Шӯравӣ давлати атеистӣ буд, на динӣ!

(Дар ҳошияи матлаби ҳангомаҷӯёнаи ифротиён “Шӯравӣ

нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард”)

Чанде қабл ба воситаи саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Payom.net, Isloh.net ва дигар шабакаҳо, ки ба гуруҳҳои манфиатҷӯву тафриқаандоз ва ҳаводорону тарғибкунандагони ақидаҳои носолими ТЭТ ҲНИ тааллуқ доранд, матлабе таҳти унвони “Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” нашр гардид. Дар ин матлаб мулоҳизаҳои собиқ раиси ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Ашт Абдуманнон Шералиев ба сифати коршинос ва дигаре ҳамчун ҳуқуқшинос оварда шудааст, ки хусусияти тафриқаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ касб кардааст. Тавре аз мутолиаи ин матлаб аён гардид мураттибони ин мақола мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор кардаанд, ки бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ манъ менамуда бошад.

Таҳиягарони ин матлаб ба маълумотҳои расмӣ ва тасдиқкунанда такя накарда, аз овозаву ҳангомаҳои бардурӯғу ғайрирасмӣ истифода намудаанд. Ин омил ба он шаҳодат медиҳад, ки таҳиягарон аз сабаби дуриашон азхоки Тоҷикистон ноогоҳии худро аз рӯйдодҳои дохилии кишвар нишон додаанд, ки ин боиси таассуф мебошад.

Нахустин матлабе, ки дар он зикр гардидааст, ин шарҳи оқибатҳои қабули қонуниманъи вуруди занону духтарон ба идораҳои давлативу хусусӣ ба шумор меравад. Акнун суоле пайдо мешавад, ки чаро ин нафарони ба ном диндор аз ҳиҷобу русарии занони тоҷик сухан ба миён овардаанд? Ба ин суол як мусоҳибаи донишманди Эронӣ Парвиз Шаҳчароғӣ, ки дар сайти рӯзномаи “Фараж” таҳти унвони “Назди онҳо ҳиҷоб ба унвони парчам аст” посух медиҳад. Ин коршиноси маъруфи сатҳи байналмилалӣ дар ҷавоб ба суоли “Ҳарфҳои Шумо дар бораи Парчам ва ҳиҷоб хеле ҷолиб буд” чунин посух додааст: ”Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт, дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. Метавонанд дар ҳолати зарурат аз ҳама чиз гузашт кунанд, аммо ҳиҷобро раҳо нахоҳанд кард. Дар байни вакилону вазирону мудирон набояд онҳое бошанд, ки дузанаву сезанаанд ва ё муҳити хонаводагиашон сатрпӯш бошанд. Чун шахси давлатманд яъне корманди мақомот, ки дузана аст, чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи зан дифоъ кунад, ки аз шартҳои муҳими давлати дунявӣ ва демократӣ аст?”.

Дар қиёс ба ин матлаби олимонаи Шаҳчароҳӣ тавре алакай ба мушоҳида расид ҳарфҳои Абдуманнон Шералиев умумӣ буда, танҳо дар пушти ин ҳарфҳо манфатҳои шахсиву гуруҳӣ пинҳон гардидааст. Мебоист қабл аз баёни ин ҳарфҳо аз таърих ва ҳодисаҳое, ки ёдовар шудааст (ва мо чандин санадҳои ҷолибро дар зер хоҳем овард) мисол оварда, аз умумигӯиҳои бемантиқона даст мекашид. Абдуманнон Шералиев, ки ҳарчанд қисман маълумоти рӯзноманигорӣ дорад, аммо худ дидаву дониста аз қонунмандиҳои васоити ахбори омма дар шароити навин истифода намебарад ва баръакс бо овардани иттилооти ҳангоматалабона ва таҳлилҳои шахсиву гуруҳӣ мардумро гумроҳ карда истодааст.

Вобаста ба ин, чунин нигоҳу назараси коршиносоне ба мисли Абдуманнон Шералиев, ки онҳо асосан дар хидмати сомонаҳои ёдшуда ҳастанд ва ба ҳар сухану гуфтори он “балегуён” тавре алакай таъкид шуд омодаи баёни ҳар гуна изҳори назарҳои ҳангоматалабона ҳастанд.

Дар назари аввал бояд афзуд, ки ба хотири паҳни андешаҳои ҳангомаҷуёна масъулини ин сомона ва коршиносони он дар зери мафҳуми сатру ҳиҷоб масъалаи рӯймол бастани занону бонувони тоҷикро ҳамроҳ намуда, мехоҳанд давлату ҳукуматро бадном созанд, ки гӯё ҳуқуқҳои онҳо поймол мешавад. Ин гуруҳҳои зархарид ҳамеша он сатру ҳиҷобе, ки аслан ба фарҳанги миллии мо рабте надорад, мехоҳанд бо руймоли миллӣ омехта намуда, дар ин замина давлатро гунаҳкор бар манъи бастани рӯймол намояд. Ҳол он ки тамоми мардуми Тоҷикистон шоҳид ҳастанд, ки ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ як коргоҳ бастани руймоли миллӣ ва пушидани либосҳои мутобиқ ба фарҳанги миллии мо манъ нашудааст. Марҳамат, ба ихтиёр коргоҳ муроҷиат намоед, занону бонувону духтарони тоҷик озодона аз либосҳои миллии худ, хоса рӯймол истифода мекунанд. Ҳатто дар мақомоти давлатӣ занону модарону хоҳарони зиёде ҳастанд, ки аз либосҳои миллӣ ҳамчун унсури фарҳанги ахлоқӣ истифода мекунанд, касе ба онҳо монеъ нашудааст.

Аъзоёни маҳфили “Нерӯи сухан”-и донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ