ТАЗОҲУРОТИ НОПОКИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЛАЙҲИ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУНСОЗ
Имрўзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри ҳимоя намудани манфиатҳои кишвари маҳбубамон ва таъмини бехатарии мардуми куҳанбунёди тоҷик аз тамоми воситаҳои мавҷуди истифода намуда, ҷонибдори барпо намудани сулҳу салоҳи ҳамешагӣ аст.
Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имрӯз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, имрӯз бархе ба ном гурӯҳҳо аз он воқеаи дар кишвари мо сар зада, дар тамоми ҷаҳон бонг бардоштаанд.
Чанде қабл, тавассути расонаҳои хабарӣ оид ба даъвоҳои беасоси чанд тан беватанҳои мазҳабӣ оид ба раҳо намудани зиндониёни Тоҷикистон Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров маҳсуб ёфта, талаби дигари онҳо ин нашр намудани феҳристи кушташудагон ва захмиёни зиндони рақами 3/3 дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад.
Лозим ба кайд аст, ки раҳо намудани ин нафарон ба андешаи мо ин имконият додан барои хоинони миллат барои даст задан ба корҳои номатлуб ба шумор хоҳад рафт. Дар асоси ин гуфтаҳо, мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол медонем, ки баъди эълон шудани истиқлолияти давлатӣ чанд гурўҳҳои сиёсие пайдо шуданд, ки мақсади онҳо ба даст овардани ҳокимият буд. Ин буд, ки оғози солҳои 90-ум дар кишвари таърихиамон низои сиёсӣ сар зада, боиси ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ шуд.
Шукри сиёсати беҳамтои роҳбарияти Олии кишвар бояд намуд, ки дар муддате ҷанги шаҳрвандӣ ба интиҳо расида, бо инояти Парвардигор баъди Иҷлосияи тақдирсоз роҳи халосӣ кушода гардид. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба қувваҳои солим ва дар муросо бо мухолифин давлати пароканда ва аз байн рафтаро аз нав ба сари қудрат овард ва тамоми захмҳои ҷамъиятро шифо бахшид.
Имрўзҳо, ки ҷомеа роҳ сўи барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандиро пеша намудааст, баъзе аз саркардагони ҳизби назҳати ислом мехоҳанд боз ба вазъи сиёсии Тоҷикистон иғво андозанд. Бо як овоз мегўем, ки шумо гурезагони беватанед, ки худро аврупоӣ метарошед. Агар қудрат ва мардонагӣ медоштед, қаблан роҳи гурезро пеша намекардед. Акнун чун гурезагон дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон ҷой гирифта аз пайи ташкил кардани низоҳои дигар дар Тоҷикистон ҳастед. Ба андешаи мо, гирдиҳамоии ташкилшуда ин аз кори мардумфиребон маҳсуб меёбад.
Ҳаминро илова менамоем, ки шукронаи Худованд аст, ки дар Тоҷикистони муосир тамоми имконияти мубориза бурдан нисбати ин гуна бесару сомониҳоро дорад. Дар Тоҷикистони имрўза, ки қудрати барҳам задани ҳар гуна низоъҳои дохилиро дорад ва дар сиёсати байналмилалӣ ҳам эътибори шоиста пайдо кардааст, мо медонем, ки ягон нафарро бегуноҳ зиндонӣ намекунанд. Аз ин хотир андеша дорем, ки ҳар як нафаре, ки барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ зиндонӣ мешавад ин талаботи қонун аст ва дар назди қонун ў ҷавобгар аст.
Имрўз чун падидаи номатлуб ва доғи нанговаре бар рўи ин арзишҳои тамаддунсоз, иддае пайдо шудаанд, ки чун фарзанди нохалаф аз берун, ё дурусттар гўем аз пушти хоҷагони манфиатҷў ба рўи миллату Ватани аҷдодӣ ва орзуву ормонҳои Тоҷикистони азиз санги миннату тўҳмат мезананд.
Ҳукумати сулҳхоҳу сулҳофаринро бо бўҳтону таънаҳои беасос заиф кардан мехоҳанд. Аммо ҳаргиз баин хостаҳои нафси ифлоси худ нахоҳанд расид. Зеро Тоҷикистон бо сарварии Пешвояш имрўз ба қуллаҳое расидааст, ки халқаш ба ин осонӣ намехоҳад рўзҳои сиёҳу сангини таърихиро бори дигар бар дўш гирад. Мардум ба қадри озодиву оромӣ кайҳост, ки расидаанд ва аккоси сагони ватангадою шарманда онҳоро наметавонад аз роҳи рост берун барад.
Тоифаи ночизе бо ном «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» мехоҳанд назму низоми Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро рахна бизананд ва бо ин матлаби нопок дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин тазоҳуроте ба роҳ андохтаанд. Яъне бо ташаббус вa иродaтмaндии ТЭТ ҲНИ дaр Берлин бa ном тaзоҳурот доир шуд, ки иштирокчиёни он боз ҳaмон «чеҳрaҳои ошно» Кaбирии хиёнaткор, Шaрофиддин Гaдоеви гaдо, Илҳом Ёқубови вaфодор бa хоҷaгони манфиатдораш, Темур Варқӣ будaнд. Бaдбaхтиaш дар он aст, ҳaр яки онҳо фaзaндону зaнони худро бa тaзоҳурот овaрдaaнд, ки то сaршуморaшон бештaр шaвaд. Наҳзатиёни худобехабар кадом як кумитачаи назарфиребе чанд рӯз пеш “таъсис” ёфту акнун эълон кардааст, дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти давлати Олмон шаҳри Берлин бо талаби озод намудани чанд тан террорист, дузду ғоратгару фиребгар ва талаби ба ҳамин монанд масъалаҳо, ки иҷрои онҳо бар зарари давлату миллат аст, бо иштироки чанд нафар наҳзатии хирасар ва чанд нафари ҷинояткор, ки ба хотири гурехтан аз пайгарди қонун тарки ватан намудаанд, гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд.
Ин тўда ба як бетамизии ба худашон хос аз номи “тоҷикони муқими Аврупо” баромад намуда истодаанд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳудуди ду-се сол боз асосан барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ ва қабули садақоти давлат ба Олмон омада, муоширати оддиро ба забони олмонӣ наметавонанд ўҳда кунанд (тасаввур кунед, ки дар ҳаёти рӯзмарра фурӯшгоҳҳову нақлиёт ва ғ. чӣ тавр миллатро муаррифӣ мекунанд?). Ҳамчун паноҳанда дар баробари якумин миллион нафари дигар қабул шудаанд, ҳаққи кору таҳсилро надоранд.
Тоифаи мазкур аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафти олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Мо аҳли омӯзгорон ва устодон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳем, ки дар кишварҳои Аврупоӣ миллати моро ба василаи ин ҷангҷӯ ва паноҳандаи ифротӣ шиносанд.
Аммо бетамизӣ дар ниҳоди роҳбар, аъзо ва тарфдорони ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Наҳзати исломӣ ҷо гирифта будааст. Агар чунин набуд, онҳо пикетҳои майда-чуйдаашонро (маъмулан дар шаҳрҳои Олмон қариб ҳар рӯзҳои истироҳатӣ роҳпаймоиҳои чандинҳазорнафара барпо мешавад ва касе дар қиссаи онҳо нест) аз номи ташкилоти худашон анҷом медоданд. Лек ақли онҳо ба ин кор расидааст.
Шарипова М. – дотсент, номзади илмхои филологи