Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст

Ҳамаи он ҳаракатҳо, паймонҳо ва ҷунбишҳое, киберун аз ҳудуди Тоҷикистон амал мекунанд, онҳо ташкилотҳои бо мадади хоҷагони хориҷӣ бунёдёфта мебошанд. Онҳо ба манфиати тоҷику Тоҷикистон кори манфиатовареро анҷом намедиҳанд. Роҳбарон ва аъзоёни ин гурӯҳҳои дар хориҷа ташкилшуда, аз нодонӣ ва кўтоҳандешӣ ё фирефтаи пулу чиз шуда, ба он аъзо шудаанд. Мегўянд, ки «вақт нишон медиҳад».

Албатта, бештари ин гуна шахсондертар хатогиии худро мефаҳманд, аз кори кардаи худ пушаймон мешаванд. Локин вақтро гузаронида… Бигзор, дертар бошад ҳам, аз кори кардаи худ пушаймон шаванд, ислоҳ гарданд. Локин дар охир каме бошад ҳам, ба Ватан, Точикистони азизи худ хизмат намоянд. Ин қобили қабул ва дастгирӣ аст. Ба шарте ки онҳо сидқан пушаймон шудаву хатогиашонро дарк карда бошанд. Охир Ватан, Ватан аст! Қадру қиммат, хизмати Ватанро қадр бояд кард. Чӣ хеле ки мегўянд: - «Ватан аз тахту тоҷи Сулаймон беҳтар» аст. Боз мегўянд, ки «гадои Ватан будан, беҳ аз шоҳи беватанӣ» аст. Биёед, рафиқон, ин чизро хуб дарк намоем, ба баъзе гуноҳу камбудиҳоямон иқрор шавем.

Тоҷикистони мо чун модар бахшояндаю меҳрубон аст. Сарвари давлатамон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон низ қонунҳое қабул кардаанд, кибаъзе ҷурмҳои моро авф мекунанд, аз гуноҳоямон мегузаранд. Ин аз рўи адолат, башардўстӣ, тараҳҳумушавқат аст. Боз мегўем, ки сидқан гуноҳи худро фаҳмидаю сидқан пушаймон шуда бошанд, дигар ба роҳи бад нараванд, ба гапҳои «болохонадорӣ»хоҷагони хориҷӣ бовар накунанд. Мисоли равшанӣ ин пушаймонии Айёмиддин Сатторзода ва чанд «ҷанговарон» - и Сурия мебошанд. Агар Шарофиддин Гадоев «Аз кардааш сидқан пушаймон шуда, ихтиёран омада» бошад, ин шоистаи ибрат барои дигарон «аз ҷумла барои Алишер Абдураҳмонов низ» гардад.

Аммо барои ин дар хориҷа, аниқаш рў ба рўи сафорати Тоҷикистон ташкил намудани эътирозу митингҳо қобили қабулва пайравӣ нест. Ин танҳо нишонаи кўтоҳандешӣ ва ба амал овардани вазъи ноором дар хориҷа мегардад.

Мегўянд: - Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ. Мо – даъват менамоем, киин гуна «ташабусҳо» - и хом ва кўтоҳандешона бас карда шаванд ва ҳар шахси Ватандўст қудрат, нерўи худашро дар Тоҷикистон – Ватани биҳиштосоямон нишон диҳад.

Охир худи Шарофиддин Гадоев ҷасорату мардонагӣ карда, гуфтааст, ки «аз кардааш сидқан пушаймон шуда, ихтиёран омадааст» Аз тарафи мақомоти Руссия низ касе ба ин кор дахолат накардааст.

Гурӯҳи эҷодии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ