Таҳдидҳои экстремизму терроризм ва омилҳои иҷтимоӣ, иттилоотии шомилшавии ҷавонон ба он

Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ҷалби рӯзафзуни ҷавонон ба сафи ин созмонҳо ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона дар нуқоти гуногуни сайёра ҷомеаи муосири ҷаҳонро нигарон кардааст. Мавҷудияти муаммои зикргардида ҳамчун доғи рӯз дар ҷаҳон муаррифӣ гардида, садҳо давлати дунёро ба ташвиш овардааст. Имрӯз созмонҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта беш аз 500 ададро ташкил додааст, ки саропо ҳамаи онҳо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаро доранд.

Бо дарки муҳиммияти ин масоил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр доштанд, ки “Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.”

Ҳуҷуми гурӯҳи террористӣ ва мусаллаҳи 20 нафара ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод», ки бо истифода аз силоҳи оташфишон шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба вуқӯъ пайваст, аз ҳамин гуна амалҳои даҳшатовар ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф карда бошанд ҳам, аммо дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари дигар боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ ин гурӯҳи мусаллаҳ санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст задаанд.

Ин ҳодиса саволҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Чаро гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ баъзан аз ҳисоби занон, ҷавонон ванаврасону нобилиғон ва ҳатто оилавӣ худро ба куштор медиҳанд, розӣ мегарданд, ки дигаронро аз ҳаёт маҳрум созанд? Чаро арзишҳои инсонӣ, фарҳангӣ барои онҳо ноаён аст? Дар аслинсон экстремист ва ё террорист таваллуд намешавад, вале аз ӯ экстремисту террорист омода месозанд...

Ба назар мерасад, ки террористон аввал шавқманду мароқзоҳиркунанда ба ин падидаи ғайриинсонӣ гаштаанд ва баъдан ба амалӣ намудани он иқдом пеш гирифтаанд. Мақомоти қудратӣ террористонро метавонад, ки ҳангоми даст ба ҷиноят заданашон дастгир кунанд ва ё безарар гардонанд, аммо дар марҳалаи аввали интихоб гаштани онҳо аз ҷониби мубаллиғон ва ё шабакаҳои интернетӣ ба ҳаракатҳои террористӣ кор пӯшида мемонад.

Инсоне, ки дар дилаш имон дорад, тарс аз Худо дорад, мӯрчаеро ҳам наметавонад бикушад, аммо чӣ тавр инсон ба қотили худкуш, ба террорист табдил меёбад ва мардумкуш мешавад.

Муҳаққиқони терроризм ва экстремизм аз ҷиҳати равонӣ тафаккури террористонро ба риштаи баррасӣ ва таҳлил кашида, ба ду масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд:

Якум – мароқзоҳиркунии беандоза ба ин амал;

Дуюм – ғояи воқеан худро қаҳрамон ва фидоӣ шинохтани онҳо.

Дар замони кунунӣ баҳри ба вуҷуд овардани таваҷҷуҳ ва мароқзоҳиркунӣ дар гурӯҳи муайяни одамон дар ҷомеа эмиссарҳо, мубаллиғон (таблиғгарони ин падидаи номатлуб) ва дигар ниҳодҳои аз таълимоти махсус гузашта фаъолият мебаранд. Дар ин росто, барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мегардад. Бояд гуфт, ки тавассути компутер метавон дар як сония ба 10 ҳазор нафар мактуби тарғиботӣ ирсол намуд. Аз ин даҳ ҳазор нафар, мумкин аст даҳ кас ба он фирефта гардад. Ана боҳаминҳо минбаъд барои боз ҳам зиёд гардонидани мароқзоҳиркунӣ корбарӣ мешавад. Дар як соат ин рақам метавонад 60 маротиба афзун гарад ва шумораи мағзшӯигаштагон ба маротиб афзун шаванд.

Зимни тарзи ҳаёти дунявӣ, ки насли наврас дар иҳотаи он ба воя мерасад, мушоҳида мегардад, ба ҳаракатҳои террористӣ бештар ҷалб гардидани ҷавонон ба назар мерасад. Дар чунин ҳолатҳо ғояи сохта, вале барои инсони бетаҷриба ҷолиби барқарор ва ё бунёд кардани адолат метавонад барои ҷалб гаштани он ба гурӯҳҳои террористӣ мусоидат намояд. Дар ин замина, ба ҷавонон муғризона ва ҳадафмандона талқин мешавад, ки беадолатӣ дар сарзамине, ки зиндагӣ доранд, бештар буда, мардум беҳуқуқу сатҳи зиндагиашон паст аст. Ин талқинкуниҳо эътимоди наврас ва ё ҷавонро барои барқарор кардани адолат зиёд мегардонад ва он омода мешавад, ки барои ин ғоя “мубориза” барад. Аммо барои мукаммалтар гаштани мафкураи ӯ таълимоти динӣ ҳам истифода мешавад. Онҳоро бовар мекунанд, ки барои адолат ва ислоҳи ҷомеа, ҳар амал, аз ҷумла қатлу куштори инсон ва ё гурӯҳи муайяни одамон раво аст. Вақте ки наврас ва ё ҷавон мафкураи ба ном адолатхоҳонаро пайдо мекунад, онҳоро чун мухотабашон ба дом меандозанд ва даъват мекунанд, ки барои изҳори садоқати худ ба амали террористӣ, аз ҷумла қатлу куштор даст зананд.

Г.Нюйман, мутахассис доир ба шинохти терроризм ин се роҳи ба куштор шавқмандгардонии ҷавонони мағзшусташударо чунин шарҳ медиҳад:

Ҳавасмандгардонии фарҳангӣ - тибқи мантиқи онҳо ҷомеа бояд аз террористон бо дидани хуни рехташуда ҳарос дошта бошад;

Ҳавасмандгардонии ақлонӣ – ба террористон фаҳмонида мешавад, ки роҳи самараноктарини таъсиррасонӣ ба сиёсатмадорон гузаронидани амали террористӣ аст;

Ҳавасмандгардонии ғоявӣ – террористон талқин карда мешаванд, ки террор роҳи беҳтарини аз байн бурдани нуқсонҳои иҷтимоии ҷомеа ҳаст.

Фақат бо ҳамин роҳ мумкин аст тоза кардани ҷаҳон аз кофирон, аз байн бурдани мусулмонони ба андешаи террористон гунаҳкор ва кофиршуда ва амсоли онҳо.

Чун ба мафкураи террорист мубориза бурдан барои адолат, барои ҷорӣ намудани ин ё он мафкура нишаст, вай мекӯшад, ки барои амалӣ гаштани он худро фидо гардонад. Дар марҳилаи пайвастан ба сафи террористон шахс худро фидоӣ меҳисобад ва ҳар кирдору рафторашро барои адолат ва ғояҳои ба назараш беҳтаринва дар доираи он арзишҳои фаъолияти террористӣ мебахшад.

“Муаллимон” ва ё худ тарбияткунандагони террористон, ки аз дин сӯистифода доранд, чун ин ривояти сохтаю бофтаеро меоранд, ки гӯиё барои кушодани дарвозаи як шаҳре саҳобаи аз найзаи душманон пора-порагашта худро ба қатл расонидааст. Ин суханон таҳриф асту бас ва аз номи дини мубини ислом барои манфиати ҳадафҳои нопоки терроризм истифода мегардад.

Мубаллиғони ифротгароӣ дар байни ҷавонон бештар барои таблиғи ғояҳои худ ва ҷалби онҳо ба сафҳояшон кӯшиш мекунанд, зеро дар ниҳоди онҳо алҳол «ман»-и худияшон инкишоф наёфтааст. Муҳаққиқони сотсиолог барои ҳарчи бештар омӯхтани «ман»-и худии ҷамъият кӯшиш кардаанд. Бино бар андешаи сотсиолог Энтони Гидденс «ман»-и худии гурӯҳи муайяни одамон метавонад, ки аз ҷараёни сиёсӣ ва иҷтимоии маъмулӣ онҳоро берун бароварад. Вай дуруст қайд кардааст, ки дар раванди пайдо шудани «ман»-и худии насли наврас хурофот, устура, эътиқодҳои гуногун ва дар замони муосир дин ҳам таъсир мерасонад. Дар раванди ташаккули «ман»-и шахсии ҷавонон таълимоти динӣ ба тавре, ки барои мубаллиғон манфиатовар аст, фаҳмонида мешавад. Ин гуна тафсири таълимоти динӣ дар ҷавон «ман»-и шахсияшро тарзе ба таҳрик медарорад, ки вай қодир мегардад, ки барои расидан ба биҳишт ва ё дигар «мукофоти динӣ» худашро фидо кунад, одамонро ба қатл расонад. Назарияпардозони сотсиологияи ҷавонон, психологҳо андешаҳои худро бароидуруст ташаккул додани «ман»-и худии ҷавонон андешаҳояшонро иброз кардаанд. Ба андешаи онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ пайдо гаштани «ман»-и худии ҷавонон на танҳо ба муҳити иҷтимоӣ, балки ба муҳити коммуникатсионӣ, фарҳанги оммавӣ, рушд ёфтани индивидуализм низ робитаи мустаҳкам дорад. Воситаҳои коммуникатсионии мусоир ба монанди шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо, торнигорҳо низ ба ташаккули «ман»-и худии ҷавонон таъсиргузоранд.

Ба назари мо, ҳоло зарурат пайдо шудааст, ки гурӯҳҳои пешқадами ҷомеа аз зумраи олимону донишмандони ришта­ҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ дар тақвияти корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ миёни ҷомеа, аз ҷумла ҷа­вонон, дар самти муқо­вимат бо ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ фаъолият баранд ва ҳамчунин ҷиҳати омӯзиши замина­ҳо ва сарчашмаҳои зуҳури он корҳои муҳими илмӣ анҷом дода, бо таҳқиқи амиқи зуҳури ин падидаҳои номатлуб ва роҳу равишҳои муқовимат ба экстремизм ва тер­ро­ризм пеш­ниҳодҳои мушаххаси хешро бо ҳадафи коҳиши хатар­ҳои он дар ҷомеа изҳор дошта, баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин заминаи созгор гузоранд.

Аз ин лиҳоз, барои гирифтани пеши роҳи шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ лозим аст, ки тадбирҳои зерин пиёда гарданд:

  • Коркард, таҳия ва татбиқи Консепсияи ягонаи идеологӣ дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм. Ин ҷанбаи масъала баҳри ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонон, ва бо ин васила, ташаккули афкори миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳуввият ва ҳуррияти насли ҷавонон, омӯзонидани мероси фарҳангии моддию ғайримоддӣ ва ғайра замина мегузорад;
  • Таъсиси Марказҳои тадқиқотии сотсиологӣ ва психологӣ бо ҷалби мутахассисони варзида бо мақсади маслиҳатҳои равонӣ додан ба ҷавонони осебпазир, барои муайян ва қонеъ гардонидани талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин қишри ҷомеа;
  • Муқобилияти шадид бар зидди ташкилотҳои террористиву экстремистии ҳизби назҳати исломӣ, Паймони миллӣ ва амсоли онҳо бо мақсади решакан намудани падидаи фавқуззикр. Гарчанд дар самти мубориза ва пешгирии таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо, хоса байни ҷавонону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими амалӣ андешида шудааст, ҳаводиси солҳои охир ва фаъолияти пасипардагӣ ва муғризонаи ҳушдор месозад, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бо ин гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият вусъат дода шавад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра ҳамкории тарафайн муфид ва барои ормонҳои инсоният ҷавобгӯро ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин сиёсат мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои трансмиллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеа талаб менамояд баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа, табдирҳои муҳимро минбад низ пиёда гарданд.

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. – доктори илмҳои таърих, профессор,

ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ