​Таносуби сиёсат ва дин дар ҷомеаи демократӣ

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣсоли 1989 дар тамоми кишварҳои он тайғиротҳои кулли ба миён омад ва ин сабаб гардид, ки дар баъзе кишварҳои он ҷанги шаҳрванди сар занад ин сабаб аз надонистани рукнҳои дини сабаб шуда буд. Дар давраи шурави имконияти озодонаи эътиҷоди дини вуҷуд надошт. Онҳо намегузоштанд, ки мардум бо тоату ибодат машғул бошанд. Аз он ҷумла санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикитонистиқлолияти худро ба даст овард. Лекин як вазъияти нооромкишвари моро фаро гирифт ин сар задани ҷанги шаҳрванди буд. Имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ иборат аст фаъолият мебарад.Барои баланд бардоштани фарҳангӣ сиёси ва рушди ананаҳои милли барои мо имконияд дод, ки нуфузи худро дар байни давлатҳои ҷаҳони пайдо намоем. Бинобар ин заминаҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ низ бо баробори замонташаккул ёфтаанд. Имрӯз дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муносибат оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда шуд. Солҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайатии ИҶШС вуҷуд дошт базе камбудиҳо дар дар сохтори идоракуни ҷомеаи имрузаи мо вуҷуд дошд. Аз ҷумла дар 15 кишварҳои он камбудиҳои дини вуҷуд дошт. Ҷомеаи имрузаи мо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёси дар тамоми соҳаҳо озодиҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла бо шарофати Пешвои муаззами кишварамон нуфузи дин дар ҷомеаи мо боло рафт ва бо дастгири ин шахсият китоби “Қуръон” бо забонизабони тоҷики тарҷума карда шуда ба тамоми ҷомеаи имрузаи мо дастрас аст ва озодона истифода мебаранд.. Маҳз бо дастгирии Президенти кишварамон, кишвари мо ҳамчундавлати дунявї эътироф карда шуд. Аз маънои “Дунявӣ” маълум мешавад, ки имруз дар давлати дунявї дин аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлати дахолат карда наметавонад. Ин имконият дар баъзе давлатҳое, ки дини ҳастанд чунин имконият вуҷуд надорад. Дар асоси ин мафҳуми “Дунявӣ” ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом миллат ва нажот ҳастанд метавонанд, озодона ба динҳои имруза эътиқод кунад ва ин маҳфум дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

Рузиев Самандар

муаллимикафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ