Таънаи исломбехабарӣ нодуруст аст
Аксар вақт иқдомҳои ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро ҳарифон бо исломбехабарӣ, динситезӣ, исломситезӣ баробар мекунанд. Имрўз кор ба ҷое расидааст, ки рўирост доир ба масъалаи дар замони Шўравӣ беҳтар будани даст зада он замонро нисбати ҳозира дар диндорӣ беҳтар эълон кардаанд. Он замон масҷидҳои маҳаллӣ баста шуда буданд, имрўз дари масҷидҳо боз аст. Он замон рўзадорӣ манъ буд, имрўз агар хоҳӣ ҳар рўз рўза бигир, касе туро манъ намекунад. Барои сафари ҳаҷ кардан одамон солҳои тўлонӣ навбат мепоиданд ва дар як сол аз як ҷумҳурӣ танҳо як нафар ба адои ин сафари муқаддас мерафт. Ин замон танҳо аз Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нафар дар як сол ҳаҷ мекунанд. Дар замони истиқлол шароит барои диндорӣ аз шўравӣ ҳазорҳо маротиба беҳтар гаштааст.
Аммо чанд масъала ҳаст, ки дар бораи онҳо ҳарф задан лозим аст. Дар муассисаҳои хўроки умумӣ ба хотири риояи гигиена ошпаз, пешхизмат ва ё дигар кормандон ришашонро тарошанд, беҳтар аст. Борҳо манзараи ба тори риши ошпаз часпидани донаҳои биринҷ ва ё сабзиро мушоҳида карда, кас нороҳат мешавад. Дар кишварҳои араб ошпазҳои ришдор ниқоби махсуси ришро ба бар мекунанд, ки ин комилан дуруст аст, аммо дар мо ин корн ест, буҳтар аст, ки ришашро тарошад.
Масъалаи дигар доир ба манъи воридшавии занони сатрпўш ва ҳиҷобпўш ба идораҳои шахсиву давлатӣ аст. Ин ҳам ба хотири таъмини амният аст ва ҳаргиз мақсади он танқид ва ё зулм кардан нест.
Мебахшед, аммо дар фурудгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ барои санҷиши мусофирон онҳоро пеш аз баромадан ба сайёра луч карда муоина мекунанд. Ба кормандони фурудгоҳ фарқ надорад, ки мусофир кӣ асту кадом мансабро дорад. Дар ин гуна ҳолат касе чизе намегўяд. Ба хусус ҳамон нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд, ҳам маротиба бо чунин тарз ба тайёра савор мешаванд.
Ба хотири амнияти идораҳо бидуни сатру ҳиҷоб ворид гаштани занон ягон мушкилӣ надорад. Ягон нафар манъ накардааст, ки рўймоли миллӣ набандад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи асосӣ таъмини амният дар идораҳо аст ва на исломбехабарӣ.
Изҳороти декани факултети забонҳои шарқ Ислом Раҳимов