Сукут аломати ризост
Беътиноӣ нисбати паҳншавии маводу изҳороти пучу ноҳақ, ғалату фиребанда, тиҳӣ аз далелҳо, ки таҳдид ба амнияти миллӣ дорад, баробари хиёнат ба Ватан аст. Бинобар ин, муболиғаи Саидюнуси Истарвашанӣ дар фейсбук ва ба фермаи ҷавоб марбут донистани фаъолони ҷамъиятиву солимфикрони дурандеш боз як иғво барои паст кардани сатҳи маърифатнокии мардум ва монеаи нав дар огоҳсозии онҳо аз воқеияти ҳол аст. Зеро онҳо намехоҳанд, ки маърифатнокии мардум таъмин гардад. Дар урфият мегӯянд, ки сукут аломати ризост. Ё мо магар лол ҳастем, ки дар паҳншавии суханҳои бофтаву сохтаи хоинон чашм пӯшем. Охир фирефтаи онҳо фарзандони мо мегарданд.
Агар мухолифини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар солимфикрони соҳибқаламро ба фермаи ҷавоб марбут донанд, бигзор дар ҷомеа чунин гурӯҳ ташкил карда шавад. Ин як фикри олӣ аст. Муҳим теғи кунду зархариди хоинон ба хок бархӯраду ваҳдати миллӣ пойдору бегазанд бошад.
Озодандеш