Сари худу дигаронро олуда насозед.
Мухолифини кишвар аз манотиқи гуногуни Аврупо нишаста тариқи расонаҳои хабарӣ бо халқи тоҷик ва мақомоти давлатӣ ҷанги иттилоотӣ доранд ва он ҳамарўза паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар фарогир аст. Ин дафъа ким – кадом коршинос, намедонем дар куҷо коршинос асту чиро мешиносад, кадоме Абдуманон Шералиев мақолаеро бо номи “Шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” дар яке аз сомонаҳои интернетӣ интишор намудааст. Пас аз мутолиаи ин мақола ба пуррагӣ итминон пайдо намудем, ки мухолифини кишварро дигар коре нест, ҷуз ба сомонаҳои давлатӣ вуруд гардида, пас аз ошно гардидан бо ҳаёти кишвар аз навигариҳои рўз, чорабиниҳои баргузоргардида, қабули қонунҳои нав ва монанди инҳо бар ҳар яки он изҳороти худро иброз доштан. Гўё бо ин ақоиди худ халқи кишварро аз чизе ҳушдор месозанд, ки ҳар яки онро бо диди ақли худ «кушода медиҳанд». Вале, якеро фаромўш мекунанд, ки мардуми тоҷик, ки дар ҳудуди кишвар зиндагӣ доранд, дар сари худ чашми ақл доранд ва ба ин гуна мақолаҳои фаҳшу дурўғини онон коре надорад. Мисоли оддӣ, мақолаи дар боло зикр гардида: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ эълонеро ҷой додааст, ки санаи 20 декабри соли ҷорӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Қонунгузории молиявӣ: рушд ва проблемаҳо дар даврони истиқлолият”- ро баргузор намояд. Аммо ин «коршинос» иддао дорад, ки «Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд бо қабули як қонун вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ расман манъ намоянд. Ин нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. Қаблан монеъаҳо барои сатру ҳиҷоб ғайрирасмӣ амалӣ мешуд.
Ин тарҳ фардо, рӯзи 18-уми декабр дар мизи гирде дар Душанбе бо ширкати намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистонин баррасӣ хоҳад гашт. Як гуруҳи махсуси корӣ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон тарҳро таҳия намуда ба ихтиёри вазоратҳо гузоштааст».
Агар ба гуфтаҳои он «коршинос» эътимод намоем, пас он мизи гирд зери дарҳои баста ташкил ва баргузор карда шудааст, ки дар сомонаи Маркази мазкур хабаре аз он ҷой надодаанд…
Дар он мақола чунин омадааст «Ин тарҳ на танҳо зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ аст, балки таҳқири саросарии ҳадди ақал ними занони тоҷик ва дастдарозӣ ба номуси мардони кишвар мебошад. Номардумитар аз ин қонун то ҳол дар кишвар қабул нашудааст». Мардум астағфируллоҳ бигўед!, ки касе занони тоҷикро дар кишвар таҳкир накардааст ва намекунад, баръакс занон баробари мардонанд ва ҳуқуқи баробар доранду дар як саф истода ҳам кори ҷамъиятӣ мекунанд ва ҳам ба ободии оилаашон мекўшанд. Онҳоро касе бо сари лучу пои луч ба назди халқ баро ва обрўю шарафи мардонро паст зан нагуфтааст. Зан дар кишвар озод аст! Агар ба гуфтаи шумоён гўш андозему амал намоем, пас занон бояд дар кунҷи хона биншинанд, чорқабата матоъро ба сар бипечонанд ва дар хизмати шумо барин мардон бошанд? Биёед як сў гузоред ин гумроҳиро!!! Занон худ намехоҳанд!!! Худ! Зан ҳам инсон аст ва ў зиндонӣ нест.
Дар кишвар рўймолбандиро манъ накардаанд, рўймол гирифтан зеби зани тоҷик аст. Фақат ҳамон тавре, баста шуда бошад, ки аз фарҳанги либоспўшии мо берун набошад. Агар ба фарҳанги худ, ба асли худ назар афканем, ки чи қадар зебову ҷолиб аст, либоси занҳои тоҷик, худ атласу чакан чи дилрабоие дорад. Ҳатто бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар ҷаласаи навбатии худ нигораҳои чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил кардааст.
Агар ба тарзи либос пўшидани занон, чуноне, ки «коршинос» тавсия медиҳанд назар афканему ба ҷиддӣ таҳлил намоем, пас дар ҳақиқат зан ҳуқуқ надорад, овоз надорад ва озод нест. Зеро ин озодиро ба занон дар замони Шўравӣ баъди аз асолату фарҳанги арабон берун омадан занон ба даст оварда буданд. То ҷое аз таърих огоҳ ҳастем, замоне буд, ки идҳои диниро ҷашн намегирифтем ва ҳатто дар ин роҳ нафароне аз қатори халқи тоҷик қурбон гардидаанд. Пас, чаро ин «коршинос» ва «ҳуқуқшинос»-и дигар иддао доранд, ки «Мо аз СССР ёд мекунему хеле интиқод, вале давлати шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард. Дар замони шӯравӣ модарам ба корхонаи давлатӣ бо рӯймоли дуқабата ворид мешуданд, аз зер рӯймоли майда ва аз болои он бо рӯймоли калон гардану китфи худро пинҳон мекарданд. Дар вақташ намози худро адо мекарданду, рӯза мегирифтанд. Ҳамаи идҳои исломиро ҷашн мегирифтанду ҳар сол дар рӯзҳои мавлуди Паёмбарамон (с.а.в) занҳои маҳалларо ҷамъ карда мавлудхонӣ мекарданд....».
Мардум, магар намозу рўзадориро касе манъ кардааст? Магар рўймолбандиро касе манъ кардааст? Бипўшед! Роҳататон бошад фақат то ҷое, ки фарҳанги халқи тоҷикро нигоҳ доред, бегонпарастӣ накунед! Халқи тоҷик дар кишвар идҳои исломиро ҷашн мегиранд, намозу рўза медоранд, ҳатто солеро Пешвои муаззами кишвар, ки худ аз дини мубини ислом ба хуби огоҳ ҳастанду чандкарата ҳоҷианд, ба номи яке аз имомони ислом Абўҳанифа Имоми Аъзам бахшида буданд.
Дар анҷоми ин мақола омадааст, ки «Раиси кумитаи занҳо, ки ҷавон нест ва дар ин дунё касе сутун намешавад, бояд шарм дорад. Ба ҷои он ки аз ҳуқуқи занҳо дифоъ кунад, баръакс аз ҳар як амали ҳукумат ҷонибдорӣ мекунад. Бо ин лучгардию динситезиву исломбехабарӣ то куҷо меравад? Бигзор худаш нимурён бошад, вале вазифадор аст аз ҳуқуқи занҳо, эътиқоди онҳо, озодии виҷдон ҳимоя намояд». «Коршиносон» - и гиромӣ ба шумоён такрор ба такрор мегўем, ки касе ҳуқуқи занонро поймол карданӣ нест! Занон худ интихоб доранд, озоданд ва баробарҳуқуқ! Занон барои пешрафти халқу давлат ва кишвар ҷидду ҷаҳд доранд ва бо Пешвои муаззами худ ҳастанд. Шаъни онҳоро бо калимаҳои «лучу урён» паст назанеду мардонашонро гумроҳ насозед!
Агар ба соҳаи маориф назар афканем, Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2007 таҳти №1889 «Дар бораи тасдиқи Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» амал мекунад, ки дар он амсоли либосҳое, ки хоси фарҳанги тоҷик аст гирд оварда шудааст ва донишҷў худ метавонад, интихобан он либосро ба бар кунад.
Мо маорифчиён – ҳам устодону ҳам донишҷўён таъкид дорем: шумо ки худ гумроҳед, «ободиву озодии халқ»-ро талаб доред, бо ҷангҳои бемаънии худ сари худу дигаронро олуда насозед. Мо ҳаргиз побанди ин суханбозии шумо намешавем ва Тоҷикистони худро ободу озод дидан мехоҳем. Тоҷикистон рўз то рўз гул-гул шукуфон аст, аз ин гул-гул шукуфиву ободӣ, аз ин озодӣ мо фахр дорем!!!
С.Рабиев- декани факултети педагогӣ
М.Эгамбердиева –муовини декан оид ба илм ва инноватсия