Терроризм пуштибони худро дорад!
Дар тамоми давлатҳои дунё кормандони САҲА адои вазифа мекунанд, аммо бо чи кор машғул ҳастанд ба касе маълум нест, бинобар ин маҳдуд кардани фаъолияти ин созмон аз манфиат холӣ ҳам нест.
Сари масъалаи терроризм биёем, агар ин ташкилотҳои террористӣ донорҳои худро намедоштанд фаъолияти дарозмуддат ҳам бурда наметавонисанд. Зеро барои ҳамаи кор маблағ лозим аст. САҲА дастгири терроризм буданашон ба назари ман аз давраҳои ҷанги Ироқу Сурия ба оламиён маълум гардид, чункионҳо барои беҳбудӣ ва рафъи ҷанг ягон чора наандешидаанд. Дар Сурия имрӯз чи қадар мардум дар азобу шиканҷа қарор дорад ва ҳамзамон кормандони созмони САҲА низ дар он ҷо фаъолият мебаранд. Вале барои озод кардани мардум боз ҳам кормандони қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия даст мезананд. Вазифаи асосии онҳо тибқи Оинномаашон бошад ин озод кардани мардум дар ҷойҳои ҷангӣ, офатҳо табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода мебошад.
Акнун намояндагони қувваҳои террористии ватани моро маълум аст, ки киҳо дастгирӣ мекунанд. Худи Кабирӣ дар алоҳидагӣ ҳеҷ корро ба анҷом расонида наметавонад, ҳарчанд ки мардуми зиёдро ҷамъ кунад ҳам аз дасташ ҳеҷ кор намеояд. Боз гап ба сари пуштибониву маблағ меояд. Ҷои пӯшида нест, ки ба ташкилоти террористиву ифротгароии наҳзат, ки ҳазби онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шуд, аз ҷумлаи чунин ташкилотҳе, ки бо пуштибонии созмонҳои бунуфузи байналмиллаӣ пуштибонӣ доранд ва маблаҳои муайян ба онҳо мерасад.
Тоҷикистон имрӯз рӯ ба тараққӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст, далели ин корҳои бунёдкориву созандагии мардуми бонангу номуси миллат мебошад, ки мо ҳар рӯз аз ин пешравиҳо огоҳӣ пайдо мекунем. Аммо ҳоҷагони Кабириву монанди худи Кабириҳо инро дида натавониста истодаанд, нақшаи “барбарос”-е, ки оно доштанд амалӣ нашуд. Имрӯз онҳо бо ҳар роҳу василаҳо мехоҳанд ба оромии мо даст зананд. Мо мардуми ватандор, ватандӯст бар зидди ватанамон пойю даст он тараф истад, ҳаттофикри бад бар зидди ватанамон намекунем. Зеро мо Ватандорем, ватандӯстем ва ватанпарастем.
Шарипова М.-дотсент