Сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ мақоми шоистаи худро пайдо намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои зиёди дунё ба роҳ мондааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, дар тадбиқи амалии он, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналхалқӣ саҳми бузург доранд.

Сафарҳои расмӣ, кории Сарвари давлат ба мамолики хориҷӣ, иштирок дар ҳамоиш ва мулоқотҳои сатҳи олӣ ва дигар чорабиниҳои байналхалқӣ барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун нақши муҳим мебозад.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистонро принсипи “Дарҳои кушод” ташкил мекунад, ки моҳияти он ҳамкориҳои судманд бо тамоми мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар мебошад.

Сафари чанде пеш ба амал овардаи Пешвои миллат ба давлатҳои Аврупо – Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса далели сиёсати густурдаи хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Зимни сафари худ ба Швейтсария Президенти мамлакат Эмомоалӣ Раҳмон бо шахсиятҳои воломақоми сиёсӣ, ходимони илму фарҳанг, соҳибкорон, аз ҷумла Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг, бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид, бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан, бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар, бо Президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флай мулоқотҳои судманд ва самарабахш доштанд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейдсания панҷ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

  • Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­­
  • Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари америкоӣ.

Санадҳои мазкур робита ва ҳамкориҳои ду кишварро тақвият бахшида, онро ба сатҳи боз ҳам баланд хоҳад расонид.

Баъди анҷоми сафари Швейтсария Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса ташрифи расмӣ ба амал оварда, дар ин мамлакат низ бо шахсони сатҳи олӣ - Президенти ин мамлакат Эммануэл Макрон, бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш, бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот намуда, инчунин дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия иштирок, мулоқот ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни сафар Пешвои миллат ҳамчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия вохӯрии самимӣ доштанд.

Натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия ва мулоқот бо Президенти ин мамлакат Эммануел Макрон ва дигар шахсони расмӣ бо имзои ёздаҳ санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ба анҷом расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023;

- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);

- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.

Сафари расмии Пешвои миллат ба Швейтсария ва Франсия саҳифаи нави ҳамкориҳоро дар байни Тоҷикистон ва ин давлатҳо боз намуда, далели сиёсати муваффақона ва собитқадамонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ ва меъмори ин сиёсат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Ҷабборов И.Р., Шарифов Ш. устодони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ