Сомонаи “Ахбор”-и Мирзои Салимпур ва дасисаҳои бўҳтонангез
Мардуми кишвар бояд дар сиёсати имрўзаи давлат дар тамоми самти пешравии ҷомеа фаъол бошанд, амнияти давлату давлатдориро ҳимоя созанд. Фазои амнияту устуворӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз беҳтарин неъматҳою арзишҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб мераванд.
Агарчи мо дар асри бисту як қадам гузоштаем, бояд бидонем, ки қувваҳои аҳриманӣ ҳанўз дар саросари олам пурра мағлуб нагардидаанд. Миллатчигиву сиёсати муғризонаи бузургдавлатӣ ҳам то ҳол арзи ҳастӣ доранд. Ба дараҷае, ки имрўз баъзе сарварони ҳатто машҳури мамолики гуногуни дунё асри қаблиро даврони ҷангу ҷидоли шадиди тамаддунҳо медонанд.
Бояд гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дастоварду комёбиҳо нафароне кам нестанд, ки муваффақиятҳоро нодида мегиранд ва пайваста талош мекунанд обро лой намуда, моҳӣ ба даст оранд. Ин тоифа дар ғурбат бо оворагардиву чоплусии хоҷагони худ машғул буда, мехоҳанд бори дигар ватани моро оғўшатаи хун созанд. Яке аз ин гуна афроди дунҳиммат сармуҳаррири сомонаи “Ахбор”-и Мирзои Салимпур мебошад, ки пайваста маводи иғвобаренгезро интишор намуда, дар бораи Ҳукумати кишвар, мансабдорони воломақом ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ матолиб менависад. Маводи нашр намудаи ў пур аз дурўғу буҳтон ва ғаразҳои шахсӣ буда, танҳо баёнгари тафаккури харобу манқуртии ў мебошанд. Азбаски ин соҳибқалами қаламшикаста забонкутаҳи назди хоҷагони худ аст, маҷбур аст, аз зери нохун чирк кофта, туҳматномаҳову иғвономаҳо нависад ва бо ин восита садоқати худро ба онҳо нишон диҳад. Аммо фаромўш набояд кард, ки ин муносибату рафтори ҷаноби Салимпур мисли аккос задани саг ба сўи маҳтоб аст, ки фақат кӣ будани худи ўро муаррифӣ менамояд. Бояд ин бедори хуфта дарк кунад, ки дигар мардуми шарифи тоҷик бофтаю сохтаи ў бовар намекунанд ва фирефтаи суханони пўчу бемаънӣ намешаванд.
Хадафи асосии устодон аз ин иборат аст, ки шогирдони худро дар рўҳияи баланди миллӣ , ватанпарастӣ , инсондўстӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ тарбия намояд.
Изҳороти устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик