ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ
ТИЛЛОХОҶАЕВА М.
Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017 дар Паёми анъанавии солонаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти хеле бузург дошта, масъулони соҳаро зарур аст, киҷавононро ба ҳамаи самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хосса ҷанбаҳои илмии кишвар ҷалб намоянд. Рушди бемайлони илм, ки ҳамқадами замон бояд бошад, кафолати таъмини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад. Вазъи соҳаи илм, технология ва маорифи кишвар аз бисёр ҷиҳат бехатарии манфиатҳои миллиро аз хавфҳои дохилӣ ва беруна муайян намуда, ба амнияти миллӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад. Дар мақолаи мазкур силсилаи муаммоҳои вобаста ба таъмини амнияти миллии соҳаи илм, технология ва маъориф, ки аз ҷониби сиёсати берунаи дар ин самт роҳандозӣ мешавад, баррасӣ хоҳад шуд. Барои пешгирии хавфҳои дигарнугиҳои сатҳи илмӣ-технологӣ чораҳои ҷиддӣ пешниҳод гардидаанд.
Дар Стратегияи амнияти миллии Тоҷикистон то соли 2020қайд мешавад, ки самтҳои асосии таъмини амнияти миллии кишвар нишондодҳои миллии стратегӣ мебошад, ба воситаи он масъалаҳои муҳимтарини тағйироти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣбарои бунёди шароити бехатари татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон, амалӣ намудани рушди устувори кишвар, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва истиқлолияи давлатӣ нишон дода шудааст.
Дар шароити муосир амнияти миллӣ нахуст аз баланд бардоштани вазъи илмӣ-техникии тамоми соҳаҳо, баланд бардоштани сармояи зеҳнӣ, дараҷаи баланди рақобатпазирӣ вобаста аст. Амнияти сарҳадӣ, яъне мухолифати иқтисодӣ, демографӣ ғасби маданӣ-динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи байналмиллалӣ, ҳамчунин таҳкимидастгирии зеҳнӣ ва илмӣ-иттилоотӣ асос меёбад.
Барои Тоҷикистон ба даст овардани мавқеи пешқадам дар тамоми самтҳои стратегии амнияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Вазифаи асосие, ки дар ин самт назди илм, технология ва маъориф мавҷуд аст, таъмини рушди рўзафзуни иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар аст. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо бояд мониторинги рушди тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи умумиҷаҳонӣ гузаронида шавад, дар ин радиф пеш аз ҳама илм ва тенхнология афзалият дорад. Ҳамчунин зарурати муайян намудани таҳдидҳои амнияти миллӣ дар назди илм масъалаи муҳимтарин, баҳогузории дараҷаи хавфи онро вогузор намудааст. Бояд системаи баҳисобгирии амнияти миллӣ сохта шуда, зимнан коркард гардад, то натиҷа аз рўи нишондодҳо муайян гардад ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ саривақт бидуни харҷи иловагӣпешгирӣ шаванд ва бехатарии тамоми соҳаҳои кишварро таъмин намояд.
Дар ҷамъияти муосир мавқеи илм бояд чунин бошад:
омили баланд гардидани сифати зиндагонӣ, рушди маориф, тиб, маданият;
омили муҳими таъмини амнияти давлат;
сарчашмаи навовариҳои технологӣ ва рушди иқтисодиёт;
асоси рақобатпазирии иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
асоси бунёди системаи инноватсионии миллӣ;
асоси шаклгирии сиёсати самараноки иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмӣ технологӣ бошад.
Муаммои асосии рушди соҳаи илмӣ-технологӣ, инноватсия ва маориф номувофиқати суръати инкишоф ва сохтори он бо талаботи таъмини амнияти миллӣ ва талаботи рузафзуни иқтисодиёт ба технологияҳои пешқадам ва кадрҳои баландихтисос ба шумор меравад. Ин вазъият дар навбати худ боиси хавфи аз байн рафтани иқтидори илмӣ-технологӣ, ҳамчунин боиси пешомадҳои зерин хоҳад гашт:
хавфи ҷаҳонӣ – қафомонии стратегияи ҳарбӣ-техникӣ, паст гардидани дараҷаи амнияти илмӣ-технологӣ ва экологӣ, афзудани таъсири технологии беруна, заиф шудани иқтисодиёт аз ҷиҳати захираҳои сузишворӣ;
таҳдидҳо дар соҳаи иқтисодиёт - қафомонии сохторҳои саноат, заиф гардидани соҳаи хизматрасонӣ;
таҳдиди қафо мондани рушди ҷамъият – қафо мондани раванди иттилоотоӣ ва гузариш ба ҷамъияти технологӣ, нобаробарии рушди ҷамъиятӣ дар байни табақаҳои гуногун, истифодаи васеи технологияҳои куҳна ва аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, паҳн гардидани иттилоот ва маҳсулоти иҷтимоие, ки ба коста намудани фазои миллӣ-маданӣ равона гардидаанд;
хавфҳои хусусияти гуманитарӣ-равонӣ дошта – паҳни тасаввуроти ғайриилмӣ, канда шудани пайдарпайии наслҳо, коста шудани қадри арзишҳои маданӣ, болоравии ҷаҳолат дар ҷамъият, костагии асоси илмӣ-маърифатӣ ва кам шудани қишри маърифатноки миллат.
Имрўз зарурати коркарди чораҳо барои пешгирии таҳдидҳои ёдрасшуда ва муайян намудани хатари бо он вобаста ба миён омадааст. Дар ин самт рушди системаи миллии инноватсиони (СМИ) ва афзудани таваҷҷуҳи давлат ба илми фундаменталӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.
Дар роҳи шаклгирии СМИ-и кишвари мо муаммоҳи ҷиддии вобаста бо сохтори иқтисодиёт ва муносибати молумулкӣмавҷуданд.
Гарчанде фаъолияти шохаҳои инноватсионии фундааменталӣ, ба манфиатҳои соҳибкории бузурги кишвар кам дахл намояд ҳам, бунёди системаи мукаммали инноватсионӣ барои рушди соҳибкории калон нақши назаррас хоҳад гузошт. Ҳамзамон бояд таъкид намоем, ки ба шароити бўҳронӣ нигоҳ накарда, соҳаи илмӣ-технологии кишвар бо таҳқиқоти сатҳи ҷаҳон машғул аст.
Ҳамин тариқ коркардҳое, ки ба рушди илм ва иқтисодиётравона гардидаанд, маҳз бар дўши давлат вогузоранд.Аз ҷониби давлат баҳри баланд бардоштани фаъолнокии иннноватсионӣ ва рушди босуръати сохторҳои технологии иқтисодиёти миллӣ, ҳалли муаммо дар навсозиҳои соҳаи афзалиятноки илм, технология ва техника чораҳо андешида шавад, то мавқеи худро дар иқтисодиёти инноватсионии ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Муаммои куҳансол шудани кадрҳои илмӣ мубрам боқӣ мемонад. Айни замон синну соли муҳақиқон 49 сол, номзадҳои илм – 53 сол, докторони илм 62 солро ташкил медиҳад. Аз се ҳис камтари (31,8%) муҳаққиқон ба гуруҳи то 40 сола шомиланд, қисми онҳо аз 30 сола ҷавонтаранд, нисфи муҳақиқон аз 50 сола боло ва аз чор як ҳисси онҳо аз 60 сола болоанд. Аз ин нуқтаи назар кўшиш бояд намуд, ки диққати олимонро барои таҳқиқи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар ҷалб намоем. Мақсади асосии бунёд, навсозӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятнок ва номгўи мушкилоти технологӣ, таҳқиқи самти рушди маҷмўи илмӣ-технологии ватанӣ ва системаи миллии инноватсионӣ, бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва тамоюли рушди ҷаҳонии илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, маҷмуи масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо назардошти зарурати бунёд ва рушди СМИ, коркард ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳимтарини давлатӣ мебошад.
Самтҳои зерин самтҳои афзалиятнокба шумор мераванд:
1.Сохтори иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ.
2. Илм доир ба ҳаёт.
3.Истифодаи оқилонаи табиат.
4. Сохторҳои нақлиётӣ .
5. Самаранокии нерўи барқ, сарфаи нерўи барқ.
6. Навъҳои асосии техникаи ҳарбӣ ва махсус.
7. Бехатарӣ ва муқовимат ба терроризм.
Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, тартиб додани номгўи самтҳои афзалиятноки илм ва инноватсия бояд бо иштироки бевоситаи ҷомеаи илмӣ ва бо назардошти талаботи муайян гардидаи давлатӣ бунёд гардад. Муайян намудани самтҳои сиёсати илмӣ-техникии давлатӣ ошкоро сурат намегирад, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, таҷриба ва озмунҳо гузаронида намешаванд. Илова бар ин худи олимон барои иштирок дар ин кор шавқманд нестанд, зеро алоқаи байни афзалиятҳои давлатӣ ва маблағгузории ҳақиқии ташкилот ва ҷамъиятиро намебинанд.
Мавҷудияти иқтидори зеҳнии сохтори академикии илм маҳаки асосии рушди фаъолияти инноватсионии мувофиқи самтҳои стратегии ташаккули технологӣ мебошад. Таҳқиқот ва коркарди зиёд имкон медиҳад, то Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор намояд.
Бо вуҷуди ин рушди таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳои олӣ аҳамияти муҳими мусбат доранд, зеро донишҷўёнро ба фаъолияти тадқиқотӣ ҷалб менамояд. Ба даст овардани малакаи кор бо таҷҳизоти муосир боиси тарбияи мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла дар соҳаи илм мегардад.
Натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ расидан ба мақсадҳои стратеии таъмини амнияти миллӣ дар соҳаи илм, технология ва маорифро кафолат медиҳад. Ин пеш аз ҳама рушди ташкилотҳои илмӣ ва илмӣ-технологии давлатие, ки рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва талаботҳои мудофиаи миллиро аз ҳисоби ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ ва рушди системаи миллии инноватсионӣ; баланд бардоштани фаъолнокии ҷамъиятӣ, дараҷаи донишҳои умумӣ ва касбии аҳолӣ, омода намудани кардҳои баландихтисос аз ҳисоби рақобатпазирии маъориф таъмин менамоянд.
Дар маҷмўъ барои ҳалли муаммои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ дар соҳаи илм, технология ва маориф бояд дар ин самт сиёсати давлатии оқилона ба роҳ монда шавад.
Ҳалли ин муаммои таъмини амнити миллӣ дар соҳаи илм ҷиҳатҳои зеринро дар назар дорад:
афузани таваҷҷўҳи давлат ба илм ва фароҳам овардани шароит барои тарбияи кардҳои баландихтисос;
эҳёи илми амалии ватанӣ, аз ҷумла дар асоси истифодаи шаклҳои босамари ҳамкории давлатӣ-хусусӣ дар шакли инноватсионӣ, усулҳои гуногуни татбиқи амалии натиҷаҳои тадқиқот ба истеҳсолот;
бунёди илми донишгоҳӣ чун ҷузъи пурқуввати системаи миллии инноватсионӣ, бештар намудани нақши марказҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳӣ, барои қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ ба кардҳои баландихтисос;
фаъол намудани тақиқоти байнифаннӣ, байнисоҳавӣ, байнисохторӣ, муттаҳид намудани ҷамъиятҳои илмӣ чун қувваи бузурги ҷамъиятӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангии дохилӣ ва берунаи соҳаи илмӣ-инноватсионӣ.
Адабиёт:
- Маориф – ояндаи Тоҷикистон. Хуҷанд: “Ношир”, 2011
- Правила формирования, корректировки и реализации приоритетных направлений развития науки, технологий и техники и перечня критическихтехнологий , М., 2016
- Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир. Душанбе “Ирфон”, 2011
- Эмомалӣ Раҳмон: оғози марҳилаи нав. Душанбе: “Ирфон”, 2011