Суруди миллӣ ифтихору сарбаландии мост!
Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом бахшада, шахсро ба сўйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум мекунад, соҳибватанро ба Ватан даъват менамояд. Дар ботини шахс эҳсоси ғурур, ғурур аз ватану ватандориро мепарварад. Дар баробари Нишон ва Парчами давлатӣ, Суруди Миллӣ низ муаррификунандаи давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён мебошад. Нафаре, ки дар ниҳодаш ифтихори миллӣ вуҷуд дорад, ҳангоми сафарҳои Пешвои миллат ба давлатҳои дигар, ғолибиятро ба даст овардани варзишгарони тоҷик бо баробари садо додани Суруди Миллӣ ифтихор мекунад, ки мо соҳибватанем.
Агар ба таърихи Суруди миллӣ андак назар андозем, дарак меёбем, ки ҳанӯз дар замонҳои гузашта, гимнҳо дар асоси сурудҳои динӣ пайдо шуда, ифодагари орзи халқро дошт. Аз ҳаминҷост, ки Суруди миллӣ тилисмест моро аз ҳар гуна офатҳо нигоҳ медорад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ оварда баҳри ободииВатан камари ҳиммат мебандад. Исбот мекунад, ки Ватани ў дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи сулҳу тамаддунҳост. Аз Ватани ў сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дўстиву меҳрубониҳо оғоз мегардад.
Суруди Миллиро аз ёд кардану дар ҳамагуна чорабиниҳо зам – зама кардани он барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам қарз асту ҳам фарз. Бешубҳа гуфта метавон, ки зам-зама кардани Суруди миллӣ ҳиссии ватандӯстии касро баланд мебардорад. Боиси ифтихору шодмонист иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда моро зарур аст, ки дар ҳамаи бахшҳои фаъолияти худ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ оғози фаъолиятро бо Сурудимиллӣ ба роҳ монем. Зеро Суруди миллӣ муттаҳидкунандаи халқияту миллатҳо, гаҳвораҷунбони дуньё, сарчашмаи хушкнашавандаи рўҳу илҳоми нав ба нав, қувваи тақдирсози миллат аст.
Қаюмов С.Р. – муаллими кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ