Ташкилотҳои дар ҷамъият беқадру ҷудоиандози қарни XXI
Вақте чашми хонанда ба ин сарлавҳа меафтад ғайрихтиёр аз дил мегузаронад, ки дар бораи падидаҳои номатлуб ва беобрӯи ҷомаи муосир - яъне терроризм ва экстремизм сухан меравад.
Дар барномаи телевизионӣ агар чашми бинандае сиёҳпӯши силоҳбадаст, ки бо андоми ҳайвонсимо дар шаҳри ба харобазор табдил ёфта гаштугузор мекунад ва дар кунҷҳои шаҳр занону кӯдакони бо тарсу ҳарос гаштугузоркунандаву модарони гирёну фарзандони аз ақиби онҳо нолон қадам монда истодаро мебинад, ин боз кирдорҳои терроризм ва экстремизм дар ҷамъият гуфта дар майнааш ҳолатҳои ногувори онҳо, ки ба сари инсоният оварда истодаанд, чарх мезанад. Дили шоҳиди ин воқеотои нангини ғайиинсонӣ таҳ мезанад, чашмонашро сиёҳӣ мегирад ва оқибатҳои корҳои номатлуби ҷомеаамонро, ки тамоми мардуми олам дарк карда дастгирӣ нанамуда истодаанд, вой гардиданашро интизорӣ мекашад.
Ҳоло барои ба интиҳо расонидани фаъолияти он ташкилотҳотамоми мардуми худогоҳи олам камар бастаанд, вале он номатлубкорони бераҳм дидаи инсонӣ надоранд. Сиёҳии чашмони онҳо ҳамеша орзуи дидани куштору оташзании хонаву ҷой ва ҳаёти мардуми осоишта мебошад.
Он ашхосони зери ин ташкилотҳо фаъолиятбаранда мафҳуми сулҳу осоиштагӣ, Ватан, марз, сулҳ ва амсоли инҳоро намефаҳманд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд фаҳмид ва донист, зеро шуури онҳо бо бераҳмиву бешафқатӣ нисбати инсонияти рӯи замин муҷаҳҳаз гардидааст.
Халқи тоҷик имтиҳони сангинеро дар ду даҳсолаи охир гузаронидааст, вале падидаҳои номатлуби ҷомеа боз кӯшиши барпо намудани ҳаёти сангинро дар кишвари мо доранд.
Ҳоло маром ва мақсади халқи тоҷик ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ буда, барои насли ояндаи худ онро қавитар сохта пешкаш намудан мебошад. Кинаву нифоқи душман, пойдории хусумати парокандагӣ дар мобайни халқҳо ва барпо намудани бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ мебошаду халос.
Сарвари давлат баъди ба Тоҷикистон сарвар интихоб гардиданашон танҳо аз вартаи ҳалокати фоҷиаҳои душманони хориҷиву дохилии кишвар озод намудани мамлакатамон буд. Вале душманон аз харобазорҳои дар Тоҷикистон барпо намудаашон рӯҳ мегирифтанд ва ҳоло бошад аз оромии кишварамон ҷомаи сиёҳ ба бар намуда мақсад доранд нобасомониҳо дар кишвари мо барпо шавад ва онҳо либосҳои тӯёна пӯшида табли шодӣ зананд.
Ҳадафи навбатии ғаразмандонаи онҳо танҳо Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарб табдил дода худ тамошобин ва таъминкунандаи яроқу аслиҳаи қатли мардуми осоиштаи он гардидан асту халос. Онҳо ҳасудхӯрони миллати тоҷик буда гулгулшукуфии Тоҷикистон онҳоро кӯр намудааст, ки ҳатто бародару хоҳари худро намешиносанд.
Ҳоло Пешвои миллати мо чун сипар барои халқи дӯстдоштаи худ мебошанд, танҳо ва танҳо роҳи ҳалли ба муросо кӯчонидани падидаҳои номатлуби ҷомеаро мақсад доранд.
Миллати тоҷик танҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдати на танҳо Тоҷикистон балки тамоми ҷаҳон камар бастааст. Фитнаву бӯҳтонҳои сароидаистодаи душманони оромиву осоштагӣ ба гӯши Тоҷикистониён намедарояд. Зеро мафҳумҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагиву иттиҳодӣ ва ваҳдати сартосарӣ мавзӯи аосии ҳаёти мардуми осоишта гардидааст. Мақсади асосии ҷамъияти мо ин танҳо роҳ надодан ба терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Мо бояд омӯзгорон донишандӯзони худро бо сиру асрори Ваҳдат таҷҳизонем то, онҳо ба мафҳуми ваҳдат ошно гарданд ва донанд, ки ваҳдат ин пойдевори миллату давлати мустаҳкам аст ва дар он қавииродаҳо зиндагиву фаъолият доранд ва душманони ин сохти давлат аз сояи ин ваҳдатофару ваҳдатмустаҳкамкунандаҳо метарсанд.
Дар айни замон чароғи кӯчаҳои ваҳдат дар кишварамон он душманонро намегузорад, ки зери пои худро бинанд ва пойи халқи бо ваҳдат обутобёфтаро каҷ гиранд. Нури ваҳдат танҳо бо ваҳдатофарину ваҳдатсароён ва ваҳдатбунёдкунандаву ваҳдатсохтагон дар кишвари Тоҷикистон рӯшноӣ карда истодааст ва хоҳад кард, вале барои душманони ваҳдати пойдор роҳи дунёи ояндаи (охирати) инсониятро нишон медиҳаду халос. Ҷавонони тарбияву таълим дода истодаи мо ҳуҷайраҳои бо чашм ноаёни Ваҳдат мебошанд, ки дар якҷоягиву мустаҳкамшавӣ ваҳдати ба чашм аёнро ташкил менамоянд ва ҳамин тавр Ваҳдат аз ваҳдати иттифоқиву иттиҳодии мардум дар Тоҷикистон ташаккул ёфтааст ва ҳосили пурсамари он дар ҳар як гӯшаву канори кишварамон ба назар мерасад, ки сабабгори ин танҳо Пешвои миллатамон мебошанд ва халқи тоҷик ӯро Ваҳдатофар меноманд ва аз паи иҷроиши қарору фармонҳои вай мебошанд.
Шоназарова Д. саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ