Сиёсати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бердишукуров А.

Масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ пайдо намудааст. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ объекти муҳими тадқиқи илмҳои сиёсӣ мансуб меёбанд. Давлат таъмини амниятро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Аз ин хотир, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи моҳияту хусусиятхои ин масъала, зарурати тадқиқ ва таҳлили паҳлӯҳои гуногуни назария ва амалияи амнияти давлатӣ ва таъмини бехатариро дар доираи илмҳои сиёсӣ ва низоми донишҳои дигари гуманитарӣ ба миён меорад. Дарки амиқ ва фаҳмиши васеи масъалаҳои мазкур имконият медиҳанд, ки раванди ташаккулу рушд ва сатҳи таҳдиди хатарҳои сиёсии Тоҷикистон дар давраҳои дуру наздики ҳаёти сиёсӣ мавриди тадкиқ қарор гиранд.

Ҳанӯз ҳам дар байни олимон ва муҳаққиқон чӣ нисбати моҳият ва мазмуни мафҳуми "амният" ва чӣ тамоюлҳои инкишоф ва нақши иҷтимоию сиёсии ин падидаи ҷамъиятӣ гуногунфикрӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаи он, ки амният чист ва сохти он чӣ гуна аст, ақидаҳо гуногунанд. Масалан, як қатор муаллифон мазмуни мафҳуми "амният"-ро васеъ шарҳ дода, амалан онро бо мафҳуми "манфиатҳои миллӣ" монанд мекунанд ҳ2, 345]. Аммо ин мафҳумҳо бо ҳамдигар алоқаи зич дошта, аз бисёр ҷиҳатҳо бо якдигар мувофиқат кунанд ҳам, дар байни онҳо тафовутҳо низ ҳастанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар луғати энсиклопедии Брокгауз ва Ефро дар мақолаи "Амният" дар бораи таҳдидҳо ба шахсият, ҷомеа ва давлат сухан меравад, инчунин, зарурати бартараф намудани чунин хатарҳо, ба монанди аз ҳад зиёд афзоиш ёфтани аҳолӣ, бемориҳо ва ҳодисаҳои нохуш, гуруснагӣ ва "хатарҳое, ки ба несту нобуд шудани моликият таҳдид мекунанд" (1, 304-307), таъкид карда мешавад. Аз ин рӯ, таҳлили ин проблема бидуни баррасии масъала оид ба намудҳои амният, ки дар асарҳои бисёр мутахассисон мавқеи махсусро ишғол намудааст, имконнопазир мебошад. Онҳо чунин намудҳои амниятро зикр менамоянд: байналхалқӣ, минтақавӣ, миллӣ (давлатӣ), сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ.

а) Аз рӯи хусусияти манбаъҳои таҳдид ду гурӯҳи амнияти миллӣ аз ҳам фарқ карда мешавад: амнияти берунӣ ва амнияти дохилӣ.

б) Аз рӯи объектҳои амният он ба амнияти шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва амнияти давлат ҷудо мешавад.

в) Мувофиқи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти инсон амниятро ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд: амнияти сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти ҳарбӣ, амнияти иҷтимоӣ, амнияти иттилоотӣ,амнияти экологӣ, амнияти демографӣ, амнияти энергетикӣ ва намудҳои дигари амният.

Ҳамин тавр, тадқиқи намудҳои гуногуни амният то ҳол анҷом наёфтааст. Нисбати маҳакҳои ҷудо кардани онҳо ва нисбати натиҷаҳои муайян кардани намудҳои мушаххаси амниятӣ низ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд.

Маьлум аст, ки ҳамаи намудҳои амният, ки дар байни онҳо робитаҳои ҳамдигарии мураккаб вуҷуд доранд, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дар асоси таъмин ва танзими ҷанбаҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ тафриқагузорӣ карда мешаванд. Инчунин, вактҳои охир тамоюли ҷудо кардани намудҳои нави амният ба мушоҳида мерасад. Масалан, торафт бештар дар бораи амнияти фарҳангӣ, амнияти зеҳнӣ, амнияти генетикӣ сухан меравад, дар доираи амнияти маънавию ахлоқӣ бошад, чунин намудҳои амният, ба монанди амнияти психологӣ, дар системаи амнияти иқтисодӣ - амнияти техникӣ, технологӣ, инфраструктурӣ, асъорӣ ва намудҳои дигари он мушоҳида карда мешавад (3, 43). Бо назардошти тадқиқотҳои назариявӣ оид ба таҳлили моҳияти амният ошкор кардани намудҳои он, хусусияти манбаъҳо ва инчунин манбаъҳои таҳдид ва объектҳои он муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дигар кишварҳхо муайян менамояд.

Моҳиятан истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти берунӣ ва хориҷии он устувор гардидани принсипи зӯроварӣ накардан, пеш аз ҳама, ба бартариятҳои геополитикӣ вобаста мебошанд. Сиёсати давлати мо ба ташаккул додани иқтисоди бозории инкишофёфтаи ҷанбаи иҷтимоӣ дошта ҳамчун қисми таркибии иқтисоди ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Ба ҳамин тариқ, соҳаи амният фазои иxтимоию сиёсиест, ки асосҳои бунёдии ҳастии ҷамъиятро фаро мегирад. Системаи истеҳсолию иқтисодии ҷомеа, соҳаи робитаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии инсон, инчунин соҳаи ҳаёти маънавии ӯ ба мавҷудият ва инкишофи бехатар ниёз доранд. Бо мақсади роҳ надодан ба равандҳои бетартибона ва стихиявӣ - ин соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба тадбирҳои махсуси танзим ба манфиати таъмини тавозуни тадриҷӣ, субот, тамомият ва мутобиқати унсурҳои асосии таъсири берунӣ ва дохилии ҷомеа эҳтиёҷ доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки зери мафҳуми таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақсадноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон дар муайян ва пешбинӣ намудани таҳдид ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ва муқобилият ба онҳо ҳамчун шарти зарурӣ ва қатъии ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.

Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлат, балки кулли ҷомеа ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ, ба амалисозии воқеии онҳо равона карда мешавад.

Сиёсати амнияти миллӣ дар заминаи принсипҳои қонуннигории ҷиддӣ, риояи мизони манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, масъулияти мутақобилаи шахс, ҷомеа ва давлат барои амнияти миллӣ, инчунин, бо назардошти системаҳои байналхалқии амнияти дастаҷамъӣ пеш бурда мешавад.

Самтҳои асосии сиёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат, бо назардошти зарурияти коркард ва истифодаи пурмаҳсули воситаҳо алайҳи таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба ин манфиатҳо муайян карда мешавад. Мақсадҳои дарозмуҳлати сиёсати амнияти миллӣ тавассути ҳалли маҷмўи вазифаҳое, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётро фаро мегиранд, амалӣ карда мешаванд. Барои таъмини бомуваффақияти сиёсати амнияти миллӣ аз ҷониби давлат барномаҳои мақсадноки мувофиқ коркард мешаванд, ки дар доираи онҳо вазифаҳои асосии сиёсати таъмини амнияти миллӣ муайян ва ҳал карда мешаванд.

Мақсади асосии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкил ва таъмини дараҷаи зарурии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими тамоми объектҳои бехатарӣ маҳсуб меёбад, ки барои равнақи шахс, ҷомеа ва давлат шароити мусоид фароҳам оварад, пеши роҳи таҳдиди паст шудани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гирад ва имкониятҳои давлатро дар таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун намояд.

Асосҳои қонунии таъмини амниятро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният ба танзим медарорад, инчунин шартномаҳои байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ё тарафдорӣ намудааст, ташкил медиҳад.

Дар таъмини амният маҳдуднамоии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон қобили қабул нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ менамояд.

Амнияти миллӣ ҷиҳати пеш бурдани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёт, бо системаҳои чорабиниҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташкилӣ, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат хатар эҷод мекунад, таъмин карда мешавад.

Субъекти асосии таъмини амнияти миллӣ давлат маҳсуб ёфта, вазифаҳои мазкурро дар ин соҳа тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад. Давлат мувофиқи қонуннигории ҷорӣ амнияти ҳар як шахрвандро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он кафолат медиҳад. Барои ташкил ва таъмини дараҷаи зарурии муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи меъёрҳои ҳуқуқӣ коркард мешаванд, ки муносибатҳоро дар соҳаи амнияти миллӣ ба танзим медарорад, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораро дар ин соҳа муайян месозад, мақомоти таъмини амнияти миллӣ ва дастгоҳи назоратӣ аз болои он ташаккул меёбад.

Ҳамин тариқ, дар системаи таъмини амнияти миллӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандоне, ки тибқи қонун дар таъмини амният ширкат меварзанд, инчунин, қонунҳое, ки муносибатҳоро дар саҳаи амният ба низом медароранд, шомил мебошанд.

Доираи вазифаҳои системаи таъмини амнияти миллӣ хеле васеъ мебошад. Вай ғайр аз вазифаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» муайян намудааст, инчунин вазифаҳои банақшагирии фаъолияти мақомот ва нерӯҳои амниятӣ дар режимҳои мухталифи фаъолияти системаҳо, дар ташкили муносибат миёни ташкилоти гуногуни давлатӣ, савдо ва ҷамъиятӣ, дар муайян намудани ҷойгузини мақомот ва нерӯҳо дар ташкили чорабиниҳои таъмини амнияти миллӣ, дар таъмини фаъолияти муттаҳида дар мустаҳкам кардани амнияти тамоми ҷумҳуриро шомил месозад.

Нерӯҳои таъмини амнияти миллӣ мутобиқи қарори Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати таъмини амнияти миллӣ ташкил ва рушд дода мешавад. Ба нерӯҳои таъмини амнияти миллӣ Артиши миллӣ, дигар ташкилотҳо ва муссисаҳои низомӣ, ки дар онҳо конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро муайян намудааст, инчунин, ҷузъу томҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки вазифаи таъмини амнияти миллиро адо менамоянд, шомил мебошанд.

Дар ташаккул ва амалисозии сиёсати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳуқуқҳои конститутсионии худ иштирок менамояд, аз ҷумла, мақомот ва нерӯҳои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора ва вазифадор менамояд, мутобиқи қонуннигории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомот ва неруҳои таъмини амнияти миллиро ташкил, пароканда ва ихтисор карда метавонад, оид ба проблемаҳои амнияти миллӣ бо Паём муроҷиат менамояд. Дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат ҷиҳатҳои Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дақиқ, самтҳои муосири сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд.

Fайр аз вазифаҳои номбаршуда, ки бевосита системаи таъмини амнияти миллӣ иҷро менамояд, инчунин, давлат вазифаҳои дигари мухталифро адо менамояд, ки он ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат мекунад.

Дар ин ҷода самти муҳимми сиёсати давлат, яъне ҳалли вазифаҳои соҳаи иқтисодӣ мебошад. Пеш аз ҳама ин:

- рушди иқтисоди кишвар, пеш бурдани иқтисоди мустақил ва моҳиятан мазмуни иҷтимоӣ дошта;

- рафъи вобастагии илмӣ-техникӣ ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарчашмаҳои хориҷӣ;

Вазифаҳои муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷӣ иборат аст аз:

- ташкили шароити хуб барои ҳамгироии байналхалқии иқтисоди кишвар;

- афзун намудани бозори истеҳсоли ватанӣ;

- ташаккули фазои ягонаи иқтисодии ИДМ;

Пеш бурдани сиёсати бамизони қарзию молӣ моҳиятан муҳим мегардад, ки он вобастагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз қарзҳои беруна зина ба зина кам менамояд ва мавқеи онро дар муассисаҳои молию иқтисодии байналхақӣ устувор месозад.

Афзун намудани нақши давлат дар танзими фаъолияти муассисаҳои бонкӣ, суғуртавӣ ва маблағгузор, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муайяну асоснок доир ба истифода додани захираҳои табиии стратегӣ, телекоммуникатсияҳо, шабакаҳои нақлиётӣ ва маҳсулоткашонӣ ба компанияҳои хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Андешидани чораҳои натиҷабахш дар соҳаи танзим ва назорати асъор бо мақсади пешгирии истифодаи асъор дар бозори дохилӣ ва пешгирии беназорати интиқоли маблағ таъмини амнияти миллиро вусъат мебахшад.

Мақсад ва вазифаи муҳимтарини Давлати Тоҷикистонро муҳайё намудани шароити кафолатнок барои ҳаёти озоду бехатари шаҳрванд, фард ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарии ҳуқуқҳои инфиродии шахсиятро нисбати ҳар гуна зуҳури ин падида эътироф ва эҳтиром намояд, бо кишварҳои мутамаддини олам мепайвандад. Зеро дар инкишофи ҳамкориҳо ва пайвастагиҳо эътирофи афзалияти ҳукуқҳои шаҳрванд нисбати шаклҳои дигари зуҳури ҳуқуқи инсон воситаи муҳим ба шумор меравад. Вазифаҳои мазкур моҳият ва хусусияти амнияти миллиро дар раванди сиёсии ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Дар таъмини бехатарӣ ҳар як фард ва давлат масъулияти хоса доранд. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ масъалаи масъулияти давлат ва шаҳрванд дар таъмини амнияти давлатӣ беҳуда дарҷ нагаштаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин хотир, ѓамхории давлат нисбати таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд.

Давлат бояд низоми муташаккил ва муттамарказе ба миён орад, ки шахс, ҷомеа ва давлатро аз нооромиҳо ва муқовиматҳо эмин дорад ва он аз ҳар гуна хавфу таҳдидҳо озод бошад, вагарна устувории иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ гирифтори буҳронҳо мегарданд.

Адабиёт:

  • Луғати энсиклопедӣ. –Душанбе: Ирфон, 1989. - С. 304-307
  • Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. -Душанбе, 2010. - С.442.
  • Янковский Р.Г. Амнияти маънавию ахлоқии Русия // Сотсис.- 1995, №2. –С.43.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ