Ташрифи Куруши Кабир ба фермаи “Ахбор”
Ба қавли шумо Куруши Кабир аъзои “фермаи ҷавоб”, аъзои фермаи “Ахбор” шуд ва ин далолат аз он мекунад ки Куруш низ барои андохтани низоъ байни фермаи “Ахбор” ва кавли шумо “фермаи ҷавоб” пардохтааст. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Вобаста ба он хуб мешуд, агар фермаи “Ахбор” ва сардабири он хурсанд аз оне ки як хабаркашӣ, ки маҳз бо суханҳои дуруғин ба монанди бо ҷои кор ва компютер таъмин будани донишҷӯён, 300-сомонӣ маош гирифтанашон ва 250-300 сомонӣ иловапулӣ гирифтани устодон. Шояд навиштаҷоти Куруши Кабир, ки ба шумо пешниҳод карадааст, комилан дуруғ бошад. Ва аз гуфтанҳову сохтанҳову сухтанҳо оё шуморо мурод ҳосил мешавад? На бо мақсади он ки ана ин навишта ва ё ин хабар сомонаро серхонандаву серхаридор мекунад. Ҳамон ахбор ва далелҳое, ки шумо Мизои Салимпур ҳамчун пешбаранда ва ё серхаридор намудани сомонаи худ меҳисобед, ҳезуми тарест, ки бешак дар байни ҷомеа оташи бадбинӣ ва рашку ҳасудро ҷорӣ менамояд ва боиси ана ҳамин гуна ба эҳсосот дода шудани шумо ва берун аз доираи одоб сухан ронданатон мешавад. Шояд дар оянда шумораи Курушҳо зиёд шавад ва шуморо бо хабарҳои тозаву “озодаи”худ ба яке аз шахсиятҳои бадбин ба душмани ҷомеа табдил диҳанд. Дар ҷамъият шахси бесавод вуҷуд надорад шояд камсавод вуҷуд дошта бошад. Савод дар сохтан бофтан дуруғ гуфтан ва низобарангехтан нест. Савод он аст, ки биомузи, бизосӣ ва ватани худро дар арсаи байналмиллали муаррифи намоед. Сомонаи “Ахбор” танҳо бо навиштани матлабҳои ғаразнок ва мубориза бо ҳукумат ва зиёиён метавонад дар Тоҷикистон ба мардум беҳбуди оварад. На Оқибат аз ин гуна хабарбариву хабарбиёриҳо танҳо бар зарари халқу миллати тоҷик зарар мебинанд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки таъсири сомонаҳои хабарӣ ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Сомонаҳои хабарӣ набояд аз ваколатҳои худ сӯиистифода намоянд. Набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд.
Хуб мешуд агар шумо ва сомонаатон суханҳои чидашударо, ки ҳамчун хабар ба шумо пешкаш мекунанд ба тарозуи ақлу идрок андохта, бо риояи одоби рӯзноманигорӣ ҳолатҳои мусбӣ ва манфии онро ба сомонаи худ ва ҷамъият ба ҳисоб мегирифтед. Беҳуда нафармудаанд: “Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст”.
Хуб мешуд, агар сомонаи “Ахбор” – и iумо муҳтарам Мирзои Салимпур низ дар ин раванд баҳри гул – гул шукуфии Тоҷикистион ва ташвиқу тарғиби ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекард, на ба таҳлил ва баррасии шахсиятҳои алоҳида, ки боиси баҳсбарангезӣ ва коста шудани мартабаи сомонаи “Ахбор” мегардад.
Кучибоев Ш. дотсент. Убайдуллоев А. сармуаллим, Исмоилова Г муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ