Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ
Барои хар як шаҳрванди Тоҷикистон Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддас мебошанд. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки муқаддасоти миллии худро қадр намоем. Суруди миллии мо рамзи давлати сохибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Эҳтиром намудан ва донистани Суруди миллӣ вазифаи муҳимиҳар яки мост. Сарвари давлат таъкид кардаанд, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб азёд карда шавад ва онро ба таври овози зинда хондан лозим аст. Суруди миллиро дар рӯзҳои идҳои умумимиллӣ, ҳамарӯза ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнвораҳо иҷро мекунанд. Ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ иштирокдорон онро рост истода мехонанд. Ин муқаддасоти давлат тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамун месозад. Эҳтиром намудани арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Тошева Х.Б. сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”