Шарбате чун заҳр ширин дар мазоқи мор нест...
Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр мушкилотро паси сар карда, барои сохтани ҷомеаи навин ва дар баробари инбарои таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ азму талош дорад. Шиори Ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъмини зиндагии шоистаи мардум аст.Шояд ба нафароне, ки дар хориҷи кишваранд, инро нафаҳманд ва ба гумони онҳо чунон аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон торикиву бебарқӣ ҳукмрон аст. Аммо воқеияти зиндагиро ҳама медонанд. Замони бебарқӣ паси сар шуд ва ба истифода дода шудани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муждае ба ояндаи дурахшони мамлакат аст. Дастовардҳои замони истиқлол зиёд аст, аммо...
Бадтинатону бадзабонону бадхоҳони ҳукумати мамлакат, душманони миллату хоинони Ватан инро дида наметавонанд. Дар кишварҳои хориҷӣ, ки барои онҳо “пушту паноҳ” гаштаанд, бо созмонҳои муғризона, ки онҳоро бо доллару евро донхӯрак кардаанд, эътимод карда бар зидди кишвари худ, бар зидди мамлакати худ сухан мекунанд.
Даъвати бадхоҳони Тоҷикистон, ки дар Берлин ва ё дигар шаҳрҳои Аврупо мехоҳанд гирдиҳамоӣ кунанд, даъвоҳоеро ҳам роҳандозӣ доранд, ки ба манфиати кишвари мо нест. Талаби онҳо озод кардани як гуруҳ зиндониён аст.
Дигар талаби онҳо бошад, нашр кардани феҳрасти кушташудагон дар зиндони рақами 3/3 Хуҷанд мебошад.Фарз кардем, ки ин талабҳояшонро Ҳукумат иҷро кард, аммо бо ҳамин нерӯҳои мухолифин ором мешаванд? Ҳаргиз чунин нест. Тадабҳои дигар пешниҳод мекунанд, зеро ҳар гузаштро онҳо ҳамчун намунаи ғалабаи худ медонанд ва бо таърифи ғалабаашон аз хоҷагони сиёсияшон бештар аз пештара маблағ меситонанд. Коргардонҳои пасипардагияшон ҷуръатнок мегарданд ва боз нағмаҳои дигарашонро фикр карда мебароянд.
Онҳо агар воқеан барои ободии кишвар талош мекарданд, ба ҷои пули муфтро аз Аврупо ва фондҳои махсуси он рӯёнидан даст ба амал мезаданд. Бо “ҳалво” гуфтан даҳон ширин намешавад. Бо бадгӯии ҳукумат ва мақомот соҳибобрӯ намегарданд.
Солҳои 90-уми асри гузашта гуруҳи муайяни зиёиёнро опозитсия ба тарафи худ майл кунонида буд ва аксарияти онҳо имрӯз аз раҳгум шуданашон дар он замон сухан мекунанд. Имрӯз дар байни нафароне, ки худро пуштибонони адолату ҳақиқат меноманд, кӣ ҳаст, ки онро ҳамчун зиёӣ ва олим ва ё адиб тамоми мардум эътироф кунанд? Чумчаи кори онҳо ба дасти “бибикалонҳое” фаромадааст, ки дар Тоҷикистон онҳоро касе намешиносад (ба ғайр аз шиносҳояшону думравонашон). Имрӯз онҳо шахсони маҳбуби ҳалқ чун Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон надоранд, дигар зиёиён онҳоро тарафдорӣ ҳам нахоҳанд кард.
Ин заъфи худро медонанд ва боз “рисолат”-и пулкоркунияшонро дар баргузории гирдиҳамоиҳо идома медиҳанд. Зеро бадтинатї ва морсиратӣ онҳоро ором намегузорад. Дар ин маврид ин абёти Фонии Кашмирӣ ифодагари ҳол аст:
Баддарун аз бадниҳодӣ ҳеч дар озор нест,
Шарбате чун заҳр ширин дар мазоқи мор нест.
Бебасират қадри равшандил намедонад, ки чист,
Сурати деворро оинае даркор нест.
Ислом Раҳимов – декани факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”