Сарбаландӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош...
(сухане чанд дар ҳошияи навиштаҳои Сархатиби вилояти Суғд Мўсозода Ҳ.)
Инсони якрўву якбин дар ҳама давру замон мақому манзалати хоссае дошт, вале ашхоси бўқаламунсират ҳеҷ гоҳ дурри мақсуд ба даст наовардааст. Ин бояд ба имрўзиён дарси ибрат шавад, аммо, мутаассифона, аз муносибати бўқаламуносои афроде чун намояндагони ташкилоти экстремистию террористӣ ва косалесонашон ангушти ҳайрат газида, меандешад, ки наход кибаҳри ҷоҳу мансаб, курсӣ шахс ватани худро ба як пули пучак фурўшад, хоҳони он шавад, ки барои соҳибгардӣ ба мақоме ин гуна мансабгадоён ба сари миллати хеш офатҳо орад (чунонки солҳои 90-уми асри гузашта бархе аз чунин тоифа ба чунин амали носавоб даст заданд). Сар то пои чунин афродро дурўягӣ, мунофиқӣ фаро гирифтааст. Шоир мегўяд, ки:
Мунофиқро мадон ёри мувофиқ,
Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ.
Ин нафарон хеҷ гоҳ ба одам дўст намешаванд, зеро аз афроде, ки нисбат ба ватану миллаташ хиёнаткориро пеша кардааст, мулкеро, ки хуни нофаш он ҷо рехтааст, бо дасисаҳои бисёр мехоҳад ба вартаи бало кашад, чашми некӣ интизор шудан аз сабукфикрист. Дар майнаи ин гуна ашхос танҳо як андеша чархмезанад: илоҷе карда, бо ҳар василае мансаби баланде (ҳеҷ набошад, мансабаке) ба даст оранду баъдан ба андўхтани сарват машғул шаванд. Ин нафарон касонеанд, ки ба таъбири шоир, “тарки дунё ба мардум омўзанд, хештани симу ғалла андўзанд”.
Ин нафарон ашхосе ҳастанд,ки дар ду қибла намозмехонанд, дар дилашон ба ҷои бунёд кардани лонаи меҳру шафқат, лутфу ғамхорӣ ва умеду ормони дармондагону мўҳтоҷон кохи ҳасаду бухл, нотавонбинию ғайбат сохтаанд.
Дар ташкилоти экстремистию террористии номбурда танҳо манфиатҷўён гирд омадаанд, барои расиданба чунин ҳадафҳои хеш пайваста забон ба дурўғ меолоёянд, онҳо ҷавфурўшони дар ангушт гандумдоштаеанд, ки корашон фақат фахрфурўшист. Онҳо нотавонбинонеанд, ки аз пешравии миллати тоҷик ғамгинанд, корҳои хайру савоби кардаи Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба ҷои хушнуд кардан ба ғазаб меорад. Онҳо байни мардум аз сулҳу субот сафсатта мехонанд, вале аъмолашон мутобиқ ба он нест. Шоир дар ин хусус басо хуб гуфтааст:
Сарбаландӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош,
Қолин аз садранг будан зери по уфтодааст.
Кафедраи забони тоҷикӣ