Суруди Миллӣ ифодагари дӯстии пойдори халқу миллатҳои кишвар
Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз рӯзи қабули расмиаш ба сарвати бузурги маънавии халқ табдил ёфта, онро тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ тараннум мекунанд.
Тавре, Сарвари давлат гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошанд».
Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки Суруди миллӣ (гимн) нисбат ба Нишон ва Парчам барвақттар пайдо шудаанд. Қадимтаринигимнҳо дар давлатҳои Миср, Байнаннаҳрайн, Сурия дар шакли сурудҳои динӣ ба вуҷуд омадаанд. Бори аввал гимн дар шакли хониши оҳангдор дар Юнони Қадим ҷорӣ гардидааст.
Суруди миллӣ бошад, ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Аз аввалин Суруди Миллӣ дар Аврупо, ин гимни миллии Британия буд. Баъдан гимни миллии давлатҳои дигар ба миён омада, дар давраҳои гуногун аз тарафи мақомоти олии ин ё он кишвар сониян расман ба тавсиб расидаанд.
Гимни Тоҷикистон ҳам дар шакли расмӣ мисли гимнҳои дигар давлатҳо таърихи на он қадар тӯлонӣ дорад. Нахустин Гимни давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1946 қабул гардида ва дафъаи дуюм, бо Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1977 дар таҳрири нав бо матни устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ гардида, аз 1 феврали соли 1978 то соли 1994 амал кардааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарруияти таълифи матни нави Гимни давлатӣ – Суруди Миллиро ба вуҷуд овард ва 7 сентябри соли 1994 аз тарафи Шӯрои Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Аз ҳамон давра Суруди миллӣ бо матни шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков дар тамоми ҷумҳурӣ танинандоз гардид.
Сурурди Миллӣ ин ифтихору эътибори миллат ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ буда, дар моддаи 3 Конститутсияи ҷумҳуриамон омадааст, ки “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”. Дар банди аввали Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавзеҳи зерин зикр шудааст, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.
Доир ба пайдоиши гимн ва суруди миллӣ бисёр олимон мақолаву дастурҳои хешро ба тавсиб расонидаанд. Яке аз ин олимон Иброҳим Пирназарзода, дар оғози фасли «Таърихномаи Суруди миллӣ» - и китоби хеш “Суруди Миллӣ” возеҳу равшан менависад: «Агар Нишон ва Парчами давлатӣ тавассути унсуру аломатҳояшон рамз ва инъикоскунандаи таъриху фарҳанги миллат бошанд, пас Суруди миллӣ нидои қалбҳо ва баёнгари бевоситаи таъриху фарҳанги асил ва орзуву омоли миллати тоҷик аз замони пайдоиш то ба имрӯз ва ояндаи дурахшони он мебошад. Ба ҳамин хотир, гуфтан ҷоиз аст, ки агар Нишон ва Парчами давлатӣ дар рӯи дастони мо ҷойгиранд, пас Суруди миллӣ дар қалбу зеҳн ва ниҳодамон ҷойгузин мегардад».
Воқеан, Суруди Миллиро бо ифтихор зама – зама кардан, азизу гиромӣ доштан, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат Суруди Миллӣ рӯҳи ҳамаро болида месозад ва ифтихори ватандории шахсро боло мебардорад.
Кучибоев Ш.И.–мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ