Шумо иғвогароёни беватан ба мақсади нопоки худ намерасед!…
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро беш аз 150 давлати ҷаҳон ба расмият шинохт. Узви СММ гардидани Тоҷикистони озоди мо ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шудан, барои мардуми тоҷик ин боиси ифтихор ва хушбахтӣ аст.
Ин хушбахтии миллати тоҷикро як гуруҳ нотавонбинон дар хориҷи мамлакат истода чашми дидан надоранд. Онҳо пайваста бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ, мехоҳанд бо садо баланд кардан ва ташкили чорабиниву гирдиҳамоӣ обрўву эътибори миллати тоҷикро дар байни дигар кишварҳо паст зананд. Ин кўшишу талоши онҳоро дар ягон гўшаву канори олам қабул намекунанд, зеро шаҳрвандону роҳбарони дигар кишварҳо хуб медонанд, ки айни ҳол дар кишвари мо чӣ қадар ободиву пешравӣ ба чашм мерасад ва мардуми ин кишвар озодона дар ватани азизи худ Тоҷикистон зиндагонии шоиста доранд.
Ягон шахс ҳуқуки берун аз кишвари мо истода, номи Тоҷикистонро ба забон гирифтан ва дар атрофи мардумони ин миллат суханҳову гуфторҳои беасосу пуч (яъне бе мағз) гуфтанро надорад. Ин гуруҳи гумроҳшудагон, ки аз пеши худашон гуруҳ ва ташкилотҳоро бунёд мекунанд ва бо ин мақсад ба оромиву осудагии мардуми кишвари Тоҷикистон халал расонидан мехоҳанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад. Зеро миллати тоҷикро тамоми мардумони рўи оламаз дастовардҳо ва комёбиҳои беназири он таҳти Сарварии Поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат огоҳанд.
Зайд Саидов, ки собиқ вазири саноат, дар ҳабсҳона қарор дорад ва муовини раҳбари ТЭТ ҲНИ Ҳаит Муҳаммадалӣ ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров бо қарори суд аз озодӣ маҳрум карда шудааст, ва ин масъаларо метавон аз қонундонҳо, яъне ҳуқуқшиносон оид ба ин мавзуъ пурсон шуд. Ягон шахсе наметавонад нисбат ба қарори қабулкардаи намояндаи суд, бе иҷозати мақомоти дахлдор эътироз намояд.
Як гуруҳ шахсони нобакор ва ноуҳдабаро дар кишвари Федералии Олмон мехоҳанд гирдиҳамоиро ташкил кунанд. Онҳо тамоман намедонанд ва ё худ намефаҳманд, ки ин корашон ба обрўву эътибори шаҳрвандони кишвари ваҳдатофари тоҷик ҳеҷ гоҳ намезебад.
Замони дар вазифаи роҳбарикунада қарор доштани Зайд Саидов нисбати ў шиорҳои “ғоратгар”, “дуз”, “мутаҳам” -ро андешаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки аз вазифаи доштааш истеъфо диҳад. Шояд он замон худашон низ манфиатҳо аз ў дидаанд, ва ё ягон сабабе дар ин ҷо ниҳон аст, ки имрўз бо кадом сабабе аз озодии ӯ дар паси панҷара ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳоло мақомотҳои дахлдори кишвар воқеаи дар маҳбасхонаи 3/3-и шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.
Тамоми шаҳрвандони баору номуси кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дирўз, имрӯз ва фардо низ сиёсати пешгирифтаи дохилӣ ва бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, доимо омода ҳастанд, ки нисбат ба шахсони беақлу бемаданият ҳамеша муқобилият нишон диҳанд.
Гирдиҳамоие, ки санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар рў ба рўи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар эъломияи матбуотӣ эълон кардаанд, мо ин амали онҳоро маҳкум мекунем.
Гуруҳи эҷодии рўзномаи “Нури маърифат”и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров