Таҳдидҳои муосир ба амнияти давлати Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои пешгирии он
КОМИЛОВА З.
Дар шароити пурташаннуҷи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули равандҳои гуногуни сиёсӣ таъмини амнияти миллӣ, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ масъалаи муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Таҳлилу баррасӣ ва дарки амиқи моҳияту хусусиятҳои ин масъала имконият медиҳад, ки раванди ташаккул ва сатҳи хатару таҳдидҳои муосир ба амнияти миллӣ-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи амнияти давлатӣ ҳамқадами инкишофиҳаёти сиёсӣ мебошад ва дар ин аснод бояд дарки таҳдидҳову таъмини бехатарии давлат дар доираи пажуҳиши масъалаҳои гуногуни он ба роҳ монда шавад. Дар меҳвари таҳқиқоти имрӯза, пеш аз ҳама, амнияти давлатӣ қарор дода мешавад. Сипас, муаммоҳое, ки дар низоми нави ҷаҳонӣ ба амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд, мавриди тадқиқ қарор мегирад. Масъалаҳои мазкур бидуни ба эътибор гирифтани таъмини бехатарии амнияти давлатӣ аз таҳдидҳои сиёсии дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ карда намешавад.Фаҳмиши васеи масъалаҳои мазкур дарки амиқи як қатор мафҳумҳои асосиро тақозо менамояд:
1. Амнияти сиёсӣ – мувофиқати воқеияти ҳаёти шаҳрвандони давлат ба кафолатҳои сиёсӣ, ки мақомотҳои давлатӣ эълон менамояд.
Дар ҷомеаи муосир барои таъмини амнияти сиёсии одамон амалҳои зиёде пеша мешаванд. Дар баробари ин инкишофи технократии ҷомеаи муосир имконият медиҳад, ки шаҳрвандони ҳар гуна кишварро ба гаравгони системаи сиёсӣ табдил дода, сатҳи воқеии амниятро паст намоянд.
2. Амнияти байналхалқӣ - ҳолати фазои сиёсиест, ки дар олами муосир қонунҳои байналхалқӣ ба истиқлоли субъектҳои сиёсӣ кафолат медиҳанд. Амнияти байналмиллалӣ вақте имконпазир мегардад, ки фазои ягонаи глобалии сиёсӣ ташаккул ёбад. Ҳоло раванди мазкур дар фаъолияти СММ таҷассум меёбад. Шӯрои Амнияти СММ аз номи ҷомеаи башарӣ баромад намуда, кӯшиши таъмини амнияти байналхалқиро менамояд. Системаи амнияти байналхалқӣ беш аз пеш хосияти умумӣ пайдо менамояд. Сатҳи баамалойии он гуногун аст. Бештар дар сатҳи миллӣ, давлатӣ, минтақавӣ, умумисайёравӣ зоҳир мегардад.
Барои таъмини амнияти байналхалқӣ воситаҳои гуногуни сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ истифода мегарданд. Дар таъмини амнияти байналхалқӣ субъектҳои гуногуни муносибатҳои байналхалқӣ, пеш аз ҳама давлат, созмонҳои байниҳукуматӣ ва созмонҳои байналмиллалии ғайриҳукуматӣ, одамони алоҳида, ходимони намоёни сиёсию ҷамъиятӣ ва дигарон саҳм мегиранд. Олами муосир ҳарчи бештар ба низоми ягона ворид мегардад. Он имконият медиҳад, ки эҳтимолияти амнияти байналхалқӣ бештар хосияти воқеӣ пайдо намояд. Чунин ҳолат тарафҳои манфӣ низ дорад. Зеро таҳдиди хатари иродаи тоталитарии умумисайёравӣ бештар мегардад. Инкишофи иқтидори ҳарбии ИМА ва истиснои раванди алтернативӣ масъаларо бараҳна мегардонад.
3. Амнияти минтақавӣ – системаи муносибатҳои байни давлатҳои ин ё он минтақаи олам буда, имконияти ташхиси шаклҳо ва роҳҳои инкишофи мамлакатҳоро муайян месозад. Амнияти минтақавӣ қисми таркибии амнияти байналхалқӣ буда, ҳамчун шакли воқеигардии амнияти миллӣ (давлатӣ) ба шумор меравад. Мувофиқи Оинномаи СММ барои таъмини амнияти минтақавӣ муоҳидаҳо ва институтҳои мухталифро ташаккул додан имкон дорад.
4. Амнияти миллӣ - ҳолати институтҳои сиёсию иҷтимоиро нишон медиҳад. Институтҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фаъолияти самараноки онҳо шароитҳои мусоиди амал намудан ва инкишофи шахсияту ҷомеаро таъмин менамояд. Таъмини амнияти миллӣ тавассути воқеӣ гардонидани ҳадафҳои стартегии давлат амалӣ мешавад.
Дар қатори чорабиниҳои гуногун бунёди консепсияҳои сиёсати давлатӣ дар бораи инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ доранд. Аз ҷумла, таъмини амнияти миллӣ (давлатӣ) ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали зарурӣ ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Чунин масъалагузорӣ аз инкишофи геостратегии Тоҷикистон бармеояд ва дар кори ташхиси мақом ва нақши кишвар дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ аҳамияти фақуллода дорад.
Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ гардонидани талаботҳои гуногуни аксарияти кулли аҳолӣ омода гардидааст, ҳуҷҷати муҳими тақдирсози кишвар ва роҳбалади зарурии мақомоти низомӣ, қудратӣ ва тамоми муассисаҳои идоракунандаи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Моҳияти онро ташхиси масъалаҳои стратегии инкишофи Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои ба низом овардани онҳо ташкил медиҳад.
Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешомади масъалаҳои асосии соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти давлатӣ ва ҷомеаро ташхис менамояд. Ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус медиҳад. Сиёсати кабир набояд аз дарёфти масъалаҳои мураккабтарин ва номақбултарини ҷомеа ва манфиатҳои давлатдории навини Тоҷикистон ҳазар намояд.
Дар замони инкишофи номутаносиби ҷомеа нақши омилҳои сиёсӣ барҷаста мегарданд. Мувозинати соҳаҳои ҳаёт ба фоидаи соҳаи сиёсӣ майл менамояд. Фақат сиёсати комил ва сиёсати илман асоснокгардидаи соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа қудрати ташккулу инкишофи мутаносиби ҳаётро пайдо месозад.
Дар соҳаи сиёсӣ масъалаҳои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ асоси пешомади стратегии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар заминаи онҳо ҳалли мушкилот ва масъалаҳои зиёде пеш меоянд: ташхиси моҳият ва хусусиятхои давлатдории навини Тоҷикистон; бунёди тарҳи тоҷикистонии давлатдории демократӣ; мушаххас гардонидан ва татбиқи режими сиёсӣ; таҷзияи ҳокимияти давлатӣ; ташаккулу таҳкими озодию ҳуқуқи инсон ва риояи онҳо дар сатҳи фардӣ; таъмини баробарииодамон новобаста аз мансубияти нажодӣ, миллию этникӣ, забонӣ, умумияти иҷтимоӣ ва ѓайраҳо; системаи комили интихоботӣ, фаъолияти озоду масъулонаи тамоми намудҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолияти озоду самараноки оппозитсияи сиёсӣ.
Амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳарбии комилро воситаи тавонои пойдорӣ ва таъмини истиқлолияти кишвар қарор медиҳад. Инкишофи ҷомеа тадриҷан ба ҷое мерасад, ки давлат қудрати дар танҳои аз иҷрои ҳар гуна вазифаи мушкилтарин мебарояд. Он гоҳ барои Тоҷикистони мустақилу бетараф неруҳои сершумори ҳарбӣ лозим намешаванд. Шумора не, балки таркибу омодагии касбӣ ва низомнокии артиш шарту зарур мегарданд. Ҳамин тариқ, давлат кафил ва субъекти асосии таъмини амнияти миллӣ мебошад.
Дар замони муосир вазифаҳои муҳими ташаккулёбии Тоҷикистони соҳибистиқлолро чунин ҷиҳатҳо ташкил медиҳанд: дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва воқеияти нави геополитикии ҷаҳони имрӯза, раҳои аз буҳрони иқтисодиву молиявӣ, ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини инкишофи мутаносиби ҳаёти иҷтимоӣ; дар ҳолати мавзун нигоҳ доштани рушди муносибатҳои мутақобилаи аксарият ва ақалияти миллӣ, дарки фаврии пайдоиши оппозитсияи сиёсӣ ва дар асоси ба эътибор гирифтани манфиатҳо самаранок гардонидани фаъолияти он, ѓамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони маскуни дигар кишварҳо ва монанди инҳо.
Сабаби асосии актуалиятнокии мавзуи баррасишаванда ин андозанамоии сиёсати ҷаҳонӣ дар фазои геополитикии олам мебошад. Бо баробари вусъат ёфтани низоми нави ҷаҳонӣ, хусусан, баъди таназзули «ҷанги сард» масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмини амният ва устувории давлат ба миён омад. Имрӯз кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он гуруҳҳои гуногуни этникӣ, миллату халқиятҳои мухталиф бо маданияту анъанаҳои ба худ хос зиндагӣ нанамоянд. Бинобар ин ҳадафи аввалиндараҷаи давлатҳои дунё роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои зиддиятноки дохиливу берунии ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо таъсири манфидошта маҳсуб меёбад. Таъмини бехатарии давлатӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегӣ ва консепсияи амнияти миллӣ амалӣ карда мешавад, ки масъалаи такмили саривақтии онро ба миён мегузорад. Зеро раванди татбиқи он ба ташаккули мақом ва нақши давлат дар арсаи байналхалқӣ таъсиргузор мебошад.
Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳиму тақдирсози кишвар, роҳнамои асосии мақомоти қудратӣ, низомӣ ва тамоми корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ буда, дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ гардонидани талаботҳои гуногуни аксарияти аҳолӣ мураттаб гардидааст. Инчунин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ дарҷ гардидааст, ки он уҳдадорӣ ва масъулияти дутарафаи байни давлат ва шаҳрвандро талаб менамояд.
Ҳокимият вазифадор аст, ки давлат, ҷомеа ва шахсро аз нооромиву муқовиматҳо муҳофизат намуда, худ аз хавфу хатарҳо озод бошад, то устувории сиёсӣ, иктисодӣ ва иҷтимоиро гирифтори буҳрон насозад.
Таҳдиди дигари ба амнияти давлативу миллӣ таъсиррасонанда ин сар задани моҷароҳои ҳарбиву сарҳадӣ мебошад. Бинобар ин пешгирии моҷароҳои мухталифи иҷтимоӣ, этникӣ, пешгирии ҳиҷрати барзиёд, таҳкими пояҳои ваҳдат, рушди инкишофи ҷомеа дар заминаи манфиатҳои умумӣ вазифаи муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин роҳ Тоҷикистонро зарур аст, ки барои расидан ба истиқлолияти комил, инкишофи иқтисодиёти миллӣ талош варзад.
Таҳдид ба амнияти миллӣ ҳангоми ба миён омадани вазъияти номӯътадил дар сарҳади давлатӣ оѓоз мегардад. Дар Осиёи Марказӣ имрӯз ҳам байни як қатор мамлакатҳо муноқишаҳои сарҳадӣ ба чашм мерасад. Мо инро метавонем, бевосита аз баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистон, Қирѓизистон ва Ӯзбекистон мушоҳида карда бошем. Делимитатсияи сарҳадҳои Ӯзбекистону Қирѓизистон, Қирѓизистону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол ба охир нарасида, байни ин кишварҳо ҳудудҳои зиёди баҳсталаб мавҷуданд. Таҳдидҳои пайваста, хусусан, аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя метавонанд, боиси бунёди монеа дар инкишофи ояндаи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Бӯҳрони Афѓонистон бошад, заминаи асосии таҳдид на танҳо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми дунё аст.
Таҳдиди дигар ба амнияти Точикистон, Осиёи Марказӣ ва умуман, тамоми ҷаҳон ин зиёдшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ, ва динию мазҳабӣ ба шумор меравад. Афзоиши чунин гурӯҳҳо бо кирдорҳои разилонаву амалҳои ѓайриинсонӣ, авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаи барангезандаи таҳдиду зӯрӣ, расонандаи зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, таѓйири сохтори коститутсионӣ, ѓасби ҳокимият, ташкилкунандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Бо чунин нишдодҳо терроризм ва ҳам экстремизм зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчкун яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳои рӯи олам гардидааст. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ѓайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст, ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад. Баҳри пешгирии ташаккули падидаҳои номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунононе, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22.12.2016 таъкид гардидааст: «Олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Умуман, мавриди ташаккул қарор додани ҳимояи манфиатҳои миллӣ вобаста ба вазъияти инкишофи низоми тозаи олам, ҳамгироиҳо, пайвастагиҳо ва муносибатҳои мутақобилаи байниҳамдигарии акторҳои гуногуни сиёсати ҷаҳонӣ барои Тоҷикистони ҷавону тозаистиқлол муҳим аст. Дар ин самт бояд ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад:
- баланд бардоштани иқтидору қобилияти мудофиавии давлат;
- мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм;
- таъмини амнияти иттилоотӣ;
- мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва ҷинояткорӣ;
- таъмини амнияти энергетикӣ;
- таъмини амнияти озуқа;
- таъмини амнияти рушди саноат;
- таъмини инкишофи соҳаҳои хоҷагидорӣ.
Адабиёт:
- Зокиров Г. Н. (муаллиф-мураттиб) Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди I. Душанбе: «Андалеб-Р», 2015.
- Зокиров Г. Н. Геополитика. - Душанбе, 2009.
- Лебедева М.М. Политическое урегулирование конфликтов. - Москва, 1997.
- Нозим Нурзода. Ифротгароии динӣ ва наҳзатҳои исломӣ-омили нооромии ҷомеа // Минбари халқ. 24.02.2016
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2016.
- Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстремизм-падидаҳои номатлуб. - Хуҷанд: «Меъроҷ», 2017.