Сулҳу амният боиси пешравист

Сафари кории навбатии Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж, кидар санаи12.11.2019 оид ба масъалаҳои сулҳу амният баргузор гардид, хеле муҳиму назаррас ва бамавриду актуалист, зеро музокираи асосии иштирокчиёни Форум масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва пойдориву мустаҳкамии сулҳу шукуфоист. Ҳамчунин, иштирокчиён дар ҳалли муаммоҳои муҳими актуалӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо мубодила ва ибрози андеша намуданд.

Дар форуми навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африка, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок карданд.Дар доираи ин форум ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкории густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.Дар кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди инклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ гардиданд. Мақсадиарзишманду ниҳоииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонин пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва зисту зиндагонии мардум буда,самти корӣ ва фаъолиятиҳамаҷонибаи худро ба ҳалли рушди стратегии миллӣ бо роҳи ҳалли масъалаҳои иқтисодиву такомули системаи идоракунии давлатӣ, пешравии мубодилаи савдову тиҷоратбайни кишварҳо ва беҳтар намудани муҳити инвеститсионивухусусӣ равона намудааст. Ҳамин тариқ, равшан мегардад, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Европа робитаҳои дипломатиро мустаҳкам намуда, муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди байналмилалӣ инъикос менамояд.

Ризоева Р.Б., Ҷӯраева М.У. – муаллимаҳои кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултетитаҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ