Ташаккул додани донишҳои амнияти шахсӣ ва миллӣ дар мафкураи ҷавонон
ИСМОИЛОВ Ш.Ғ., САДРИДДИНОВ А.Ф.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи амнияти миллии мардуми кишвар, хусусан ҷавонон сухан ронда, қайд намуданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».1
«Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст», менависад профессор С.Ятимов – Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханони бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯйии бедалели хатарнок, ҳурофот гашт.2
Лозим ба ёдоварист, ки амният барои ҳама чӣ корманди давлатӣ ва чӣ корманди корхонаи хусусӣ, деҳқону хонанда ва тамоми қишрҳои ҷомеа заруру лозимист. Моро зарур аст ба қадри истиқлолият ва ваҳдат бирасем, онро ба қиммати ҷон нигаҳдорӣ намуда, абадан умри ҷовидона бахшем. Идеология бояд ба манфиати умум хизмат намуда, шаъну шараф ва эътибори касеро паст назанад. Аз ҳама муҳимаш моҳият ва зуҳуроташ оммафаҳм, сода, нишонрас, мақбулу қабули ҳамагон бошад. Ҳеҷ як ҷараёну ҳаракат ва ё ҳизб ҳуқуқи маънавии иҷборан бор намудани идеологияи худро ба сари ҳамагон надорад. Одамон низ бояд бошуурона ҳар чизе, ки дар ҷомеа талқин мегардад омӯхта, таҳлил намуда, сипас хулосабарорӣ намоянд.
Имрӯз рӯйдодҳои ҷаҳон, алалхусус тезутунд гардидани вазъи Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё гувоҳи онанд, ки хатари шадид дар шакли терроризм ва экстремизм паҳн шуда истодааст, аз тамоми бозингарони геополитикии сатҳҳои
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш.Душанбе, 22-декабри соли 2016
- С.Ятимов. Илм ва амният. Рӯзномаи «Тоҷикистон». №32. 9.08.2017
гуногун роҳандозӣ гардида истодаанд. Ин ҳаракат дар асоси даъватҳо ва маблағгузориҳои иддае аз давлатҳо, ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистие, ки таҳти сарпарастӣ ва ливоҳои «Давлати исломӣ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Толибон», «Боко ҳарам», «Салафия» ва дигар ҳаракатҳо, ки характери миллатгароӣ, салтанатҷӯӣ, бидъаткорӣ доранд, танҳо аз номи ислом ҳарф мезананд, ки комилан нодуруст аст.
Дар чунин шароити печдарпечи ҷаҳони муосир давлатҳое, ки дар низоми сиёсии ҷаҳон заифанд, ногузир ба вартаи ҷангҳои мазҳабӣ, сиёсатҳои динӣ, ки ҳамагон дар хурофот ғӯтида, олудаи дасисаҳо гаштаанд ва ин кашмакашиҳо ҳеҷ гоҳ анҷом намеёбанд. Ва муҳим аз ҳама зимоми идорааш онҳо дар дасти абарқудратҳо боқӣ монда, ин давлатҳо бо ном арзи вуҷуд менамоянд.
Моро зарур аст, паи таҳлили шиору даъватҳо, гуфтору рафтор ва ранг гирифтани ҳар як масоили пешомада ҷаҳд намуда, ҳатто дар мавриди сиёсати умумидунёӣ манфиат ва амнияти хешро оқилони дифоъ намоем. Барои пешгирии таҳдидҳои ҷаҳони муосир, хусусан афзуншавии тарғиби ақидаҳои ифротӣ, ҳисси бегонапарастии ҷавонон ва умуман ҷомеа, тақлиди кӯр-кӯронаи либоси ғайр, пеш аз ҳама, сатру ҳиҷоб ва дигар ҷабҳаҳои «моҳият ва зуҳурот» корҳои самарабахшро анҷом диҳем.
Адабиёт ва илми равоншиносӣ дар ҳамаи давру замонҳо дар шаклгирии афкори ҷомеа саҳм дошта ба он таъсиргузор мебошад. Асарҳои таъсирбахш ва бебаҳо дар адабиёти пурғановати миллати тоҷик ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон хеле зиёд буда, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Рисолаи Ҳотамӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Таҳсиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ намунаи барҷастаи асарҳои безавол ва пурбаҳои мутафаккирони гузашта дар соҳаи ахлоқ ва тарбия ба ҳисоб меравад. Мо имконият дорем аз ин нодиртарин ва бебаҳотарин асарҳо истифода намуда, ахлоқи ҳамида ва инсонсолориро ба фарзандон талқин намоем.
Адабиёт метавонад мақсадҳои амнияти миллиро дар тамоми шаклу жанрҳо, хеле содаву оммафаҳм, оддиву нишонрас ифода намояд. Имрӯз мо бояд бо чашми ақл ба дастовардҳои даврони истиқлол назар намуда, шукрона намоем, ки дар зарфи бистушаш сол мо тавонистем ин қадар иншооту сохтмонҳо, роҳҳову пулҳо, нақбҳо ва аз ҳама муҳимаш ҳазорҳо мактабу боғчаҳои кӯдакона ва варзишгоҳҳои замонавиро сохта, бунёд намоем.
Тоҷикистон аз лиҳози мавқеъ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, наметавонад бетаъсир аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёнаи давлатҳои абарқудрат қарор дошта бошад. Инкишофи зуҳуротҳои навин бо истифода аз шиорҳои динӣ ва қувваҳои низомӣ вазъро заиф, муносибатҳо муташанниҷ намуда, мушкилотҳои навиро рӯи кор оварда истодааст. Дар чунин шароити пурпечутоб моро зарур аст, идеологияи давлатдории миллиро мағз андар мағзи ҳар як сокини тоҷику тоҷикистонӣ, дар рӯҳу равонаш, дар шуураш, дар рафтору кирдораш, дар муносибату кирдораш, дар муносибату муошират аз оила, боғча, мактаб, донишгоҳ, корхона ва ҷомеа оғозу бо марому мақсаднок давом диҳем.Барои дар мафкураи ҷавонон ташаккул додани донишҳои амнияти шахсӣ ва миллӣ китобу мақолаҳои профессор С.Ятимов дар мавзӯи «Илм ва амният» чӣ аз ҷиҳати масъалагузорӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилотҳо, ҳадаф, мавқеъ бо нигоҳи тозаву бунёдӣ, мавриди амнияти миллӣ, илм, адабиёт, идеологияи миллӣ, сиёсат бо назари воло, дилсӯзонаву ошиқона, бо муқтадиртарин собитсозии қиёсҳои илмӣ баррасӣгардида, барои ҳама аз манфиат холӣ набуда, арзишмандтарин мавод маҳсуб меёбад. Бинобар ҳамин ҳам имрӯз моро зарур аст,ки бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун дар мафкураи сиёсии насли ҷавон мафҳумҳои амнияти шахсӣ ва миллиро ташаккул диҳем. Ба он муяссар гардем, ки ҷавонони имрӯза амнияти умум – миллиро ҳатто аз амнияти шахсӣ болотар гузоранд.
«Ватандӯстӣ аз гӯшаи имондорӣ аст» мегӯянд дар урфият. Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси эҳсоси ватандӯстӣ – ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ваҳассос орзу ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Чунин хислати ватандӯстӣ онро ба як индогемаи сиёсӣ табдил додаст, ки метавонад хислати хеле фаъоли созанда дошта бошад. Бояд таъкид намоям, ки дар фарқият аз дигар мафҳумҳо ватандӯстӣ ҳеҷ вақт хислати манфӣ надорад. Вале қувваҳои бадкору истилогар ё душманони истиқлолияти милливу давлатӣ метавонанд ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоқу масхара кунанд ва қувваи муттаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро нодида гиранд. Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкунӣ ва ноогоҳии соҳибватанони раҳгумзада аст, тарбияткунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмарду ҷавонзанони далеру шуҷоъи ватан аст. Аз ҳамин рӯ маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ва даҳҳо таҳдидҳои дигар бошад, ба қувваи муҳофизии ватану таърихи он рӯҳияи бешикасти миллат табдил ёбад ва ваҳдати миллиро дар кишвар таъминкунад. Ватандӯстӣ асоси ягонагии кишвар, дӯстии миллиятҳои сокини кишварамон мебошад. Чуноне ки шоир мегӯяд:
Бе ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватан будан бе ёди Ватан, бе ватан аст.
Дар ин маврид мо бояд зиндагинома, кору пайкори Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон намунаи ибрат орем. Касе ки ватани худро дӯст медорад ҳеҷ гоҳ ҳатто берун аз ватан бо ёди ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад. Тоҷикистони азизи мо ва ҳамватанони мо аз мактаби бузурги санҷиши ватандӯстӣ гузаштаанд ва мо дар воқеият дидем, ки ватандӯст кист ва ватандӯстӣ чист? 26 сол пеш мардуми зиёде ин ватанро тарк намуд. Онҳо аз терроризм ва дар ин ватан тарсиданд, аз тундгарони динӣ ва фарҳангӣ ба ҳарос афтиданд ва ин ватанро тарк намуданд. Вале барои аксарияти кули мардуми Тоҷкистон ин ватан хеле ширин буд. Ин ҷое буд, ки он ҷо ҳеҷ касе ғуломи касе нест, ҳеҷ касе хизматгори касе нест, ҳар нафаре дар хизмати миллат, давлат, халқи худ аст. Ин ҷо ватани мо буд, ин модари мо буд, ки аз касофати фарзандони беномусаш ба чунин як дард, чун ҷанги ҳамватанӣ дучор шуда буд ва ба ғайр аз худи онҳо дили касе барои он намесӯзад. Ҳамаи онҳое, ки бо ғайрату номус буданд ба ватан баргаштанд, давраи бенониву бесомониро бо мо паси сар карданд ва имрӯз чун фарзандони содиқу ватандӯст пайи ба ифоқа овардани ҷомеаи Тоҷикистон, таъмини амнияту ваҳдати миллӣ саъю талош доранд.
Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат аст. Ҷойест, ки беҳтар аз он ҷо макони дигаре нест. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити хуби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мефаҳманд, дар Амирко ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоф, аз худ, аз Ватан норозӣбоқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву ягон ақлгумкарда ваё майзадае бошад, зеро давлати миллӣ ва шаҳрвандони бовиқору боғурури он ба ин роҳ намедиҳанд. Пиронсолон ва ҷавононро зери қаноти худ мегиранд. Онҳоро бо роҳҳои қонунӣ аз худкушӣ ва мусулмонкушӣ, ки дар Сурия, Афғонистон, Ироқ, Ливия, Яман идома дорад дур нигоҳ дошта пеши ҷинояткории сангини онҳоро бо тарғиботу ташфиқоти созанда ва табобаткунанда мегиранд. Шахсе ки амнияти шахсӣ ва миллиро дарк мекунад, вай ҳатман ватандӯст аст ва барои ҳимояи ватанаш омода аст.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм ва шахсони бемавқеъ мо аз ватандӯстӣ дида ҳеҷ қувваи дигари коргареро намедонем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарстиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанда гиранд. Президенти кишварамон ҳатто «Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳитарини олимони ҷомеашинос» донистааст. Зеро донистани хатоҳои пештара моро аз чунин хатоҳо дар оянда нигоҳ хоҳад дошт. Зеро доир ба ин масъала андешаву тадқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоқиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд.
Бо дарназардошти шароити минтақа, вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва стратегияи Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Хусусан, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пурмоҷаро, сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, бархӯрди тамаддунҳо, доман паҳн кардани терроризм ва экстремизм масъалаи бедор намудани ҳиссиёти амнияти шахсӣ ва миллӣ дар насли ҷавон яке аз масъалаҳои калидии тарбияи равонии ҷавонон мебошад.
Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил доданамон зарур аст то аз ҳар гуна таҳдидҳо ва каҷравиҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ намоем ва чун сарбозони ватани азизамон ҳама вақт барои ҳифзи он аз ҳар гуна душманони дохиливу берунӣ доимо тайёр бошем.
Адабиёт:
- Ананьев Б.Г. О проблемах современного человекознания. - М., 1977
- Леонтьев А.М. Деятельность. Сознание. Личность – М; Политиздат, 1975.
- Маҷаллаи илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ-публитсистии «Душанбе», 2017, №5.
- Рӯзномаи «Тоҷикистон»,№32, 09.08.2017.