Тангназарии Мирзои Салимпур
Аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистӣ гумон мекунанд, ки мардуми тоҷик аз хиёнатҳои ин гуна нафарони беватан огоҳ нестанд. Маҳз ана ҳамин гуна нафарон ба Ватани хиёнат карда истодаанд, ки хиёнаткориашон ҳадду канор надорад.
Бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла сомонаҳои шабакаи интернетӣ хоинони ватан ба монанди Мирзои Салимпур аз хориҷа истода, мехоҳанд бо далелҳои беасоси худ амният ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд. Лекин тамоми мардуми кишвар огоҳи дорад, ки онҳо сагони хориҷии худанд ва дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даст ба амалҳои ҷиноӣ мезананд.
Агар ба навиштаҳои ин тангназари хиёнаткор дар сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ назар афканем аён мегардад, ки фикру ақидаҳои ӯ дар асоси дастуру супоришҳои хоҷагонаш сурат гирифта, нияту мақсадҳояш гумроҳкунии мардум ба хусус ҷавонон буда, мехоҳад кишвари озоду соҳибистиқлоли моро ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳад.
Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ