Шарти зарурии ба даст овардани сулҳи шаҳрвандӣ ва устувории сиёсӣ

Зери шиори «Шӯравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард» дар шабакаи интернет паҳн намудани маводҳонишон медиҳад, ки душманони ваҳдати миллӣ то он дам, ки фазои сиёсиро халалдор сохта, халқро оғуштаи хун сохта, барои худ ба ҳокимият роҳ накушоянд, ором намешаванд. Аммо макри навбатиашонтамоман аз ҳақиқат дур аст.Зеро онҳое, ки режими тоталитарии шӯравиро диданд, маззаи онро чашиданд, хушбахтона, то ҳол дар ҷомеаи муосир зиндагӣ доранд ва аз маводи сохтаву бардуруғи душманони миллат, дин ва мазҳаб нафраташон меояд. Далелҳои дар поён овардашуда аз забони бевоситаи насли дар давраи шӯравӣ кору фаъолиятдошта аст.

Баробари таъсисёбии давлати Шӯравӣ, соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун давлати худмухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ва соли 1929 ба ҳайси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ – ҳамчун давлати атеистӣ, яъне ғайридинӣ қонунгузорӣ ва сиёсати давлатии худро ба роҳ монда буд. Бар асари муборизаи шадиди коммунистӣ бо ҳама гуна афкору ақида, падидаву оинҳои динӣ ва хурофотӣ дар муддати кӯтоҳ секуляризми атеистӣ дар тамоми ҳудуди он расман ва амалан ҳукмфармову ҷорӣ гардид. Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоталитарӣ танҳо ғояҳои коммунистӣ ва таблиғоти атеистӣ пурра ба роҳ монда шуд. Дар қаламрави кишвар ҳамаи мадориси исломӣ барҳам дода шуданд. Аксари масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта пӯшида ва ҳатто мусодира гардиданд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ аксари муллоҳо ва пайравони дин, ки аз тарғиботу таълимоти динӣ даст намекашиданд, рӯирост ба маҳкамаҳо кашида мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра бисёр зиёиёни эътиқодманд таҳти фишор ва ҳиҷрату фирор қарор гирифтанд ва аз ин рӯ дар натиҷаи муборизаи шадиди сиёсии атеистона талафотҳо низ ба вуқӯъ пайвастанд ва дар дарозои умри як наслкандашавӣ аз фарҳанги ниёгон, аз алифбои арабиасоси форсӣ ба назар расид.

Дар тӯли 70 соли дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будан Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таъсири атеизми ба ном илмӣ ва сиёсати давлатии шадидан зидди ҳамаи намуди динҳо равона шуда, ҳамроҳ шуда буд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки аксари аҳолии насли охир аз асосҳои дини ислом дуршуда буданд, аксарият ҳатто намедонистанд, ки аркони ислом аз чи иборатанд. Расму оинҳои динӣ ағлаб аз тарафи аҳолӣ иҷро намешуданд. Танҳо баъзе оинҳои хурофотии динӣ байни мардум роиҷ буданд ва он ҳам на ба таври куллӣ. Чунин сохтори давлатдории коммунистӣ-атеистӣ дар тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС дар муддати кӯтоҳ тавонист усули давлатдорӣ ва тамаддуни секуляриро ба арши аъло расонад. Аз ин лиҳоз пеш аз барҳамхӯрии давлати Шҷравӣ дар тамоми қаламрави он, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, тамаддуни секулярӣ дар нуқтаи баландтарини хеш қарор дошт. Ин гуна ҷудошавии давлат аз дин дар ягон давлатҳои ғайрисотсиалистӣ ба мушоҳида нарасидааст. Шуури динии мардумони маскуни Тоҷикистони Шӯравӣ дар соҳаи қонунгузорӣ, сиёсат, иҷтимоиёт ягон асари назаррасе намегузошт. Танҳо теъдоди камтарини аҳолӣ, асосан сокинони деҳоти кӯҳистон, бештар насли калонсол расму оинҳои диниро риоя мекарданд дар он ҳоле, ки барои таблиғу ташвиқот ягон роҳу ҳадде ҳам надоштанд.

Хулоса, дар Тоҷикистони Шӯравӣ секуляризм пурра аз тарафи сиёсати давлатӣ роиҷ будва шуури шаҳрвандони он ба таври куллӣ моил ба чунин раванди сиёсӣ шуда буд.

Дар солҳои аввали баъди пошхӯрии давлати пуриқтидори ИҶШС дар Тоҷикистони тозаистиқлол хурду калон аксаран заминаҳои ғоявии худро гум карда дар як фазои холии идеологӣ монданд ва роҳи халосиро дар дину мазҳаби ниёгон меҷустанд. Дар натиҷа дар шаҳрҳою деҳот масоҷиду мадориси зиёде бунёд мешуданд. Аз давлатҳои исломӣ мубаллиғон бо адабиёту дастуроти худ дар ҳудуди Тоҷикистон фаъол буданд. Ҷавонони тоҷикистонӣ гуруҳ-гуруҳ барои омӯзиши дини ислом ба Эрон ва давлатҳои араб ба мадорису донишгоҳҳо барои таҳсил мерафтанд. Аллакай соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳи опозитсионии исломӣ таъсис ёфта буд ва фаъолона амал мекард.

Тибқи шаҳодати сиёсатшинос И. Асадуллоев «Дар ибтидои солҳои 90-ум дар Осиёи Марказӣ 20 ташкилотҳои исломӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Аз онҳо 7 ташкилот (35 фоиз) дар Ӯзбекистон, 6 ( 30 фоиз) дар Қазоқистон, 4 (20 фоиз) дар Қирғизистон, 2 (10 фоиз) дар Тоҷикистон ва як ташкилот (5 фоиз) дар Туркманистон фаъолият доштанд. Инҳо: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» (1990), Ҳизб-ут-таҳрир (1998) дар қаламрави Тоҷикистон, дар Ӯзбекистон: «Ҳаракати тавба», «Ҷамъияти боадолат» (1991), «Ҷанговарони ислом», «Ҳизби маърифати исломӣ», «Ҳизбут-таҳрир» (1992), «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (1997); дар Қирғизистон: «Маркази исломӣ» (1990), «Даъвати исломӣ» (1992), «Ҳизбут-таҳрир-ал исломӣ» (1995); дар Қазоқистон: Ҳизби туркӣ фундаменталистии «Алаш» (1991/1992) ва ғайраҳо мебошанд. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташкил гардид.

Коркарди саривақтии механизми муносибатҳои байнихамдигарии институтҳои динӣ ва мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ қисми таркибии муносибати масъулиятнок дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, шарти зарурии ба даст овардани сулҳи шаҳрвандӣ ва устувории сиёсӣ мебошад. Чунин раванд дар аксари мамлакатҳои тараққикардаи Аврупо судманд ба роҳ монда шудааст. Пӯшидани «либоси исломӣ» дар кулли кишварҳои демократии дунё манъ карда шудааст. Таҷрибаи давлатдории онҳо нишон медиҳанд, ки чунин амал дар таҳкими амнияти миллӣ манфиатбахш мебошад. Пайгирии ин иқдом барои Тоҷикистон низ судманд хоҳад буд.

Комилова Зилола - сармуаллимаи

кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ