Шармандагии аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар конфронси Варшава

Аз кору пайкори ТЭТ ҲНИ ва Паймони ба ном миллии онҳо чунин бармеояд, ки мақсадаш на ҳифзи миллату давлат, балки резонидани обрӯи он дар арсаи ҷаҳонист. Иштироки боғаразонаи хоинон дар ҷаласаи солонаи Варшава ниони гуфтаҳост. Ҳар як ҳизби сиёсӣ новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд сотори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд. ТЭТ ҲНИ низ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, ғазби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлати тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Хоинони миллати тоҷик бо роҳбарии наҳзат, борҳо кўшиши табаддулоти давлатиро карданд, вале халқи шарафманди тоҷиконҳоро дастгирӣ нанамуд ва сохторҳои қудратии саркардагон ва иштирокчиёни ин табадуллотро несту нобут карданд ва хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон тинҷию оромӣ ҳукмфармо мебошад. Аммо аз иштироки хоинон дар ҷаласаи САҲА чунин бармеояд, ки онҳо хостгори бесарусомон кардани вазъият дар Тоҷикистонанд. Зеро дар ҳар баромаду суханрониҳои худ роҳбарияти наҳзат аз ҷангу низоъ сухан карда, ҳамтабақони онҳо бошад ба исёну митингу пикетчаҳо мардумро даъват мекунанд. Хушбахтона ин ҳама даъвоҳои муғризонаи онҳоро касе пуштибон ва пайрав нест. Аз иштироки наҳзатиён дар ҷаласаи солонаи Варшава бори дигар чеҳраи манфури онҳо кушод. Ниқоби сиёҳу хунолуди наҳзатиён бо роҳбарии Кабирӣ ва косалесони ӯ ба мисоли Темури Варқӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Шарофиддини хоин аз рӯй гирифта шуд. Иштироки хоинонро дар ҷаласаи мазкур шармандагии навбатии ТЭТ ҲНИ ва Паймон номем ҳам хато нест.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ