаҳрвандонро зарур аст, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андеша намоем.

Дар факултети физикаю техникаи муассисаи давлатӣ таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №1808 аз 23.12.2021 “Дар бораи муқовимат бо терроризм” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021 таҳти рақами №187 дар бораи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар вохӯрӣ ва мизи мудаввар бо намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва дар соатҳои тарбиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Қаюмзода А.Қ., декани факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ