Тақдиргароӣ навъе аз ҳуруфотпарастист
Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна кишварҳо ниёз ба ислоҳоти густурда доранд, ки бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад. Ислоҳоти густурда ва фарогире, ки Пётри Кабир дар асри XVIII дар кишвари Русия роҳандозӣ карда буд, заминаи устувору созгореро барои рушди минбаъдаи Русия ба вуҷуд овард. Пётри Кабир зарурати тағйир додани шуур ва ҷаҳонбинии ҷамъиро ҳамчун пешзаминаи таҳаввулоту рушди кулли соҳаҳои ҷомеа хуб дарк карда буд. Аз ин буд, ки ба дастури ӯ қариб тамоми китобҳои илмӣ ва адабии аврупоиён ба забони русӣ тарҷума ва бо теъдоди хеле зиёд интишор дода шуданд, то тамоми мардум ба он дастрасӣ дошта бошанд ва бо истифода аз онҳо аз вартаи хурофот раҳоӣ ёбанд. Дар воқеъ ҳеҷ гуна ислоҳоти аз ҷониби давлат роҳандозишуда агар дар байни ҷомеа аз лиҳози моҳиятӣ замина надошта бошад, ҳаргиз наметавонад ба падидаи устувор табдил ёбад. Ислоҳоте, ки бе таҳияи ин пешзамина роҳандозӣ мешаванд, хусусияти муваққатӣ дошта устувору мудовим нестанд ва фақат ба талошу кӯшиши давлатмардони ислоҳотгар вобастаанд. Бо коҳиш ёфтани тамоили ислоҳотгароёнаи ин афрод ва ё поён ёфтани маъмурияти онҳо табиист, ки раванди чунин ислоҳот низ поён хоҳанд ёфт. Барои он ки ҷомеа амали солиму созанда дошта бошад, ногузир бояд назари солиму созанда дошта бошад. Ба таъбири дигар, барои дар ҷомеа ба падидаи устувор табдил додани амалияи солиму созанда бояд назаргоҳ, яъне ҷаҳонбинии ҷомеаро солиму созанда кард.
Бидуни шак як омили бисёр муассири ташаккули шуури ҷамъии мо фарҳанги мост. Аз ҷумла авомили аслии нуқтазаъфҳои менталитети мо-тоҷиконро низ аз лобалои фарҳангамон бояд ҷуст. Дар мавриди рӯдаррӯи бо мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ умед бастани мардуми мо ба нерӯҳои фавқуттабиӣ ва ё қаҳрамонҳое, ки вижагиҳои фароинсонӣ доранд (масалан, Маҳдӣ, шайхҳои соҳибкаромот, ҳуккоми соҳибқирону назаркардаи худо ва ғ.) нишона ва далели бовар надоштани мардум ба нерӯи худ, масъулиятнопазирӣ, бетарафӣ, беҷуръатӣ, тақдирпарастӣ, ноогоҳӣ аз нақши худ дар таъйини сарнавишти худу масири иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ва ояндаи Ватан аст. Ин тарзи тафаккур, яъне бовар ба тағйири муъҷизаосои вазъи мушкили ҷомеа ва ба ин васила бидуни ҳеҷ заҳмате ба якборагӣ рафъ шудани тамоми мушкилоти мавҷуда агар аз як сӯ далели масъулиятношиносиву роҳатталабии мо бошад, аз сӯи дигар дидгоҳи хурофотӣ ва ғайриилмиву ғайривоқеии ҷомеаамонро ба намоиш мегузорад. Ин дидгоҳи тахайюлпарварона, ки аз бунёд бо дидгоҳи илмӣ созгор нест ва бо мақулаҳои сабаб ва натиҷа мухолиф аст, бозтоби он аст, ки мардуми мо бидуни фароҳам овардани шароити муносиб ва анҷом додани корҳои зарур ба якборагӣ натиҷаҳои матлубро ба даст овардан мехоҳад ва орзуи ҳалли мушкилотро мекунад, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест. Адабиёти шифоҳиву хаттии мо ва ба вижа осори мутасаввифа, ки дар зеҳниятсозии хосу оми ҷомеаи мо нақши муассире дорад, пур аз ҳикоёту қиссаву ривоёте аст, ки дар онҳо кадом як шайху авлиёе бо як дуо ва каромот муъҷизае меофаринад ва якшаба тамоми мушкилоти мардумро ҳал мекунад. Нақши таъйинкунанда доштани мардумро дар эҷоди сарнавишти худ ва зимнан дар рафъи мушкилоти иҷтимоиву сиёсии кишвар дар адабиётамон ба нудрат метавон мушоҳида кард.
Дар адабиёти қадим ва ҳатто муосири мо низ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим ба машруъияти мовароуттабиӣ доштани ҳукумат ишора мешавад. Эътимоди аксари мардуми мо ба машруъияти мовароуттабиӣ доштани ҳукумат ва нақши таъйинкунанда надоштани омма дар ташкил ва танзими давлат масъала ва мушкилоте аст, ки решаи он аз фарҳанги қадими мо об мехурад. Ба таври фишурда барои тасдиқи ин иддао метавон аз ҷойгоҳи вижаи мафоҳиме чун "фарри каёнӣ", "фарри эзадӣ", "Сушиёнт" ва ғ. дар таърих ва фарҳанги бостониамон ёдовар шуд. Ислому ирфон низ бо қоил будан ба мақоми фароиҷтимоии анбиёву авлиёву абдол ва имоми замону имоми охируззамон пояҳои ин "фарҳанги сиёсӣ"-ро таҳким бахшидааст. Аз ин аст, ки мардуми мо амалан барои пазириши аслҳои ҷомеаи демократӣ, яъне ҷомеаи мардумсолор омода нест. Дигар ин ки демократия ба худии худ ҳаргиз наметавонад омили рушди ҷомеа бошад. Масалан, дар ҷомеае, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандони он хурофотист, табиист, ки мафҳумҳои озодиву қонунсолорӣ ҳам дар чаҳорчӯбаи фаҳмиши умум ва раъйи умум метавонад мазҳабгароёна ва хурофабунёд бошад. Аз ин рӯ, барои дар кишвари мо ташаккул додани ҷомеаи мардумсолор ногузир бояд қолабҳо ва форматҳои зеҳниятсозӣ, аз ҷумла фарҳангу суннатҳои миллиамон тағйир ва такмил дода шаванд.
Интизори қаҳрамон (ва ё Сушиёнт, ё Маҳдии замон, шоҳи одил ва ғ.) будани мардум ин ҳақиқатро ба намоиш мегузорад, ки дар воқеъ ҷомеа аз вазъи мавҷуди худ розӣ нест ва умедвори ислоҳи вазъият аст, аммо мушкил дар он аст, ки мардум барои дастёбӣ ба ин ҳадаф худро масъул намедонад ва интизори он аст, ки каси дигаре ба ҷои ӯ ин корро анҷом диҳад. Мардум ормонҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва вазъи матлубро дар тахайюлоти худ ва зимнан дар адабиёти хеш меофарад. Агар мардум “вазъи матлубро ба сурате месохт, ки бо воқеияти иҷтимоӣ ба наҳве қобили интибоқ мебуд ва бо тағйироте ҳарчанд пурзаҳмат ва дарозмуддат таҳаққуқ меёфт, ҷомеаро ба самти ислоҳ савқ медод”.(“Ҷомеашиносии нухбакушӣ”, Алӣ Ризоқулӣ ...(баргирифта аз китоби “Худосолорӣ ва дармондагӣ”-и Абулҳусайни Лодан, саҳ.16))
Чунонки ишора шуд, зеҳният ва шуури ҷамъиятии ҳар ҷомеае қабл аз ҳама дар робита ба фарҳанги он шакл мегирад. Аз ин рӯ, агар ҷаҳонбинии як ҷомеа ғайриилмӣ ва хурофотӣ бошад, пас, барои ислоҳи вазъи фикрии ҷомеа қабл аз ҳама фарҳанги ҷомеаро ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи шуури ҷамъӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, қолабҳои маҳдудкунандаи онро шиносоӣ ва ислоҳ бояд кард.
Тақдиргароӣ низ навъе аз хурофотпарастист. Тақдиргароӣ эҳсоси масъулият ва дар зимн нерӯи талоши фард ва ҷомеаро дар баробари мушкилот аз байн мебарад. Аҳли ҷомеае, ки мушкилоти худро ба тақдир нисбат медиҳанд, табиист, ки барои бартараф кардани он ба таври ҷиддӣ масъулият намепазиранд ва саъйу талош карданро дар ин роҳ амре ҳатмӣ намеҳисобанд. Аз сӯи дигар, ба дӯши сарнавишт ва қисмат бор кардани масъулияти худ навъе фарофиканӣ ва ба ин васила пинҳон кардани заифию нотавонӣ ва беҳунариву камҷуръатии худ низ ҳаст. Дар миёни ҷомеаи мо ба ҳукми одат даромадааст, ки мардум ва ҳатто равшанфикрон низ дар мавриди мушоҳидаи мушкилоти кору рӯзгори атрофиён ва таъминоти маишии онҳо гӯё ба хотири таскин бахшидани онон омили мушкилотро ба тақдиру қисмат рабт медиҳанд ва файласуфона мегӯянд, ки: “зиндагӣ ҳамин аст, сабр бояд кард, ҳама кор ба тадриҷ хуб мешавад” ё “тақдирро тадбир нест, инсон ҳар чизеро, ки дар пешонааш навишта шуда бошад, ноилоҷ хоҳад дид”. Зоҳиран тақдиргароӣ дар баробари мушкилоти рӯзгор амале таскиндиҳанда ва оромбахш дар назар меояд, аммо ин амал монанди корбурди доруҳои таскинбахш дар мавриди беморӣ аст, ки бо вуҷуди ором бахшидани дард ҳаргиз онро шифо нахоҳад бахшид, гузашта аз ин боиси куҳнатару музминтар ва шадид шудани он хоҳад шуд.
Ҳар миллате, ки ба ҷои талош кардан дуо карданро роҳи ҳалли мушкилоти худ медонад ва аз ин тариқ умедвори тағйироти муъҷизаосову натиҷаҳои зудрасу безаҳмат аст, аслан миллати масъулиятнопазиру роҳатталаб ва тақдирпарастест, ки роҳ ба ҷое нахоҳад бурд. Ин гуна миллат бо чунин сатҳи андешаву навъи шуур на фақат қудрати ояндасозӣ надораду масъулиятеро дар ин росто намепазирад, балки зиллату хориву дармондагии худро дар шароити ҳозира ва шикастҳову нобарориҳои кори худро дар гузашта низ ба худ нисбат намедиҳад ва маншаъи онро фавќуттабиї медонад. Мушкилоти ин навъи тафаккур дар он аст, ки ҳомилу соҳиби он қодир ба дарки мақулаҳои сабабу натиҷа нест, аз ин рӯ гумон мекунад, ки натиҷаҳои матлубу дилхоҳ бе талошу заҳмат ва бидуни таҳияи заминаҳои он ба вуҷуд хоҳанд омад
Аз ин аст, ки соҳибони чунин тарзи тафаккур дар баробари мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ агарчи зоҳиран эътироз мекунанд, аммо ҳаргиз худро масъули ислоҳи он намедонанд.
Боварӣ доштан ба ризқи азалӣ низ хурофот аст ва яке аз омилҳоест, ки боиси коҳилӣ, адами сахткӯшӣ, ақибмондагӣ ва камбизоатии эътиқодмандони ин таълимот аст. Ин ақидаи нодуруст аксари эътиқодмандонро аз сахткӯшӣ дар роҳи беҳдошти вазъи иҷтимоии худ боздоштааст.
Машруъияти илоҳӣ додани ҳукумат назарияест, ки куллан хилофи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ аст. Дар ҷомеаи демократӣ (мардумсолор) давлат ва роҳбари он бар асоси раъйи мардум рӯи кор меоянд ва аз ин рӯ, мабнои фаъолияти қонунии он раъйи аксарияти мардум аст.
Чаро мардуми мо то ин ҳад хурофотгарост? Чаро мардуми мо дар мавриди рӯдаррӯи бо мушкилот ба ҷои сахткӯшӣ ва барномарезии воқеъбинонаву оянданигарона мехоҳанд бо оростани хони “аз барои худо”, гирифтани дуо, назр ба мазорҳо, маросими мушкилкушо, “хун кардан”-и бузу гӯсфанду мурғ барои рафъи “бало” ва дуову ниёиш гиреҳи корҳои баста ва мушкилоти худро кушоянд? Ва бо анҷом додани ин корҳо гумон мекунанд, ки масъулияти худро барои рафъи мушкилот ба ҷо овардаанд? Чаро интизор ва умедворанд, ки ба ҷои онҳо мушкилоташонро нерӯҳои осмонӣ, арвоҳи бузургон ҳал кунад? Чунки шинохти дурусте аз воқеият надорем, олами воқеиро маҷозӣ ва олами маҷозиро воқеӣ мехонем.
Миллате, ки таҳти таъсири хурофот қарор дорад, табиист, ки манофеи худро намешиносад ва ба абзори дасти нерӯҳои мазҳабгарову маҳалгаро табдил меёбад ва нохудогоҳ ба зарари худу ба нафъи бадхоҳони хеш талош меварзад. Аз ин рӯ, миллати ноогоҳу худбохта аксар маврид нисбат ба фарзандони содиқу миллатпарвари худ ва талошҳои ислоҳотгаронаи онҳо на фақат бетафовут аст, балки ҳатто аз ҷаҳолату худношиносӣ онҳоро маҳкум низ мекунад. Садриддин Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» дар бораи ҳаракати равшанфикрӣ ва тамоили шадиди ислоҳотгароёнаву маорифпарварона доштани он дар Аморати Бухоро изҳори назар карда, ҳамчун шоҳиди ҳол гуфтааст: “... вале ин халқи мазлуму нодон ба тарафдорӣ аз ҳукумату косалесони он – муллоҳо ба муқобили ислоҳот омода мешуд».(Садриддин Айнӣ, «Таърихи инқилоби Бухоро», боби «Оё халқ ба ислоҳот толибу ҳозир буд?»)
Аврупову Амрико ва олами мутамаддин аз он ба пешрафт ноил шуданд, ки зеҳнияти ҷомеаашон тағйир ёфт. Ба тафовут аз қуруни вусто, ки хурофот меҳвари дидгоҳашонро ташкил медод, феълан он ҳеҷ гуна ҷойгоҳе дар низоми ҷаҳонбинии ҷомеаашон надорад. Мо ҳам агар мехоҳем ба пешрафт ноил шавем, бояд ногузир дар масири хирадгароӣ, мардумсолорӣ, эътимод ба нафс ва сахткӯшӣ қарор дошта бошем.
Анушервони Назрӣ