Шикасту расвогии Кабирию пайравонаш дар САҲА
Дирӯз Кабирии хиёнаткор баъди шикасту нокомӣ бо гурӯҳи заифу бесаводаш дар ҷаласаи навбатии САҲА, ки аз 16 то 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава гузашт, барои худсафедкунии худу пайравони наҳзатиаш боз дар сомонаи «Фейсбук» баромад карда аз арзишҳои «демократӣ» ва «дунявӣ» суханронӣ кард. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ майл намекунад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш. Баромади ин палиди наҳзатӣ мисли пештара бо саволу ҷавобҳои сохтаю бофта, танҳо барои тарғибу ташвиқи худу пайравонаш ташкил шуда буд.
Бояд қайд намуд, ки бо ин қадар амалҳои хиёнаткоронааш нисбати давлату миллати хеш ин аблаҳи Кабирӣ шарм надошта боз орзӯи ба кишвар баргаштанро дорад. Кабирии лаъин барои соҳиб шудан ба мансабу пулу мол ба ҳама кирдорҳои ифлосу нангин қодир аст, аз ҷумла алакай ба муқаддасоти миллию мазҳабӣ низ хиёнат кардааст. Лекин ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳилаю найранги навбатии Кабирии палид буда, мақсадаш сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш мебошад ва бо ин роҳ мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон дода, дар оянда мақсадҳои ѓаразноку ифротии худро амалӣ намояд.
Аммо ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и ин мансабпараст-Кабирии хоин ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ѓорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум, исёни мусаллаҳонаи хиёнаткори наҳазатӣ -Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд.
Бояд зикр кард, ки Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт бо аҳлу авлоди носеру гурусначашмаш ғасб кард, ғорат кард, хурду бурд. Имрӯз боз аз дур истода худро мусичаи бегуноҳ гирифта лофи ватанхоҳӣ дорад.
Вобаста ба хиёнатҳои Кабирию наҳзатиҳои бегонапарасту чоплус Додоҷони Атовулло дар саҳифаи «Фейсбукӣ» бисёр суханони ҳақиқӣ навиштааст: «Имрӯз майдон пур аз ҳашарот гаштааст. Онҳо мехоҳанд мардум таърихро фаромӯш кунанд. Ин бе таҳорату бе намозҳо, ин бе гузаштаву бе хотираҳо, ин ғуломони галстукбагардан, ки ДИРӮЗАШОН танҳо хӯрдану бод шикастан буд, куҷо қадри Ватан, қадри Озодӣ ва Қадри Муборизаро медонанд? ИМРӮЗ боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мо ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо "проектҳои калон" дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем. БОВАР накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист, аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед, агар сад бор тавба кунанд, бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунанд, бовар накунед, агар ҳазор бор баёния пахш кунанд, бовар накунед, агар сад бор паймон бубанданд. ҲАМА ҳарфашон дурӯғ аст, ҳама ҳарфашон такрор аст. Онҳо кӯзаи холиянд, ҳарчӣ дигарон резанд, ҳамонро метарованд. Намози онҳо дурӯғ аст, мусалмонии онҳо дурӯғ аст, одамияти онҳо дурӯғ аст».
Дар ҳақиқат чунин аст симои аслии Кабирию пайравони наҳзатиаш, ки ин хоинон барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ба мисли мор ба ҳиллаю маккорӣ даромадаанд, аммо мардуми сарбаланди тоҷик дар ягон ҳолат ба ӯву дигар разилони наҳзатии бегонапарсту чоплус, бовар намекунанд.
Имрӯз шикасту расвогии Кабирию пайравони наҳзатиаш дар ҷаласаи САҲА дар Варшава аз он шаҳодат медиҳад, ки «хоҷагони хориҷӣ» аз Кабирию ҳаммаслакони наҳзатиаш рӯй тофтан ва дигар ба ин разилони втанфурӯш боварии қавӣ надоранд.