Шиорашон “шарм дар бозори чарм”

Муҳтарам, аъзоёни Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон шумо аз гуфтаҳои худ андеша, шарм ва истихола карданӣ ҳастед ё на.Ташкили гирдиҳамоӣ дар маркази мулки бегона оид ба масъалае, ки озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро талаб мекунед, ба хотири чӣ ва ё кӣ баргузор мекунед? Аз аҳолии он мулки бегона шарм намедоред? Оё аз ин гирдиҳамоӣ ягон натиҷаи мусбиро нигарон ҳастед? Агар дилатон ба ашхоси номбаршуда сўзаду ба фикри шумо ҳабси онҳо ғайриқонунӣ бошад, биёед ба Тоҷикистон сари мизи мусолиҳа шинед, маслиҳату машварат кунед ва ягон роҳи ҳалли масъаларо ёбед. Барои шумо шумораи фавтидагони зиндони (ба қавли шумо) 3/3 –и шаҳри Хуҷанд барои чӣ лозим аст? Оё шумо қудрати аз нав зинда кардани мурдагонро доред? Худро ки донову соҳибмаълумоту ватандор мегиред, то кай аз камин нишаста луқмапартоӣ мекунед. Магар нашунидаед, ки

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рубоҳ далер афтад, шер аст.

Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро шахсан нашиносем ҳам, аз кирдорҳои номардонаи онҳо бохабарем ва медонем, ки ягон кас бе айбу гуноҳ паси панҷара намеравад. Агар онҳо моҳи беайбу ситораи бедум мебуданд, худашон низ талош мекарданд.

Мегӯед, ки кўмакҳои иқтисодие, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад худдорӣ карда шавад. Шумо «абармардон» -и бурунмарзӣ, ки зиндагии орому осударо хоста, то Олмон расидеду парвои хешу ақрабо, ҳамдеҳаву ҳамсолони худро надоред чӣ кор доред. Ё шиори зиндагии шумо «шарм дар бозори чарм» мӣ? Худатон, ки аз обод кардани ақалан хонаи меросии волидайн набаромада, дар мулки бегона зиндагии «шоҳона» доред ба кўмакпулии дигарон чаро чашм ало мекунед ё хаёлатон ҳамонро ҳам соҳибӣ кунед?

Аз гирдиҳамоӣ, ташвикоту таблиғоти бемақсадонаи шумо мардуми Тоҷикистон хаста шудаанд ва дигар на бовар мекунанду на ихлос. Чи коре, ки тавонед кунед, дар мулки бегона шумо барин «дилсўзон»-и миллати тоҷик ангуштшуморанд.

Мо мардуми фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо бовариву эътимоди комил атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, нотарсонаву сарбаландона аз пайи ободиву осудагии Ватани азизамон ҳастем ва ба ояндаи неки миллатамон устуворона қадам мезанем.

Изҳороти Азимова М. – н.и.п. сармуаллимаи

кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ