Шукри Тоҷикистони орому осуда
Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои соҳибмаданият ба шумор рафта, борҳо фољиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро паси сар кардаанд. Тољикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло давраи гулгулшукуфӣ ва пешравии бесобиқаи таърихиро гузаронида истодааст. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони Истиқлолият ба сулҳу оромӣ расидаанд.
Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ибтидои асри XXI ба хатари ҷиддӣ “Терроризми байналмилалӣ” хатар эҷод кардааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоти маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тоҷикистони мо низ дорад. Ҳарчанд ин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ҳамчун ҳаракати ифротгаро ҳисобида шуда, ба воситаи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд маҳкум гашта истодааст, вале боз ҳам ҷалб гаштаи љавонони гумроҳ ба ин равияҳо ба мушоҳида мерасад.
Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизомодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгириву ҷонибдорӣ мекунем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Онтавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.
Абдуллозода Д.Х., мудири кафедра н.и.и.дотсенти кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит” ЗоидоваТ.М. сармуаллимаи кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит”