ТАШАККУЛИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Азизов С.

Миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки фарзонагону нобиғаҳои ў беҳтарин дурдонаҳои назму насрро ба хазинаи маърифати ҷаҳон арза доштаанд. Ин миллати сарсабз аз давраҳои хеле қадим дарёфта буд, ки наҷоти аҳли башар ва зиндагии шоиста дар омўхтани илму ҳикмат ба даст меояд. Аз ин рў, ҳамеша дар ҳар давру замон ниёкони мо ҳастии худро бо омўхтану тарбият намудан бахшида, донишҳои мухталифро меомўхтанд ва чунонки устод Рўдакӣ фармуда: “Гирд карданду гиромӣ доштанд. То ба санг андар ҳаме бингоштанд”. Дар ҳар давру замон баргу сози зиндагии худро китобу ҳикмат қарор дода буданд. Ин ҳама таваҷҷуҳу пайвастагӣ ба илму дониш буд, ки дар тули қарнҳо бо забони шевою фасеҳи тоҷикӣ дар донишҳои мухталиф садҳо осори арзишманд таълиф гардид. Яке аз сабабҳое, ки душманони миллати куҳанбунёди мо натавонистанд ба забону фарҳангу ҳастии миллати тоҷик дар тули асрҳо, (ҳамлаҳои бераҳмонаи Искандар, арабҳо, турку чингизу муғулу манғит) зарба зананд ва аз байн бибаранд ин буд, ки ин миллати озода вуҷуду ҳастии худро дар илму ҳикмат пайваста буд. Маҳз ҳамин таваҷҷўҳу алоқаи пайваста ба илму дониш буд, ки пас аз чандин аср ва ҳамлаҳои душманони сарсахти аҷнабӣ тавонист ин миллати бедор соҳибистиқлол гардад. Аз ин рў, ҳифзи истиқлолият ва арзишҳои маънавию фарҳангии миллати мо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бояд, пеш аз ҳама, манфиатҳои шахсӣ боло дониста шавад. Хоса дар замони имрўз, ки қудратҳои берунӣ ва душманони хориҷӣ пайваста дар пайи амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ бо истифода аз ҳар роҳу василаҳо мехоҳанд манфиатҳои миллӣ ва шахсии худро дар амал татбиқ созанд.

Дар ҳар давру замон таърих нишон медиҳад, ки душманони берунӣ ҳамеша дар пиёда сохтани ғаразҳои худ аз қувваи ҷавонон истифода мебаранд. Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки имрўз бархе аз ҷавонони миллати мо низ фирефтаи дасисаҳои душманони хориҷӣ гардида, аз манфиатҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ даст кашида ба роҳи торику нопайдо равона шуда, худро дар гирдоби бозиҳои абрқудратҳо ғарқ сохтаанд. Омўзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари он ҷавонон, ки бо ин роҳҳо рафтаанд ва гирифтори дасисаҳои душманонон шудаанд аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллат камтар огаҳӣ доштаанд ва маҳз ҳамин надоштани дониши кофӣ ва бесаводӣ онҳоро ба гирдоби уқёнуси оби тираи душман ғарқ сохтааст. Аз ин рў, яке аз василаҳои ҳифзи амнияти миллӣ ва арзишҳои давлатӣ он аст, ки боз ҳар чи бештар ҷавонони моро аз мероси шоирони классик ва фарҳанги пурғановати гузаштагон баҳраёб сохтан аст. Зеро яке аз омилҳои эътирофу эътиқоди ҷаҳониён ба миллати тоҷик ва фарҳанги беназиру нухбагони илму ситорагони осмони адаби он ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами мо аз оғози сарварии хеш ҳамеша ба меросу фарҳанги гузашта ва шахсиятҳои барӯманди миллатамон таваҷҷўҳи хосае зоҳир менамуданд ва далели ин гуфтаҳо таҷлилу ҷашнҳои абармардоне амсоли Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абўалии Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва даҳҳои дигар мебошанд. Маҳз таваҷҷўҳи зиёди Пешвои миллат ба гузаштаи миллат ва абармардони бузурги илму адаб буд, ки соли равон китоби арзишманди эшон бо номи «Чеҳраҳои мондагор» ба нашр расид, ки дар он 25 нафар аз бузургони илму адаби тоҷик гирдоварӣ шуда, маълумотҳои судманду арзишманде дар он дарҷ гардидааст. Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълифи китоби «Чеҳраҳои мондагор» бори дигар мо ҷавононро водор намуданд, ки ба гузаштаи пурифтихор ва олимону донишварони гузаштаи миллат таваҷҷўҳ намуда, аз корномаҳою осори эшон баҳра бардорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки насли ҷавони мо бояд аз корномаҳои шахсиятҳои барӯмандамон ибрат бигиранд ва мероси гаронбаҳое, ки аз онон ба ёдгор мондааст бештар омўзанду барои пешрафти ояндаи миллату давлати хеш саҳмгузор бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ва хоса Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз пайи тарбияи кадрҳои ҷавону соҳибистеъдод мебошанд. Чунонки дар суханронии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 22-юми декабри соли 2016 чунин қайд намуданд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Аз ин рў, метавон гуфт, ки Пешвои хирадманди мо бо назари дурбинона ва сиёсати созандаи хеш дарк намудаанд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат буда, дар айёми ҷавонӣ омўхтану дар ҷодаи илму дониш гом бардоштани онон самараи хуб дорад. Бо ҳамин ҳадафҳои созанда бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ум Соли ҷавонон эълон гардид, ки боиси истиқболу пуштибонии мардуми кишвари азизамон гардид.

Яке аз омилҳои аслии чунин эълон шудани соли 2017 бар он пайванд дорад, ки ҷавонони ин миллат, ки ояндаи кишвар ҳастанд, боз дар омўхтани донишҳои муосир ва ҳифзу амнияти арзишҳои миллӣ содиқ бошанд. Бо дарназардошти ин, бояд таъкид намуд, ки агар ҷавонони мо ҳар чи бештар аз дурдонаҳои мероси пурғановати шоирону адибон баҳраёб гарданд, ҳароина ба пешрафту шукуфоӣ ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ саҳим хоҳанд буд.

Дар осори пурғановати шоирони классики мо дар бобати ҳамаи мавзўъҳои муҳим шеър суруда шудааст. Чунончи онон ҳамеша аз зиракию ҳушёрӣ ва бедордилӣ дар зиндагии шоиста ва амну офияти ҳаёти осоишта таъкид доштаанд. Аттори Нишопурӣ чунин фармуда:

Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,

Метавонӣ ёфт андар чор чиз.

Эминию неъмат андар хонадон,

Тандурустию фароғат баъд аз он

Бузургони мо дар осори гаронбаҳои хеш ҳамеша бар он таъкид намудаанд, ки зиндагии осоишта ва дар амну офият зиндагӣ намудан аз беҳтарин неъматҳо барои инсон дар баробари сиҳҳатию саломатӣ мебошад. Чунонки Соиб мегўяд:

Неъмате, к-аз шукр оҷиз мекунад гуфторро,

Дар ҷаҳони офариниш сиҳату амният аст.

Муҳаммад Иқбол чунин фармуда, ки ҳар нафаре, ки дар вуҷудаш донишу маърифат ва бедории дил набошад, ҳатто Худованд аз ингуна банда нохушнуд аст:

Ба он муъмин Худо коре надорад,

Ки дар тан ҷони бедоре надорад,

Аз он аз мактаби ёрон гурезам,

Ҷавоне худнигаҳдорӣ надорад.

Шоири маъруф Авҳадии Мароғаӣ дар мазаммати ҷаҳлу нодонӣ ва бедониши чунин фармудааст:

Ҷаҳл хобасту илм бедорӣ,

З-он ниҳониву з-ин падидорӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳастӣ ва бақои ин оламро илму ҳикмат дониста, таъкид мекунад, ки илм арзишмандтарин гавҳаре дар ин олам аст, ки дигар тамоми мавҷудоти ин олам сурат асту ҷони ҳамаи он илм аст:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Ё дар ҷойи дигари осори худ Мавлоно Балхӣ дар васфи бедории дил чунин мегўяд, ки бедордилӣ он қадар неъмати арзанда ва васфнопазир аст, ки ҳатто ситоиши он дар ҳазор маснавӣ поён надорад.

Васфи бедории дил, эй маънавӣ,

Дарнагунҷад дар ҳазорон маснавӣ.

Мавлонои бузург дар осори хеш ҳамеша инсонҳоро ба хештаншиносию худогоҳӣ даъват намуда, таъкид медорад, ки инсон аз беҳтарин офаридаҳои Худованд аст. Аммо гурўҳе аз инсонҳо ин гавҳари одамиро дарк намекунанду ба ҳар роҳҳои нопок мераванд ва аз аслу қиммати худ бехабар мемонанд. Чунонки мегӯяд: «Ҳақ таоло туро қимат азим кардааст… “Ту ба қимат варои ду ҷаҳонӣ, чӣ кунам қадри худ намедонӣ?

** *

Мафрўш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ (2,14).

Мавлоно ҳамеша чӣ дар ашъораш ва чӣ дар «Фиҳи мо фиҳи» инсонҳоро ҳўшдор медиҳад, ки набояд аз гавҳару асли вуҷуди хеш бехабар бошанд. Зеро аз назари Мавлоно инсон аз кулли махлуқоти Худованд комилтар аст ва дар вуҷуди ў ҳамаи илмҳо нуҳуфтааст. Назари Мавлоно ин аст, ки бояд инсон ҳамеша аз пайи омўзишу тарбияти хеш бошад. Аз ин рў, Мавлоно инсонро ба дарё ташбеҳ намуда, мегўяд, ки вуҷуди одамӣ ба монанди дарё аст, ки дар он аз ҳамагуна хубиҳою некиҳо ва нооромиҳою бадиҳо ҷой карда шудааст ва инсон бояд кўшиш кунад, аз вуҷудаш хубиҳоро берун орад. Инчунин, дар ҷойи дигар инсонро ба замин монанд мекунад, ки чигуна ки аз замин бо меҳнату заҳмат ҳосил рўёнида мешавад, вуҷуди инсон низ ҳамингуна аст, бояд дар ҳама маврид аз тарбияти хеш бехабар набошад: «Одамӣ азим чизест. Дар вай ҳама мактуб аст. Ҳуҷубу зуламот намегузорад, ки ў он илмро дар худ бихонад…(2, 46).

Ҳамингуна, масалзаданҳои Мавлоно, ки гоҳо инсонро ба дарёву мавҷу замину амсоли ин шабеҳ медиҳад ва дар зимни он ҳикматеро шарҳу тавзеҳ медиҳад, ба баёни ҳунарваронаи насри вай ишорат мекунанд, ки боиси пуртаъсир ва ҷаззоб гардидани сабки нигориш шудааст. Мавриди дигар одамиро ба замин масал мезанад ва тавзеҳ медиҳад, ки «Кам аз замин нестӣ, заминро ба ҳаракот ва гардонидан ба бел дигаргун мегардонанд ва набот медиҳаду чун тарк кунанд сахт мешавад. Пас чун дар худ талаб дидӣ, меою мерав ва магў, ки дар рафтан чӣ фоида? Ту мерав, фоида худ зоҳир гардад» (2,205).

Меҳвари андешаҳои Мавлоно дар ин бобат бештар дар масъалаҳои худшиносӣ, худогоҳӣ, инсонгароӣ, доштани илму дониш, дар ҳаққи дигарон сухани нек гуфтану гумони нек доштан, тобеи ақл будану раҳо кардани ҳавову ҳавас ва дар ҳама маврид вуҷуди хешро тарбияту инкишоф додан, ташкил кардааст. Аз ин рў, ҷавонони моро зарур аст, ки бештар осори шуарои классик, хосса осори Мавлоно Балхиро мутолаа кунанд ва ҷаҳонбинию дониши худро васеъ гардонанд. Боварӣ дорам, ки агар ҷавонон ва насли навраси мо аз андешаҳои шоирони бузурги мо, хосса Мавлоно Балхӣ дар хусуси худшиносӣ ва худогоҳӣ мутолаа намоянд, дар нигаҳдошт ва амнияти арзишҳои маънавию моддии миллати азизи мо саҳм мегузоранд. Барои пешрафту дигаргуниҳои давлату миллат корҳои шоистаеро анҷом медиҳанд. Зеро пас аз худшиносию худогоҳӣ онон дарк мекунанд, ки ҳеҷ халқу миллатҳои бегона барои пешрафту тараққиёт ва ҳифзи офияту зиндагии мардуми тоҷик наметавонад ғамхор бошад.

Ҷавонони моро, пеш аз ҳама, зарур аст, ки худшиносу худогоҳ бошанд, зеро ба қавли бузургони мо ҳамаи корҳои муҳим аз худшиносӣ оғоз мегардад. Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом низ омадааст, ки ҳар кӣ худро шинохт баъд Худоро мешиносад. Дар осори гузаштагони мо дар хусуси худшиносӣ ва худогоҳи бисёр таъкид намудаанд.

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,

Нест марди беадаб соҳибмақом.

Дар ниҳоят бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил нагардидани ҷавонони мо ин бештар худшиносӣ ва худогоҳии ононро бедор сохтан ва ба роҳи илму омӯзиши осори гузаштагон равона сохтан ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, омўзиш ва тарғиби адабиёт метавонад ҷавонон аз ҳаргуна осебпазирии фикрӣ нигоҳ дорад. Бо дарки ин масъулият бояд имрӯз омӯгорон ҳар чи бештар ҷавонони моро бо роҳи илму ҳикмат ва худшиносии миллӣ даъват намоянд ва дар ниҳоди онон ҳисси ватандӯстиро бедор намоянд. Агар дар ҷавонӣ бо омӯхтани илму ҳимат ва касбу ҳунар машғул шуда худшиносу худогоҳ гарданд, бовар дорам, ки ҳаргиз ба дасисаҳои душманон гирифтор намегарданд ва ба арзишҳои миллӣ хиёнат намекунанд. Ҷавонони моро зарур аст, ки дар замони муосир ҳушёру зирак ва бедордил бошанд ва илмҳои муосирро аз бар намоянд. Чунонки шоирони бузурги мо фармуда, ки дар ҷавонӣ бояд саъю кӯшиш намуд, зеро амалҳои дар ҷавонӣ анҷом дода ва омӯхта ба мисоли меваи дарахти навбар тару тоза ва зебо мебошад:

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Адабиёт:

  • Аттор, Фаридуддин. Мантиқу-т-тайр / Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ.-Душанбе: Эҷод, 2006. -356 с.
  • Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин. Фиҳи мо фиҳи (ва пайвастҳои навёфта) / Ба тасҳеҳи Тавфиқ Субҳонӣ.- Теҳрон: Китоби Порса, 1389. –С.24-444.
  • Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. -Теҳрон: Замон, 2001.- 728 с.
  • Раҳмон Э. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1. Душанбе, “Эр-граф”, 2016. -516 с.
  • Раҳмон Э. Чеҳраҳои мондагор. –Душанбе, 2016.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ