Шумо ба орзуятон намерасед!

Дар таърихи халқи тоҷик шахсиятҳое вомехўранд, ки дар ҷамъият бо кирдору амалҳои худ обрўву нуфуз пайдо мекунанду сазовори таҳсин ҳастанд. Лекин боз ҳам дар ҷамъият шахсоне ҳастанд, ки баръакси ин ҳол буда, бо амалҳои ғаразноки худ ба ҷамъият зарар расонида, зиндагии орому осоиштаи мардумро халалдор месозанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки бархе аз шахсиятҳое, ки берун аз Тоҷикистон ҳастанд ва бо ибораҳои гуногун чӣ қадаре тавонанд, ҳамон қадар бо суханони бардурўғу фитнаангез мардумро парешон мекунанд.

Яке аз чунин созмонҳо ташкилоти терористию экстремистӣ ҳизби назҳати исломӣ бо чанд нафар ҳамақидаҳояшон, паймони миллии Тоҷикистонро ташкилкардаанд, ки ин ҳиллаи шаръии роҳбарони ҷинояткори ин ташкилоти террористӣ ва эктремсистӣ аст. Онҳо мехоҳанд, ки бо ин ҳиллаи худ бори дигар мавқеъ пайдо карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ намоянд ва маблағ пайдо кунанд.Ин эътилоф ё паймони ташкилкардаи онҳо зидди Тоҷикистон васуботу амнияти он аст. Ташкилкунандагони паймони миллӣ ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Онҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд,аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, чунки имрӯз ҷомеаи мо сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонад ва фирефтаи суханҳои бардурўғи онҳо нахоҳад шуд.

Яке аз чунин шахсиятҳо Алим Шерзамонов мебошад, ки ҳамчун ҳамраиси роҳбари иҷроияи анҷумани озодандешагони тоҷик- муовини раиси паймони миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад, ки аз берун истода, бароибоз ҳам дар байни мардум ҳасад андохтан ҳаракат мекунанд. Бо кадом мақсад? Боз ҳам мақсади онҳо ба даст овардани ҳокимият ва ноустувор сохтани вазъи ҷомеаи кунунӣ мебошад.? Имрӯз он шахсиятҳое медонанд, ки ба ин мақсади пурғараз расида наметавонанд, чунки онҳо аллакай худашон пай бурдаанд, ки халқ бедор шудааст. Пешвои худро интихоб карда, бо роҳи сулҳу осоишта рафта, бо кору бори худ машғул аст. Онҳо, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташон меояд, менависанду роҳҳои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў менамоянд. Аммо ба ин мақсадҳои нопок нахоҳанд расид.

Имрӯз мардуми тоҷик хуб медонад, ки ин шахсиятҳо ба ҷомеаи имрӯзаи мочӣ қадар хафноканд ва мехоҳанд, ки оромию осоиштагии кишвар ноустувор гардад. Мо, мардуми тоҷик чеҳраи онҳоро нағз мешиносем ва дар ҷавоб гуфтанӣ ҳастем, ки беҳуда овора нашавед,чунки ин мардум аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум сабақ гирифта, дигар ба фиребҳои назҳат дода намешавад.

Дар яке аз давлатҳои Аврупо зиста нисбати Тоҷикистон фикру ақидаи беасоси худро интишор мекунед магар ин сарзамин ба Шумоён тамоми имконият, зиндагии осуда,фаъолияти озодона муҳайё насохт,лекин Шумо чи кардед?дар ҷавоб барои ин ғамхориҳо хостед мақсади ғаразноки худ, яъне ҳокимиятро ба даст овардани шудед.

Мақсаде, ки Шумо дар пеш гузоштед, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро фарзандони хирадманду заковатманди Тоҷикистон намегузоранд, ки ҳадафҳои нопоку ғаразонаи худро анҷом диҳед.

С. РӮЗИЕВ,

Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ