Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ

Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба нав ва сангинро эҷод менамояд. Дар айни замон, мавзуи мухими руз мебошад. Бо баробари шунидани мафҳуми терроризм аз назари халқи чаҳон мушкилоти сиёсиву чамъиятӣ, ихтилофу зиддият, фундаментализм аз назар мегузарад, зеро онҳо шабу рӯз шоҳиди он воқеотҳои нангину ҳузнангез гардида истодаанд.

Вазъияти ҷаҳони муосир, хусусан ходисахои номатлуб ва нобахангоми давлатхои Сурияву Ироқ дар маркази диққати тамоми мардуми сайёра буда, аз шунидан ва тамошои садову симо ангушти ҳайрат мегазанд.

Зуҳуроти терроризм ва экстримизм ва паёмадҳои нангину хатарзои он имрӯз тамоми мардуми сулҳдӯсту ватанпарвари ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ба ҲНИ ва ДИИШ марбут буда, мақсади он ба сари мардуми бегуноҳ бор намудани ваҳшонияту даҳшат мебошад, зеро чашмони онхоро пардаи торики ғафлат пӯшонидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ барҳақ таъкид доштанд, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли равон дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз садхо мардуми давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта ба хулосае омаданд ки барои пешгирии он чораҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз зуҳуроте ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти сайёра таҳдид менамуда - ин вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро, террористию экстремистӣ ва аъзо гаштани мардуми тасаввуроти васеи оиди ҳизбҳои дар боло зикргашта мебошад.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд вазъияти оромии кишвари азизамонро халалдор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллати тоҷик низоъҳо ба миён оранд.

Амалиёти хоинонаи ТЭТ ҲНИ зидди ҳастии инсоният буда, манфиатҳои давлату миллат барояшон арзише надорад ки исботи инро ҳоло аксарияти мардуми дунё дарк намуда истодаанд.

Ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри ХХ далели он шуда метавонад, ки маҳз ҳамин аъзоёни ҳизбҳо пеш аз ҳама аъзоёни ҳизби Наҳзати Ислом ба сари мардуми кишвар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуда, сабабгори бесаробон мондани даҳҳо оилаҳои тоҷик, доғи марги фарзанд чашидаи садҳо модарони тоҷик гаштанд ва миллатро қариб ба нобудӣ расониданд.

«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016-ум тасдиқ шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ баҳри тақвияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм заминаи ҳуқуқӣ дошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви ИДТ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) пешбинӣ гардидааст.

Мутаасифона баъзе фирориёни ТЭТ ҲНИ аз хориҷа истода зидди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон кор мебаранд, нақшаҳо тартиб медиҳанд ва рӯирост бадгӯиву бӯҳтонҳо мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи бегуноҳи Тоҷикистон оварданд. Роҳе ки онҳо интихоб карданд, барои мардум нохушиҳои зиёде овард ки барои сабти он дар рӯи қоғаз забони мо лол мемонад.

ТЭТ ҲНИ ба пешравии давлат монеа эҷод карда, барои амнияти кишвар халал ворид намуд. Мардуми кишвар алҳол аз гузашта сабақ гирифт ва ҳаргиз фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин гуна мардум намешавад. Ҳизби мазкур аз рӯзҳои аввали фаъолияташ нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар нотавонбинона назар карда, дастоварду пешравиҳои даврони соҳибистиқлолиро нодида мегирифт. Агар фаъолияти зиёда аз 20-солаи ҲНИ-ро таҳлил кунем, роҳбарони хиёнаткори он дар ин давра барои миллату давлат кори кӯчаке ба анҷом нарасониданд. Ба мо маълум аст, ки дар зарфи 26 соли охир Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ қуллан пешрафт гардида, онро дар пеш марҳилаҳои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт интизор аст. Хамаи кӯшишу ғайрати роҳбарияти кишвар барои беҳбудии вазъи рӯзгори мардум, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ин сарзамин равона шудааст. Аммо душманону нотавонбинони миллату давлат намехоҳанд, ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Онҳо душманони инсоният буда касби онҳо даст ба исёну сияҳкорӣ задан мебошад.

Аммо миллати тоҷик аз сияҳкориҳои онҳо ҳамеша воқиф гардида кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша пешгирӣ менамояд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бар зидди терроризм ва экстримизм муқовимат карда, бо мақсади мубориза бар гурӯҳҳои ҷинояткор 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстримизм (ифротгароӣ) қабул намуд ки ин шаттаи сахзте нисбати хоинони инсоният мебошад. Дар қонуни мазкур мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмиллалӣ мушаххас дарҷ гардидааст.

Дар робита ба ин бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани он мебошад.

Имрӯз мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва воқеъбинона дарк менамояд, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад.

Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.

Мо тарбиятдиҳандагон яъне ҷомеаи пешқадами миллати худ дар лаҳзаҳои тарбиявии дарс оиди мафҳум ва кирдорҳои расистии ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва қурбониёни ДИИШ ба омӯзандагони илму дониш истода мегузарем ва онҳоро раводор месозем то ба хиёнат ба Ватани азизи худ роҳ надиҳанд.

Шарипова М.-дотсент, номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ