Сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар

Рӯзи 1 сентябри соли 2019 дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи Иди дониш таҷлил гардид. Ин руз дар таърихи кишвари мо ва дигар кишварҳои ҷаҳон чун рӯзи фархунда ва қадам ба олами илму донишва ру ба суи қуллаи фардои инсоният сабт гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин рӯзи таърихӣ баромад намуда, сокинони кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ - 28 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ орзу намуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад ва барои пешрафти кишвари мо, шукуфоии Тоҷикистон нақши асосӣ дошта, ҳар як шахрванди тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва онро ҷавонони мо чун омили муҳими хушбахтӣ ва кафили ояндаи дурахшон бидонанд ва қадр намоянд. Зимнан ёдоварӣ гардид, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ин таҷрибаи таърихӣ барои дигар кишварҳои олам низ хизмат менамояд.

Дар баромади сарвари мамлакат ба ҷавонон муроҷиат намуда, қайд намуд, ки сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо - ҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред. Бори ояндаи насли наврас, мардуми шарифи кишвар ба уҳдаи ҷавонон аст ва онон бояд вориси арзандаи падарон бошанд. мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем. Ин суханони Пешвои миллат барои ба самти дуруст сафарбар намудани аҳли ҷомиа нақши калидӣ доранд ва барои дар назар гирифтани масоили зайл диққати ҷомиаро равона месозанд: зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан; дар ғафлат намонда, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ доштан, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода будан. Ҷавонон фаротар аз он бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, муборизаи беамон бурданро омӯзанд.

Президенти мамлакат иброз намуд, ки Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи идоракунии давлатӣ, ки соли 2013 ташкил ёфт, барои идоракунии бонизоми кишвари мо муҳим буда, устодону донишҷӯён ва шунавандагону коромӯзони ин муассиса аз чунин шароити замонавӣ самаранок истифода карда, раванди таълимро бо сифати баланд ба роҳ мемонанд, таҷриба меомӯзанд, такмили ихтисос намуда, аз мактаби роҳбарӣ мегузаранд ва дар таҳкиму рушди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки пешниҳод менамоям, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад. Таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Аз баромади пурмуҳтавои худ Пешвои миллатнасли навраси мамлакат руҳу илҳоми тоза гирифта, барои дар оянда ба сармашқи омӯзишу кори худ гирифтани суханони дар Паём зикргардида кӯшиш хоҳанд намуд.

Кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ