Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди ҷаҳонишавӣ

Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд.

Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ шудааст.

Барои Тоҷикистон барин кишварҳо дар ҷодаи зерин омодагии ғайрианъанавӣ мансуб аст, ки метавонад дар амнияти иттилоотӣ мақоми махсус пайдо намояд. Ин падидаи нав буда, пас аз инкишофи технологияи иттилоотӣ ва аз байн бурдани марзҳои иттилоотӣ таъсири саривақтии худро гузоштааст. Ба инобат нагирифтани ин омодагиҳо ба раванди таъмини амнияти миллӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар беруни он таъсири манфӣ мерасонад.

Амнияти иттилоотӣ ифодагари ҳимояи имиджи сиёсии давлат баромад менамояд. Бо ёрии иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳои давлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас гардида, ба масъалаҳои мавҷуда сабукӣ ва тақвият мебахшад. Дар раванди сиёсӣ амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Дар бораи масъалаи мазкур сарони давлатҳои ИДМ дар Тошкант «Созишнома дар бораи таъмини воситаҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ»-ро (1992) ба имзо расонида буданд. Мутаассифона, дар он давра ба ин ҳуҷҷати муҳим дар кишвари мо кам эътибор медоданд. Сабаб он буд, ки Тоҷикистон дар марҳалаи ҷанги ҳамватанӣ қарор дошт ва роҳбарияти сиёсӣ ба ҳалли масъалаҳои дигар банд буд. Алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагардида буд.

Танҳо моҳи сентябри соли 1997 фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳон» масъаларо хосияти расмӣ бахшид. Вобаста ба он шаҳрвандони Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои давлатию ҷамъиятӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст гардиданд.

Андешаҳо дар бораи таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ҷавобгӯи манфиатҳои рӯз бошанд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи таъмини технологияи навини иттилоотӣ дар сиёсат пайваста бо парадигмаҳои ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи «Интернет» ба таври васеъ доираҳои гуногуни аҳолиро фаро гирифта, мамлакатро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст мегардонад. Технологияи иттилоотӣ ахборотро ба нерӯи мутаҳаррике табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунандаро пайдо намудааст. Воситаҳои навтарини иттилоотӣ метавонанд оқибатҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбатро ба бор оранд. То кадом андоза ба нафъи манфиатҳои миллӣ истифода намудани онҳо муҳим аст. Моҳиятан, воситаҳои замонавии иттилооти оммавӣ дар заминаи манфиатҳои давлатҳои бузург инкишоф меёбанд. Бинобар ин доимо саволи зерин дар миён аст: воситаҳои иттилооти оммавии давраи рушди глобаликунонии олам ба амнияти миллии давлатҳои хурд чӣ муносибат ва ҳолати ҳамгироӣ доранд?

Воқеияти раванди сиёсии ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон муносибати хоса бояд кард. Чуноне ки сиёссатшиноси тоxик Г.Зокиров rайд менамояд, зарурат пеш омадааст, ки методҳои таъмини амнияти иттилоотиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ таҷдиди назар кард. Методҳои умумии таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба гурӯҳҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию техникӣ ва иқтисодӣ тақсим намуд.

Ба методҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ санадҳои меъёрию хуқуқӣ, танзиму таҳкими муносибатҳо дар соҳаи иттилоот ва меъёрҳои методии ҳуҷҷатҳо дар масъалаи таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва ғ. дохил мешаванд [2, 214].

Таъсиси меъёрҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ барои Тоҷикистон аз ҳарвақта дида бештар рӯзмарра гардидаанд. Зеро он метавонад сохторҳои минтақавии амнияти иттилоотиро таъмин намояд. Меъёрҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотиро метавон пеш аз ҳама, дар вилояти Суғд истифода намуд. Дар ин минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва дар ВАБК ва вилояти Хатлон бо Чин ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Амнияти иттилоотӣ дар ин минтақаҳо дар зери таъсир ва таҳдиди эҳтимолии иттилоотии давлатҳои ҳамсоя қарор доранд.

Аз тарафи дигар, истифодаи методҳои ташкилию техникӣ ва иқтисодии таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар сурати зайл зоҳир мегарданд:

-таъсис ва такмили низоми таъмини амнияти иттилоотӣ;

- таъсиси низом ва воситаҳои пешгирӣ намудани роҳу воситаҳое, ки ба коркарди иттилооти ғаразнок машғуланд ва дар тафаккур ва шуури сиёсии миллӣ ақидаҳои ноустуворро тақвият мебахшанд;

- расмият ёфтани воситаҳои ҳимояи иттилоот, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи ҳимояи сирри давлатӣ, ҷавобгӯ будани усулу воситаҳои ҳимояи иттилоот.

Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои асосии зерин иборат аст:

- рушд ва ҳифзи инфрастуктураи иттилоотии ватанӣ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои иттилоотии ҷаҳон;

- муқобилият ба таҳдиди оғози муборизаҳои иттилоотӣ.

Барои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи пурмаҳсул ва ҳаматарафаи рушди имкониятҳои кашф ва аксулкашф (разведка ва контрразведка) дар саривақт ошкор намудани хатар ва муайян намудани сарчашмаҳои он хеле муҳим мебошад.

Хусусиятҳои таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм мегиранд ва пеш аз ҳама, бояд таъсиррасонии он ба манфиатҳои миллӣ мавриди назар гарданд. Амнияти иттилоотии Тоҷикистон яке аз қисмҳои таркибии амнияти миллии мамлакат буда, ба ҳифзи манфиатҳои миллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсир мерасонад. Таҳкими амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва методҳои таъмини он аҳамияти муҳимро касб мекунанд.

Дар рушду тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар асоси сиёсати дурандешонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.

Имрӯзҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар минбари чорабиниҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имиҷи мусбати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, ки ин низ тақвиятдиҳандаи дипломатияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, таҳти №332 тасдиқ шудааст, дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ