Саодати мо дар ваҳдат аст
22 сол аст, ки тоҷикистониён дар фазои орому осудаи ҳамдигарфаҳмӣ кору зиндагӣ доранд. Тоҷиконе, ки дар оғози даврони истиқлолият ба иғвову дасисаҳои душманони хориҷиву дохилӣ тавассути ТЭТ ҲНИ ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуда буданд ва дар дами ҳалокатбори нобудӣ меистоданд дар дақиқаҳои ниҳоят ҳассоси барои миллат сарнавиштсоз тавонистанд, ки дасти ҳамдигар бигиранд ва ба бунёдкориву созандагӣ машғул шаванд. Дастоварди ваҳдати сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавист, ки имрӯз Тоҷикистон чун узви ташаббускори ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуд. Мо бояд аз ин эҳдои тақдир сарфароз бошему ифтихор намоем.
Мутаассифона, нохалафоне ҳастанд, ки боз дар атрофи ҳамон ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом муттаҳид гашта, мехоҳанд ду кохи пурҷалоли миллат-истиқлолияту ваҳдатро ба фано баранд. Пӯшида ҳам нест, ки ҳадафи асосии ин душманони ваҳдати миллӣ амалисозии нақшаҳои даҳшатноку фоҷиабор аст.
Умед бар он мебандем, ки ақл, заковат ва хиради мардуми бошарафи кишварамон бар ҷаҳолату разолат, кинаву адовати иғвоангезонаи душманон ғолиб омада, сипари ваҳдати миллӣ аз ТЭТ ҲНИ мегадад, то ин ки даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги хонумонсӯз аз нав эҳё гашта, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст насозад. Моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Барҳақ аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Озодандеш