Сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019
Мутобиқ ба нақшаи раванди таълимва фармоиши ректори донишгоҳсессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019барои курсҳои 1 – 2 - юм аз 24 – уми декабри соли 2018 ва курсҳои 3 – 4(5) - ум аз2- юмиянвароғоз ёфта,санаи19 – умиянварисоли 2019 ба итмом расид.
Миқдори умумии имтиҳонҳо 3082 ададро ташкилнамуда, аз он 2412 адад (78,2%) тестӣ, 188адад (6,1%) шифоҳӣ, 348 адад (11,3%) хаттӣ ва 134 адад (4,1%) эҷодӣ маҳсуб ёфтанд. Имтиҳонҳои тестӣ ва хаттӣдар маркази тестӣ, биноҳои таълимии №1, №2, №3, факултетҳои телекоммуникатсия ва ТИ, геоэкология, таърих ва хуқуқ, таҳти хизматрасониикомпютерҳои насбшуда ва имтиҳонҳои шифоҳию эҷодӣ дар факултетҳо баргузор гардиданд.
Масъулони раёсат, сарварони факултетҳо, нозирон, омӯзгорони фаннӣ, нозирони марказ ҳамарӯза аз ҷараёни баргузории имтиҳонҳо назорат бурданд. Имтиҳонҳо муташаккилона, мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшуда дар фазои мусоиду ором гузаронида шуданд.
Қабл азоғози сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 шумораи умумии донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 10040 нафарро ташкил менамуд, ки аз онҳо 2234 нафар тариқи буҷавӣ ва 6946 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамуданд. Миқдори донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, 860 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ 10024 нафар донишҷӯён ба даври фаъолисессияи зимистона роҳ ёфта, аз онҳо 1292 нафар бо баҳои “аъло” (А,А-), 3638 нафар бо баҳоҳои “аъло” ва “хуб”(А,А-,В+,В,В-), 3409 нафар бо баҳои“аъло”, “хуб”, “миёна”(А,А-,В+,В,В-,С+,С,С-,D+,D) ва 364 нафар бо баҳои “миёна” (С+,С,С-,D+,D) имтиҳонҳоро супориданд.Ҳамагӣ8703 нафар донишҷӯён имтиҳонҳои даври фаъоли сессияи зимистонаро бомуваффақият супориданд, ки 86,7%-ро ташкил менамояд.
Аз муқоисаи натиҷаи сессияи даври фаъолизимистонаи соли таҳсили 2018-2019 бо даври фаъоли сессияи зимистонаи соли таҳсили гузашта маълум мегардад, ки сатҳи дониши донишҷӯёни донишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2% зиёд мебошад.
Барои донишҷўёни бо сабабҳои узрнок ба имтиҳонҳо ҳозир нашуда ва баҳои Fx гирифта, ки бепардохти кредит имтиҳонро месупоранд, муҳлати супоридани имтиҳонҳо аз 5- ум то 16-уми феврали соли 2019 муқаррар карда шудааст. Барои донишҷўёне, ки барои“F”гирифтаанд, бо пардохти маблағи кредит аз5-ум то 16-и феврали соли 2019 дарсҳои иловагӣ ташкил намуда, барои бартараф намудани қарзҳои академӣ аз 18- ум то 28- уми феврали 2019 муҳлат муқаррар шудааст.Имтиҳоноти такрории давраи сеюм санаҳои 1-ум ва 2-уми марти соли 2019 баргузор карда мешаванд.
Маркази бақайдгирӣ ва машварат