Шарофиддин Гадоев дигар лухтаки дасти Кабирӣ нест!
Тайи даҳсолаҳо мешавад, ки ТТЭ ҲНИ бо роҳу усулҳои нави иғвову дурўягӣ, хиёнат ва паси бозиҳои сиёсӣ кашидани ҳадафу мақсадҳои муғризона обрўву эътибори мардуми тоҷикро дар назди ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷомеаи байналмалалӣ паст мезанад. Масалан, гузошта шудани изҳороти Шарофиддин Гадоев дар сомонаи Паймони хиёнаткорони тоҷик қабл аз сафараш ба Федератсияи Руссия худ як ҳангомаву иғвои навбатии ин ифротиҳои фурӯхташудаи исломӣ ба шумор меравад. Кабирӣ ва аҳли дастааш аз ҳодисаҳои даст кашидани ҳамсафонаш аз ақидаҳои ифротӣ хулосаҳои “амиқ” бароварада, ҳар нафареро, ки ба сафар ё ба ягон давлате раҳсипор мешавад, бо чораҳои нав ба нав, яъне ба гирифтани навор ва дигар тадбирҳо, ки мисолашро дар изҳороти Шарофиддин Гадоев дидем, гусел мекунад, ба он хотир, ки ҳамсафонаш аз сафи Паймони хиёнаткорон берун нараванд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, барои халосӣ аз ҷаҳолатҳои ғайриинсонии Муҳиддин Кабирӣ Шарофиддин Гадоев барин як ҷавони таҷрибадида аз кардааш пушаймон шуда, ба Ватан баргашт. Айни ҳол, дар назди аҳли оилааш ва модари азизаш қарор дорад.
Аммо усулҳои авомфиребонаи роҳбари Паёмони хиёнакорон бо ҳамин хотима намеёбад ва мо интизори дигар ҳангомаҳои Муҳидд ин Кабирӣ дар олами маҷоз ҳастем. Айни ҳол, Худо медонад, Муҳиддин Кабирӣдар сар чӣ нақшаҳои аблаҳона ва маккоронаеро барои мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат кашида истодааст. Акнун,як суол пайдо мешавад, ки дар сурати роҳандозии чунин дасисаҳо мардуми тоҷик ба тарроҳони ҳамин гуна макру фиреби ғайриинсонӣ боварӣ карда метавонанд? Ин суолест, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд ба он чавобҳои сазовор диҳанд. Муҳиддин Кабирӣ нахуст аз номи ислом, дуввум аз номи миллат истифода карда, дид, ки чунин унвону номгузориҳо ҳадафҳои нохалафонаи ўро бароварда наметавонанд. Акнун даст ба макру фиреб мезанад. Оё як нафар метавонад дар як фурсати кўтоҳ бо ниқобҳои гуногун амал кунад. Оё як нафари некхоҳи миллат метвонад дар рўяш чунин ниқобҳоро кашад ва бешармона ба мардум ваъдаҳои дурўғ диҳад. Бале, метавонад. Агар он Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ТТЭ ҲНИ бошад. Шарофиддин Габоев бо вуҷуди таҳти фишор ба сабти чунин изҳорот розӣ шудааст, аммо бо ҳамин роҳ тавонист аз дурўягӣ, иғво, дасиса ва дигар хислатҳои ғайриисломӣ, ки ба Муҳиддин Кабирӣхос аст, худро канор гирад. Зеро ў ҳоло ҷавон аст ва зиндагӣ кардан мехоҳад. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози ба сари қудрат омадан, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ҷавонони гумроҳро ба роҳи рост ҳидоят намуданд ва имрўз низ ин иқдом идомат дорад.Озодона дар ватани аҷдодӣ қадам зада, аз он ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқ истифода бурдани Шарофиддин Габоевхуд натиҷаи ҳамин гуна сиёсати исонгароёнаи Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.Ҳодисаи бар гаштани Шарофиддин Габоев худ нишон дод, ки ҳар нафари бозгашта ба Ватан метавонад озодона зиндагӣ кунад ва дар пешрафти давлату ҳукумат нақши сазовори худро гузорад, инчунин дар таъмини ваҳдату ягонагӣ мисли ҳамватанони худаш дар канор набошад. Аслан баргаштани Шарофиддин Габоев ба Ватан ва аз ақидаҳои Муҳиддин Кабирӣ дурӣ ҷустан як ҷасорати ҷавонмардона ба шумор меравад.
Мо навори навбатии Шарофиддин Габоевро, ки аз ҷониби дастандаркорони ТТЭ ҲНИ барои дасиса омода шудааст, маҳкум намуда, ба мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус муроҷиат карда гуфтанием, ки аъмоли чунин “исломгароён”-и виҷдонфурўшу беватанро бубинанд ва онро маҳкум кунанд. Зеро ҳамин гуна ҳаракатҳову пинҳонкориҳои ТТЭ ҲНИ дар солҳои навадум буд, ки кишвари азизи мо ба майдони кашмакашҳои хунин ва рақобати кишварҳои бегона барои даст ёфтан ба сарватҳои зеризаминӣ ва бо ин роҳ ғулом намудани мардуми тоҷик табдил ёфта буд.
Мо аз ин фурсати муносиб истифода бурда, Шарофиддин Гадоевро барои чунин ҷасорат ва мардонагӣ табрик менамоем ва ба ҳарфҳои Шарофиддин Габоев, ки ҳини баргаштан ба Ватан гуфта шуда буданд, боварии комил дорем ва дигар баҳсҳоро ботил мешуморем.Зеро мард як қавл дорад. Бар сараш ҳар чанд балоҳои азим ҳам ояд аз қавлаш бар намегардад ва танҳо узви ТТЭ ҲНИ аст, ки аз чунин ойни ҷавонмардӣ фарсахҳо дур ҳастанд ва мисли занҳо дар таги домани хоҷагону бегонагон пинҳон намешаванд. Шайх Саъдии бузургвор дар хаққи чунин ҷеҳраҳои сиёҳи олами ислом чандин садсолаҳо қабл гуфтааст: “Ҷавонон бикушед то ҷомае занон напўшед”.
Каримов Кайхусрав